​Истифодаи методи интерактивӣ дар дарс

Бо ташаббуси кафедраи журналистика ва назарияи тарҷумаи МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” аз фанни “Забон ва услуби ВАО” барои донишҷӯёни курси якум дарси кушод гузаронида шуд.

Омӯзгори кафедра Шаҳноза Зарипова мавзӯи “Истифодаи рақаму ҷадвал дар матни публитсистӣ”- ро барои донишҷӯён шарҳ дода, дар бораи талабот ва қоидаҳои навишти рақамҳо дар матн маълумот дод.

Ба донишҷӯён фаҳмонида шуд, ки ҳангоми таҳияи матни публитсистӣ рақамҳо бояд яклухт карда шуда, саҳеҳияти он якчанд маротиба тафтиш шавад, вагарна факту далелҳо таҳриф хоҳанд шуд, ки масъулияти он бар дўши муаллиф аст. Дарс бо истифода аз методи интерактивӣ гузаронида шуда, ҷиҳати ҷолибияти он донишҷӯён ба гуруҳҳо тақсим шуданд. Дар рафти дарс ба донишҷӯён супоришҳои инфиродӣ ва гуруҳӣ дода шуд. Перомуни мавзӯи дарс донишҷӯён аз маводи матбуоти даврӣ намунаҳо дарёфт намуда, ҳамзамон зарбулмасалҳое, ки дар он рақам истифода шудааст, мавриди таҳлил қарор доданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ