​Омӯзиши воситаҳои барномасозӣ дар дарси кушод

Мавзӯи «Воситаҳои барномасозӣ. Ифодаҳои шартӣ. Сиклҳо» зимни дарси кушод бо донишҷӯёни курси чоруми ихтисоси математикаи амалӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дарси кушод аз фанни Системаи алгебравии компютерии Maple аз ҷониби омӯзгори кафедраи информатика ва математикаи ҳисоббарор Файзиев М ба роҳ монда шуд.

Маврид ба зикр аст, ки дарси кушод бо истифода аз воситаҳои муосир ҷараён гирифта, ҷиҳати мустаҳкамии дониши донишҷӯён бозиҳои шавқовар низ гузаронида шуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ