​Довталаб-2021: Ояндаатро бо мо рангин намо!

Донишгоҳи давалтии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар соли таҳсили 2021-2022 қабули донишҷӯёнро аз рӯйи ихтисоси нав -WEB-рӯзноманигорӣ ба роҳ монд.

Ихтисоси WEB-рӯзноманигории Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар рӯйхати ихтисосҳои Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рамзи 1 23 01 08 02 01 омадааст!

Аз рӯи ин ихтисос мутахассисони редаксияҳои интернетӣ, нашрияҳои интернетӣ, шуъбаҳои пахши интернетии васоити аудиовизуалӣ, оҷонсиҳои иттилоотӣ ва таблиғотӣ, нашриётҳо, хадамоти матбуоти мақомотҳо, муассисаҳо, идораҳо, корхонаҳо, холдингҳо, консернҳо, ҷамъиятҳои хусусӣ, дастаҳои варзишӣ, бонкҳо, ҳокимияти иҷроияи давлатӣ ва шуъбаҳое тайёр карда мешаванд, ки ба мубодилоти иттилоотиву иртиботӣ, веб-журналистика сарукор доранд.

Хатмкунандагон аз рӯи ихтисос, ҳамчун мухбири захираҳо (сомонаҳо, торномаҳо)-и интернетӣ, муҳаррири захираҳои интернетӣ, муҳаррири расонаҳои иҷтимоӣ, мухбири редаксияи пахши интернетӣ дар телевизион, журналисти визуалӣ, муҳаррири лоиҳаҳои махсус, муҳаррири рекламаҳои интернетӣ, мухбири аксбардор ва ғайра кор карда метавонанд.

Рамзи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 109 сабт гардидааст.

Марҳабо ба махзани илму маърифат ва макони нуру зиё!

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ