​Адабиётшинос ва мунаққиди соҳибназар

Дар толори калони раёсати Донишгоҳ конференсияи илмӣ-назариявии таҳти унвони “Адабиётшинос ва мунаққиди соҳибназар”, бахшида ба 90-солагии профессор Атахон Сайфуллоев баргузор гардид. Дар кори конференсия ректори Донишгоҳ профессор Усмонзода Аюб Ислом, намояндаи намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Тоҷибой Султонӣ ва олимону суханшиносон ширкат варзиданд.

Нахуст меҳмонон аз намоиши мероси илмӣ-адабӣ ва публитсистии асарҳои шодравон, профессор Атахон Сайфуллоев, ки дар долони толори раёсат ба намоиш гузошта шуда буд, дидан намуданд.

Сарвари Донишгоҳ, профессор Усмонзода Аюб ба кори конференсия оғоз бахшида, иброз дошт, ки корномаи илмӣ, адабӣ ва ҷамъиятии донишманди шодравон, профессор Атахон Сайфуллоев зуҳуроти камназир ва шоистаи ибрату омўзиш ба наслҳои ҷомеа аст. Гуфта шуд, ки ӯ дар нимаи дувуми солҳои 50-уми асри ХХ, бо фароҳам омадани фазои илмиву адабӣ ва ҷўшу хурўши он ба арсаи фаъолият ворид шуда, ба эҳёи асолати сухан, дарёфти меъёри солими завқ, густариши чашмандози адабӣ, вусъати афкори ҳамзамонон ва ба вуҷуд овардани мактаби хоси тадқиқ дар адабиётшиносии тоҷик мусоидат кардаст.

Иттилоъ дода шуд, ки профессор Атахон Сайфуллоев беш аз шаст рисола ва ҳазор мақолаи илмӣ ва илмиву публитсистӣ боқӣ монда, ки ба таҳқиқи муаммоҳои асосии адабиёти муосири тоҷик ва равандҳои адабӣ, вежагиҳои назму наср ва драматургия, офаридани чеҳраҳои асосии адабиёти миллӣ, масоили назариву амалии адабиёт, адабиётшиносӣ ва нақди адабӣ, мушкилоти тарҷума, равобити адабӣ ва даҳҳо дигар нуктаҳо ихтисос доранд. Дар ин асарҳо ҳарчи бештар маҳсули эҷоди чеҳраҳои адабии даврони шуравӣ ва Истиқлоли миллӣ муаррифӣ шудаанд.

Ҳамчунин ба муносибати гиромидошти рўҳи пурфутўҳи профессор Атахон Сайфуллоев аз ҷониби алоқамандони мероси олим, хосатан бо ташаббуси мудири кафедраи адабиёти муосири тоҷик, дотсент Мутрибахон Мавлонова ва кушишу талоши дотсенти кафедраи мазкур Субҳон Аъзамов «Осорномаи Атахон Сайфуллоев» таҳия ва ба нашр омода гардид, ки маводи муҳимеро дар бар мегирад. Ин дастоварди тоза дар шинохти заҳматҳои яке аз ҷонфидоёни илму фарҳанги миллӣ ба шумор меравад ва марҳалаи наверо дар ин замина боз мекунад.

Сипас, намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Тоҷибой Султонӣ номаи табрикотии Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзодаро қироат намуда, иброз дошт, ки хидматҳои профессор Атахон Сайфуллоев дар такомули илму маориф, адабиёт, тарбияи мутахассисон, омода намудани кадрҳои болаёқати илми, саҳми шоиста дар омӯзишу пажӯҳиши адабиёти миллӣ басо назаррас мебошад.

Дар идома раиси бахши суғдии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Аҳмадҷони Раҳматзод баромад намуда, доир ба саҳми Атахон Сайфуллоев дар раванди татбиқи сулҳ ва ваҳдати миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки дар ин самт фаъолияти густурда ва пурсамареро паси сар кардааст.

Профессори кафедраи адабиёти муосири тоҷик Неъматҷон Файзуллоев дар мавзуи «Донишманди соҳибном ва соҳибфазилати тоҷик», Директори Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ, дотсенти кафедраи адабиёти муосири тоҷик Баҳром Мирсаидов дар мавзуи «Ҷойгоҳи «Уфуқҳои тозаи наср» дар адабиётшиносии имрӯзи тоҷик» маърӯза намуданд. Дар баромадҳои фаъолияти илмиву адбӣ ва публитсистии профессор Атахон Сайфуллоев мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дар интиҳо барқияҳои табрикотии ба унвони чорабинии имрӯза ворид гардида ироа гардиданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ