​Ҳаёт зебост

Таҳти ин унвон дар хобгоҳи №3 бо иштироки омӯзгорони кафедраи умумидонишгоҳии психологияи умумӣ машварат доир гардид.

Дар доираи мулоқот ба донишҷӯдухтарон фарҳанги оиладорӣ, нозукиҳои муносибат бо аъзои оила, усулҳои бартарафсозии ҳолатҳои стрессӣ фаҳмонида шуд.

Ҳадаф аз ин ташаббус омода намудани ҷавондухтарон ба оиладорӣ, пешгирии ҳодисаҳои номатлуб, маҳорати ҳалли муаммову мушкилиҳои ҳаётӣ, пайдо карда тавонистани мазмуну мақсади ҳаёт, бо нигоҳи позитивӣ дарк карда тавонистани вазъиятҳои ҳаётӣ унвон мешавад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ