Ҳадафҳои ноҷавонмардонаи гуруҳҳои ифротӣ тавассути интернет

Халқи тоҷик аз азал бо адабиёту фарҳанг, илму маърифаташ ҷаҳоншинохта гаштааст. Мояи ифтихор аст, ҷадди бузурги миллати тоҷик бо “Гуфтори нек, рафтори нек, пиндори нек ” дар назди қавму миллатҳои дигари ҷаҳон обруву эътибори хосса пайдо намудааст. Ҷомеаи ҷаҳонӣ имрўз собит сохт, ки бе илму техника пешравӣ дар ҷомеа дида намешавад, вале онро ба манфиати мардум равона кардан, тинҷиву осоиштагиро ба миён овардан, тухми некиву накўкорӣ ва ҳисси инсондўстиро дар одамон пайдо намудан аз фазилатҳои хуби инсонӣ аст.

Мутаассифона намояндагон ва аъзоёни ташкилотҳои террористӣ-экстремистии «Ҳизби наҳзати Ислом», «Паймони миллии Тоҷикистон» ва дигар ташкилотҳои экстремистиву террористӣ аз доштани фазилатҳои хуби инсонӣ фарсахҳо дур буда, имрўз бо дастуру супоришҳои ғаразмандона ва хиёнаткоронаи хоҷагони беруна кўшиш доранд, ки ба воситаи сомонаҳои интернетӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ дар Тоҷикистон ноамнӣ ба вуҷуд ояд. Бояд таъкид кард, ки ташкилотҳои фавқузикр бо хабарҳои бардурўғ ва иғвоангез кўшишҳои зиёд карда истодаанд, ки андешаҳои ғаразмандонаи худро таҳмил карда ба воситаҳои расонаҳои интернетӣ дар байни мардуми тоҷик низоъ андозанд. Онҳо дубора мехоҳанд, ки кишварро ба майдони ҷангу ҷидоли байналхалқӣ табдил диҳанд. Тасмимҳои нопоки ин гурўҳ бар манфияти афроди махсус буда, барои татбиқ намудани ин нақшаҳои нопок ба ҳар роҳ аз «Ҳизби наҳзати Ислом», «Паймони миллии Тоҷикистон» истифода карда истодаанд. Гуруҳҳои эктримистиву террористӣ, ба вежа гуруҳҳои фавқузикр ба арзишҳои маънавию миллиамон бегонаанд, ва заррае дар мавриди манофеи мо намеандешанд.

Бархе аз давлатҳои исломӣ пешрафти кишвари моро комилан намехоҳанд. Ҳизби Наҳзати Ислом», «Паймони миллии Тоҷикистон» дар таърихи навини Тоҷикистон хиёнати нобахшиданиро ба миён овард ва нақши сиёҳи худро то абад гузошт. Имрўз низ мехоҳад, ки моро ба ҷангу хунрезӣ кашонад. Аз таҳлили ҳаводису воқеоти рўйдода ва мушоҳидаҳо маълум аст, ки ин гуруҳҳои номатлуб аз замони зуҳур намуданашон ба миллати тоҷик ва давлати Тоҷикистонноҷавонмардона ва душманона муносибат карда истодаанд. Давлатро ба иғво андохтан, мардумро ба халқҳои дигари муайян якумр побанд сохтан, ҷаҳолатро ба миён овардан, роҳи афкори озод ва идеяҳои эҷодиву дунявиро бастан, бо истифода аз ҳамин режим манфиятҳои худро ба амал баровардан, аз корбарии нодурусту ноҷавонмардона аст, ки миллати тоҷикро ба гумроҳӣ оварда мерасонад. Тасаввур намоед, ки мардумро ба шўр андохтан, давлату ҳукумати тинҷу осударо ноором кардан, ҷавононро ба ҷангҳои бемақсаду пурхатар сафарбар намудан, магар ватандориву ҷавонмардӣ аст?

Ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд бидонад, ки ин гурўҳҳо ҳаргиз хубие ба ягон давлат наметавонад бикунад. Зеро ин гурўҳ пеш аз ҳама ба ватани худ, хиёнат кардааст. Дар майдони сиёсати ҷаҳонӣ маҳз ба василаи ҳамин симои манфур гоҳо мардуми тоҷик хурофотиву динзада муаррифӣ мегардад, ки боиси нигаронист. Маҳз бо ташаббуси ҳамин гуна шахсиятҳои хатарнок ва хиёнаткори ҷомеабаъзе давлатҳомайдони ҷангу хунрезӣ гардидаанд. Аз ин рў, мо ҷонибдори ҳалномаи Суди Олӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳастем, ки дар асососи ташхис ва баррасии ҳарҷониба сомонаҳои интернетии www.akhbor.com ё «Ахбор.ком» («Akhbor.com») ва «наҳзат.ру» («nahzat.ru»), ки ба ташкилотҳои террористӣ-экстремистии «Ҳизби наҳзати Ислом», «Паймони миллии Тоҷикистон» ва дигар ташкилотҳои экстремистиву террористӣ хизмат мекунанд, баста шуда, воридоту паҳни аудиосабтҳо, видеонаворҳо, рўзномаю адабиёт ва варақаҳои онҳо ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шудааст.

Имрӯз Тоҷикистони соҳибистиқлол он давлати солҳои 90-уми садаи ХХ нест, китеррористону экстримистон ҳамроҳи хоҷагонашон ба мулки зебоманзари тоҷик чашм ало карда бошад. Миллати тоҷик ба ин роҳ намедиҳад! Барои мубориза бурдан бо душманони кишвар ва халқу миллат, хоинону зархаридони хориҷӣ тамоми мардуми тоҷик ба по мехезад ва дар гирди давлати соҳибистиқлол ҳамчун сипар мубориза мебарад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон дар паёми имсолаи худ таъкид ба амал оварданд, ки “Назоратчӣ нашавед, саҳмгузор бошед. Агар кўмак карда натавонед, халал нарасонед!”

Суханони баландмазмун ва дар айни замон гуфта шуда маънии баланд дорад, ки ҳам ба душманони дохилӣ ва ҳам ба душманони берунаи тоҷик таъсиргузор бояд бошад.

Ватанро аз имрўза ҳам бояд обод кард, мулкро дар оромиву осоиштагӣ нигоҳ дошт, мардумро дар саломатӣ бояд дид, миллати бомаърифату бофарҳангро, ки солиёни тўлонӣ ливобардори он аст, идома бояд дод, иқтисодиёти мамлакатро бояд баланд бардошт. Ана ин аст яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи ҳар фарди ҷомеаи Тоҷикистони азиз, ки мардуми соҳибхиради тоҷик онро бояд дарк кунад ва амалан онро ба сомон расонад!

Ўлмасзода З.Ҳ. – доктори илмҳои филологӣ


МАРКАЗИ ИТТИЛООТ