​Абулқосим Фирдавсӣ-ситоишгари нуру хирад

Таҳти чунин унвон дар муассисаи тањсилоти миёнаи умумии рақами 15-и ноњияи Бобољон Ғафуров аз ҷониби таҷрибаомӯзони курси чоруми факултети филологияи тоҷик, шуъбаи рӯзона чорабинии илмӣ- адабї гузаронида шуд.

Дар чорабинии мазкур мудири шуъбаи таҷрибаомӯзӣ ва кор бо мутахассисони ҷавони Донишгоҳ дотсент Назирҷон Пулотов суханронӣ намуда, афзуд, ки таҷрибаомӯзӣ яке аз рукнҳои муҳими омода кардани кадрҳои соҳибтахассус ба ҳисоб меравад. Ҳар қадар ки дар мактаб таҷрибаомӯзӣ дар сатҳи баланд ташкил гардад, ҳамон қадар заминаи малакаву маҳорати омӯзгорӣ устувор мешавад.

Дар идома дотсенти кафедраи методикаи таълими забон ва адабиёти тоҷик Умеда Абдурашидова, роҳбар-методист Мадина Бобоҷонова доир ба асари безаволи Абулқосим Фирдавсӣ “Шоҳнома” маълумоти ҷолиб пешниҳод намуданд. Таъкид рафт, ки бо Пешниҳоди Пешвои миллат ҷиҳати огоҳии ҳарчи бештари мардум аз таъриху фарҳанг ва тамаддуни аҷдодони хеш "Шоҳнома"- и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ чоп ва ба тамоми мардуми кишвар дастрас карда шавад.

Маќсади баргузории чорабинї мустањкам намудани мавзуъњои омўхташудаи хонадагони синфи 8-ум доир ба ҳаёт ва фаъолияти Абулқосим Фирдавсӣ, хизматҳои шоиста ва асарҳои таълифнамудаи устод, ки барои хурдсолон ва ҳам калонсолон роҳнамову намунаи ибрат аст, арзёбӣ гардид.

Дар интиҳо порчаҳо аз “Шоҳнома” қироат гардида, ҳамчунин саҳначаҳои тарбиявӣ-ватандӯстӣ ба намоиш гузошта шуданд. Таҷрибаомӯзон ва хонандагони пешқадам бо ифтихорномаву сипоснома қадршиносӣ гардиданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ