Натиҷаҳои озмуни беҳтарин эссе муайян гардид

Озмуни эссеи беҳтарин дар мавзӯи “Пешвои мо-бахти мо”, ки бо иқдоми Китобхонаи марказии донишгоҳ ба роҳ монда шуд, ҷамъбаст гардид.

Бино ба иттилои Дилбар Самадова, директори Китобхонаи марказӣ дар озмуни мазкур аз тамоми факултетҳои донишгоҳ 70 нафар донишҷӯён иштирок намуда, аз ҷониби ҳайати ҳакамон 12 эссе беҳтарин дониста шуданд.

Ҳадаф аз ин ташаббус ҷалби донишҷӯён ба китобу китобхонӣ, баланд бардоштани маърифати китобдӯстӣ ва такмили маҳорати эҷодӣ ва нигорандагии донишҷӯён унвон мешавад.

Ғолибони озмун бо диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ қадр хоҳанд шуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ