​Ҳадаф: пур намудани фазои иттилоотӣ

Танҳо давоми нимсолаи дуюми соли 2021 дар доираи моҳҳои сентябр – декабр дар сомонаи расмии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров 409 хабар таҳия ва нашр шудааст. Ин хабарҳо асосан доир ба набзи сохтор ва факултетҳои донишгоҳ омода шуда, дар доираи он самтҳои фаъолияти донишгоҳ инъикос шудаанд.

Гузашта аз ин, дар ин давра дар доираи бахшҳои дигари сомонаи донишгоҳ, аз ҷумла “Чароғи маърифат”, “Тозанашр”, “Шогирдони шоиста”, “Ифтихори мо” беш аз 100 мавод интишор ёфта, дар он дастоварду комёбиҳои ҷомеаи меҳнатии донишгоҳ мунъакис гардидаанд.

Ҳамзамон, хабару гузоришҳои донишгоҳ дар фазои шабакаҳои иҷтимоӣ васеъ паҳн гардида, ин раванд дар саҳифаи махсуси донишгоҳ дар фейсбук ва инстаграм низ торафт таҳким меёбад, ки ҳадаф аз он пур намудани фазои иттилоотӣ ва муаррифии донишгоҳ унвон мешавад.

Маврид ба зикр аст, ки дар идомаи ин ташаббусҳо дар партави иқдоми раёсати донишгоҳ озмуни умумидонишгоҳии “Килки заррин” эълон гардид, ки ҳадаф аз он тақвияти раванди фаъолияти донишгоҳ дар самти иттилоот ва пур намудани халои иттилоотӣ бо навиду гузоришҳои муфид ба шумор меравад.

Хотиррасон менамоем, ки ҳайати эҷодӣ ва техникии Маркази иттилоот ва таҳлили донишгоҳ бо назардошти нақш ва аҳамияти иттилоот дар шароити муосир пайваста талош доранд, ки бо истифода аз жанрҳои мухталифи журналистӣ ва хабару маводи ҷолибу хонданӣ ҷиҳати мусоидат ба робитаи судманд бо ҷомеа ва таъмини дастрасӣ ба иттилоот саҳми арзанда гузоранд.

Моро тавассути ин суроғаҳо пайгир бошед:

https://www.hgu.tj/

https://www.facebook.com/ksu.tj

https://instagram.com/hgu.tj?utm_medium=copy_link

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ