​Довталаб-2021: Ояндаи зебо аз интихоби дуруст вобаста аст!

Бо назардошти талабот дар фаъолияти рӯзноманигори телевизион Донишгоҳи давалтии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар соли таҳсили 2021-2022 қабули донишҷӯёнро аз рӯйи ихтисоси нав - рӯзноманигори телевизион ба роҳ монд.

Ихтисоси рӯзноманигори телевизиони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар рӯйхати ихтисосҳои Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рамзи 1-23 01 08 - 02 01 омадааст!

Аз рӯи ихтисоси мазкур рӯзноманигори телевизион мутахассиси шабакаи телевизионӣ (баранда, репортажнигор, интервюер (мусоҳиборо), шореҳ, шарҳнигор, шоумен) омода карда мешаванд, ки барномаҳои иттилоотӣ, ҷамъиятӣ-сиёсӣ, илмӣ-оммавӣ ва намоишҳои фароғатӣ ва зеҳнӣ эҷод мекунанд. Кафедраи журналистика ва назарияи тарҷума таҳкурсии илмӣ-педагогӣ ва техникӣ (Студияи таълимии телевизионии “Фурӯғ” ва радиолабараторияи “Фурӯғ”) дорад, ки барномаҳои иттилоотиву таҳлилии он тавассути ТВ “Суғд”, ШТР “СМ-1” ва “Танин” пахш карда мешаванд.

Пас аз хатми таҳсил, хатмкунандагони ихтисоси мазкур метавонанд дар мансабҳои рӯзноманигори телевизион (баранда, репортажнигор, интервюер (мусоҳиборо), шореҳ, шарҳнигор, шоумен), – мутахассиси оид ба коммуникатсияи рекламаӣ фаъолият намоянд.

Рамзи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 109 сабт гардидааст.

Марҳабо ба махзани илму маърифат ва макони нуру зиё!

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ