Конфронс: “Тоҷикистон – пешоҳанги масоили ҳифзи захираҳои об”

Таҳти ин унвон бо ташаббуси кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултети геоэкология конференсияи илмӣ – назариявӣ баргузор гардид. Конфронс бахшида ба даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” бахшида шуд.

Мудири кафедра, дотсент Собиров Мурод дар мавзӯи “Ҷараёни татбиқи ҳадафҳои даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” маърӯза намуд.

Ҳамзамон, аз ҷониби магистрантон перомуни мавзуъҳои “Мавқеи пиряхҳо дар таъминоти захираҳои оби Тоҷикистон”, “Таҳлили ҳолати кунунии обтаъминкунии шаҳри Хуҷанд”, “Имкониятҳоибезараргардонии партовобҳои саноатӣ дар вилояти Суғд” маърӯзаҳо ироа гардид.

Маврид ба зикр аст, ки ҳадаф аз баргузории конфронси мазкур баррасии масоили марбут ба мушкилоти норасоии об ва нақши Тоҷикистон ҷиҳати ҳалли ин масоил унвон мешавад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ