​Сипоснома: ДДХ дар сегонаи аввали рейтинги Агентии назорат

Ба Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Сипосномаи Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд.

Сипосномаи мазкур ҷиҳати касб намудани мақоми сеюм дар рейтинги нимсолаи якуми соли таҳсили 2020-2021 дар байни 31 муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим гардид.

Маврид ба зикр аст, ки мувофиқи натиҷаи рейтинги Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бо ба даст овардани 176 хол ба сегонаи аввал ворид гардид.

Иттилоъ дода шуд, ки дар рейтинги мазкур Донишгоҳи миллии Тоҷикистон сазовори ҷойи якум ва Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино ҷойи дуюмро сазовор шудаанд. Роҳбарияти муассисаҳои таълимии зикргардида чун рейтингҳои қаблӣ дар муддати 6 моҳи охир дар самти миқдори рисолаҳои номзадӣ ва доктории ҳимояшуда, миқдори мақолаҳои илмии дар маҷаллаҳои комиссияи олии аттестатсионӣ (КОА) нашршуда, миқдори ихтироъ, навоварӣ ва пешниҳоди илмӣ-назариявӣ, миқдори монографияҳои илмии чопшуда, шумораи муассиса, ташкилоту идораҳо, ки ба муассисаи таълимӣ ҳамкорӣ мекунанд, такмили ихтисоси омӯзгорони доимӣ ва таҷрибаомӯзии донишҷӯён дар хориҷи кишвар, шумораи компютерҳое, ки танҳо барои истифодаи донишҷӯён муайян карда шудаанд ва шумораи китобҳои дарсӣ вобаста ба теъдоди донишҷӯён корҳои назаррасеро анҷом додаанд.

Ҳамзамон, бояд қайд намуд, ки муассисаҳои зикргардида аз ҳисоби омӯзгорони унвон ва дараҷаи илмидор, махсусан, аз лиҳози доктори илм-профессори доимӣ ва номзади илм-дотсенти доимӣ аз шумораи умумии омӯзгорон ба меъёрҳои муайяншудаи мақоми муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ мувофиқат менамоянд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ