Эълони озмуни "Беҳтарин шеър" байни адибони тоҷик

Бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 110-солагии Шоири халқии Тоҷикистон устод Мирзо Турсунзода ва 80-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ бо ташаббуси маҳфили илмиву адабии “Ганҷи сухан”, дастгирии раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ва Шуъбаи суғдии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон озмуни “Беҳтарин шеър” байни адибони тоҷик эълон мешавад.

Озмун 19-уми майи соли 2021 дар нишасти 190-умини маҳфили илмиву адабии “Ганҷи сухан” дар раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ҷамъбаст ва ғолибон бо диплому туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз мегарданд.

Шартҳои озмуни “Беҳтарин шеър” иборатанд аз:

1. Дар озмуни кулли адибони кишвар бо 10 шеър аз анвои суннатӣ ва озод дар мавзӯи дилхоҳ. (бидуни осори муҳташами манзум) иштирок карда метавонанд. Ашъор бояд дар ҷое ҳатто дар шабакаҳои иҷтимоӣ чоп нашуда бошад.

2. Намунаи ашъори ба озмун пешниҳодшуда довталабон бе зикри номашон таҳти рақами муайян ба 3 нафар довари озмун, ки исмашон махуф нигоҳ дошта мешавад пешниҳод мегардад.

3. Қабули маводҳо ба озмун аз рӯзи нашри эълон сар карда, то 15 майи соли 2021 идома меёбад.

http://sugd.tj/tj/navidi-sugd/16055-ozmun

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ