​Аҳамияти планетарияҳо дар ҳаёти инсон

Бо ташаббуси факултети Физикаю техникаи Донишгощи давлатии Хуыанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар планетарияи ба номи Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ конфронси илмӣ-амалӣ бахшида ба 100-солагии нахустин Планетария дар олам зери унвони “Саҳми олимони фанҳои дақиқ дар рушди саноатикунонии кишвар” баргузор гардид.

Дар кори конфронс сармутахассиси планетария А. Арифов, ҷонишини директори планетария Ҳ.Юсупов, мудири кафедраи методикаи таълими физикаи дотсент Пайпав Иброҳимов ва донишҷӯён иштирок ва суханронӣ намуданд.

Нахуст сармутахассиси планетария А.Арифов дар мавзуи “Аҳамияти планетарияҳо дар ҳаёти инсон” ва ҷонишини директори планетария Ҳ.Юсупов дар мавзуи "Таъсисёбии планетария дар шаҳри Хуҷанд" маърӯза намуданд.

Сипас, дотсент Пайрав Иброҳимов дар мавзуи “Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ- ситорашинос ва мунаҷҷими машҳури ҷаҳон” баромад намуда, доиир ба рӯзгор ва осори ин мутафаккир иброз назар намуд. Ҳамзамон донишҷӯи курси 4-уми факултети физикаю техника Ширинмоҳ Нарзуллоева дар мавзуи “Аввалин парвози инсон ба кайҳон” маърӯзаҳо намуд.

Др фарҷом перомуни масъалаҳои баррасигардида миёни иштирокчиён мубодилаи афкор сурат гирифт.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ