​Сатҳу сифати таълим, таъминоти маводҳои таълимӣ–методӣ ва таҷҳизотӣ дар ихтисосҳои нави донишгоҳ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, ташкили ихтисосҳои нав ва омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир намуда, таъкид кардаанд, ки “Роҳбарону кормандони соҳаи маорифро зарур аст, ки назорати азхудкунии донишҳои замонавиро пурзӯр гардонида, наврасону ҷавононро ба мутолиаи китобҳои бадеиву илмӣ ташвиқ намоянд, қобилияти эҷодии онҳоро тақвият бахшандва ба таълими фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд”.

Ҳамчунин вобаста ба ин аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонпешниҳод гардидааст, ки ба хотири боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ барои тавсеаи тафаккури техникии насли наврас солҳои 2020-2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” эълон карда шавад.

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 26–уми декабри соли 2018 қайд карда буданд, ки Мо ислоҳоти низоми ҳамаи зинаҳои таҳсилро минбаъд низ давом дода, усулҳои фаъоли таълимро ҷорӣ мекунем ва ба сатҳу сифати таълим эътибори аввалиндараҷа медиҳем”. Инчунин дар баромади хеш Сарвари давлатшахсони масъулро вазифадор намуда, зикр намуданд, ки “Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолиро зарур аст, ки сифати таҳсилот ва касбомӯзиро дар муассисаҳои таълимӣ беҳтар созад ва ихтисосу ҳунарҳоеро, ки барои кишвар заруранд, таъсис дода, ҷиҳати ба шуғл таъмин шудани сокинони мамлакат, бахусус, занону духтарон тадбирҳои иловагиро роҳандозӣ намояд.

ҲукуматиҶумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми кишвар пайваста кӯшиш менамоянд, ки низоми таълимро ҳамқадами замон гардонида, барои ба низоми ягонаи таҳсилоти ҷаҳонӣ ворид намудани таҳсилоти миллӣ тадбирҳо андешанд. Соли 2012 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Стратегияи миллии рушди маориф то соли 2020» - ро ба тасвиб расондааст. Таълим ба ташаккули салоҳиятнокӣ равона гардида, ки ҳар ду вазифаҳои таҳсилотро вобаста ба натиҷаи он муайян менамояд ва салоҳиятҳои асосии таълими донишҷӯёнро дар баробари дониш, маҳорат ва малака ба сифати яке аз натиҷаҳои таҳсилот баррасӣ менамояд. Барои иҷрои вазифаи мазкур ва зина ба зина рӯй овардан ба муносибати нави таълим, яъне муносибати босалоҳият дар синфҳои ибтидоӣ озмоиш ба амал оварда, аз сентябри соли 2016 синфҳои ибтидоӣ пурра ба муносибати нави таълим гузаронида шуданд. Дар соли таҳсили 2018 бошад, таълими як қатор фанҳо дар доираи талаботи салоҳиятҳои асосии таълимӣ ҷорӣ карда шуда, аз ҷумла тамоми донишгоҳҳои ҷумҳурӣ низ муносибатро ба таълим дигиргун намуда, ба муносибати босалоҳият рӯй оварданд.

Дар партави гуфтаҳои Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яке аз вазифаҳои муҳими муассисаҳои таҳсилоти оилии касбии кишварин баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот ва бо ин восита омода намудани мутахассисони ҷавониҷавобгӯ ба талаботи замони муосир ба ҳисоб меравад.

Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”бо мақсади татбиқи амалии амру фармонҳо ва Паёмҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, фармоишҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шўрои олимон ва раёсати Донишгоҳро сармашқи кори худ эълон намуда, барои баланд бардоштани сатҳу сифати таълим вакорбасти усулҳои фаъоли таълимкўшиш ба харҷ дода истодааст.

Шуъбаи идоракунии сифати таҳсилот назорат ва татбиқи «Барномаи идоракунии сифати таҳсилот дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон», риояи меъёрҳои Низомномаи шуъбаи идоракунии сифати таҳсилоти МДТ “ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” фаъолияти хешро равона намуда, ҷиҳати баррасӣ ва татбиқи нақшаи корӣ чорабиниҳои мушаххасро мавриди иҷроиш қарор дода истодааст.

Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар тӯли солҳои охир бо талошҳои пайвастаи роҳбари донишгоҳ, профессор Ҷӯразода Ҷ. Ҳ. боз ҳам базаи моддӣ - техникии ихтисосҳои равияҳои дақиқ ва табиатшиносӣпурзӯр гардида, барои баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар ин самт чораҷӯиҳои зиёде роҳандозӣ гардида истодааст.Натиҷаи ҳамин корбариҳои раёсати донишгоҳ ва иҷрои нақшаву чорабиниҳо дар ин самт буд, ки дар назди факултетҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва педагогикаи махсус, физикаю техника, геоэкология лабораторияҳои ҷавобгӯ ба талаботи замон мавриди истифода қарор гирифтанд.

Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” ҷиҳати татбиқи барномаи муҳим дар самти баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, ташкили ихтисосҳо нав ва фарогири бозори меҳнат тадбирҳои зиёдеро рӯи кор оварда, барои омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва тавсеаи тафаккури техникии донишҷӯён замина ва имконоти густурдаро фароҳам сохта истодааст.

Қабули довталабон ба муассисаҳои олӣ тавассути маркази миллии тестӣ, ки аз ташаббусҳои дурбинонаву оқилонаи Сарвари давлат ба ҳисоб рафта, инак, давоми чанд соли охир амалӣ мешавад, баробари таъмини шаффофият дар раванди дохилшавӣ барои фарогирии бештари довталабон ба мактабҳои олӣ имконияти созгор муҳайё кардааст. Сол аз сол афзоиш ёфтани шумораи дохилшавандагон ин гуфтаро тақвият мебахшад. Масалан, соли таҳсили 2020-2021 ба курси якуми донишгоҳ 3730 нафар донишҷӯ дохил шуданд, ки нисбат ба соли гузашта 445 нафар зиёд мебошанд.

Фаъолияти таълимии донишгоҳ дар 18 факултет ва 80 кафедра (аз ҷумла, 5 кафедраи умумидонишгоҳӣ) ба роҳ монда шудааст. Ҳоло дар донишгоҳ аз рӯи 80 ихтисос дар шуъбаи рӯзона ва аз рӯи 35 ихтисос дар шуъбаи таҳсилоти фосилавӣ дар асоси нақшаҳои таълимӣ таҳсил ҷараён дорад.

Соли таҳсили 2020-2021 дар факултетҳои донишгоҳ 25 гурӯҳи таҳсилашон бо забони русӣ, як гурӯҳи таҳсилашон бо забони англисӣ ва зиёда аз 20 гурўҳи таҳсилашон бо забони ӯзбекӣ фаъолият доранд, ки дар таҳкими раванди забономӯзии муҳассилин муосидат хоҳад кард.

Таъсиси ихтисосҳои нав ва мувофиқ ба талаботи замон аз масъалаҳои муҳимест, ки дар мадди назари ҳамешагии раёсат ва хосатан ректори донишгоҳ қарор дорад. Дар ин давраи ҳисоботӣ дарфакултетҳои мухталифи донишгоҳ 9 ихтисоси нав таъсис ёфта, барои тайёр намудани кадрҳои тахассусманд заминаи иловагӣ пайдо намуд. Дар ин самт тибқи дастуру супоришҳои сарвари донишгоҳ , профессор Ҷӯразода Ҷ. Ҳ.корбарӣ идома ёфта, тасмим ҳаст, ки дар соли таҳсили 2021-2022 дар сатҳи донишгоҳӣ 23 ихтисоси нав рӯи кор оянд.

Ҷиҳати пурра азхуд намудани барномаҳои таълимӣ аз ҷониби донишҷӯён татбиқи “Тартиби назорати давомоти донишҷӯёни МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” ба роҳ монда шудааст.

Дар донишгоҳ барои ворид гардидан ба китобхонаи электронӣ 2000 адад компютер фаъол буда, 1650 адади онҳо ба шабакаи интернет пайваст мебошанд.

Маълум аст, ки сифати таълим ба сифати кадрҳои педагогӣ, дараҷаи кордонию қобилияти эҷодкории онҳо вобастагии зич дорад. Бо камоли қаноатмандӣ метавон гуфт, ки омӯзгорони донишгоҳ, устодони ҳақиқии касби худ буда, доимо дар ҷустуҷӯи шаклу усулҳои самарабахши таълим мебошанд ва ба шогирдони худ донишҳои кофӣ дода, аз рӯи ихтисосҳои замонавӣ онҳоро чун мутахассисони сатҳи ҷаҳонӣ тарбия менамоянд.

Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров барои соли таҳсили 2021-2022 бо назардошти талаботи бозори меҳнат қабули донишҷӯёнро аз рӯйи 9 ихтисосҳои нав роҳандозӣ намудааст, ки дар маҷмуъ, шумораи ихтисосҳои донишгоҳро ба 89 номгӯй мерасонад.

Тибқи иттилои раёсати таълим соли таҳсили оянда дар донишгоҳ барои ихтисосҳои рӯзноманигории телевизион, WEB – Рӯзноманигорӣ, иттилоот ва робита (технологияи робита), танқиди бадеӣ, забони муосири хориҷӣ (забонҳои арабӣ-хитойӣ), таъминоти забонии робитаҳои байнифарҳангӣ (арабӣ-франсавӣ), таъминоти забонии робитаҳои байнифарҳангӣ (форсӣ-франсавӣ) ва таҳсилоти томактабӣ. Забони хориҷӣ (Забони русӣ) (фосилавӣ) донишҷӯён бори аввал қабул карда мешаванд.

Дар ду соли охир(соли таҳсили 2019-2020, 2020-2021) дар ҳашт факултетҳои донишгоҳ 17 ихтисосҳои нав ташкил карда шудаанд. Донишҷӯён аз рӯи 17 ихтисосҳои ташкилшуда дар 22 гурӯҳҳои академӣ таълим гирифта истодаданд.

Мутахассисони шуъбаи идоракунии сифати таҳсилот дар ҳамкорӣ бо комиссияи сифати таҳсилот дарҳашт факултетҳое, ки дар ду соли охир (соли таҳсили 2019-2020 ва 2020- 2021) аз рӯи ихтисосҳои нав қабул шудаанд,санҷиши сатҳу сифати таълим, таъминоти маводҳои таълимӣ – методӣ ва таҷҳизотироба роҳ монданд.Комиссияи корӣ аз рӯи саволномаҳои зерин сатҳу сифати таълимро дар факултетҳои зикргардида мавриди санҷиш қарор дод:

  • Мавҷудияти нақшаи таълимӣ (кай ва аз ҷониби кӣ тасдиқ шудааст);
  • Мавҷудияти стандарти давлатии ихтисос (кай ва аз ҷониби кӣ тасдиқ гардидааст);
  • Сатҳу сифати бастаи маводи таълимӣ - методии фанҳои тадрисшаванда (барномаи таълимӣ, барномаи таълимии корӣ (силлабус), КТМ, маводи КМРО ва КМД, муаррифӣ ва ғайра);
  • Таъминоти кадрии ихтисоси нав (дараҷаи доктори илм ва номзади илм мувофиқ ба равияи ихтисоси нав, ному насаб, дараҷа ва унвони илмӣ);
  • Таъминоти моддии ихтисосҳои нав (мавҷудияти лабораторияҳо, кабинетҳои таълимӣ, методӣ, компютерӣ, лингофонӣ ва ғайра). Номгӯи таҷҳизоти лабораторӣва дигар лавозимоти таълим;
  • Таъминот бо адабиёти асосӣ ва ёрирасон (номгӯи китобҳои дарсӣ, дастурҳои таълимӣ ва методӣ, дастурамалҳо ва ғайра);
  • Сатҳу сифати таълим дар гурӯҳҳои академии ихтисосҳои нав (натиҷаи сессияҳои тобистона ва зимистона, давомот, иштирок ба дарсҳо);
  • Таклифу дархост ва дурнамо.

Таҳлилҳо нишон доданд, ки аксари донишҷӯён аз фанҳои тахассусӣ дониши хуб дошта, дараҷаи донишазхудкуниашон нисбати фанҳои ҷамъиятӣ беҳтар мебошад.

Инчуниназ ҷониби мутахассисони шуъбаи идоракунии сифати таҳсилот ва экспертони шӯрои сифат мониторинги сатҳу сифати фанҳои тахассусӣ аз рӯи ихтисосҳои нав ба роҳ монда шуд.Таҳлилҳо нишон медиҳанд, кидараҷаи донишазхудкунии донишҷӯёни ихтисосҳои нав дар сатҳи донишгоҳ 82% -ро ташкил дода, сифати таҳсилот бошад 54,8% мебошад.

Барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, таҳия ва нашри китобҳои дарсӣ, маводҳои методӣ, раҳнамои таълим, таъсиси лабараторияҳои муосир, кабинетҳои тахассусӣ,барои ихтисосҳои мазкур пешниҳодҳои зерин аз манфиат холӣ намебошад:

1. Садорати факултетҳо ва мудирони кафедраҳоро зарур аст, ки ҷиҳати таъсиси лабораторияҳо ва кабинетҳои тахассусӣ барои ихтисосҳои нав дар ҳамкорӣ бо раёсати донишгоҳ чораҳоҷӯӣ намоянд.

2. Мудирони кафедраҳои тахассусии донишгоҳро зарур аст, ки барои таҳия ва чопи китобҳои дарсӣ, дастурҳои таълимӣ, роҳнамои таълим ва дигар маводҳои методӣ корбарӣ намоянд.

3. Маркази технологияҳои иттилоотиро зарур аст, ки барои таҳлили вазъи коршоям будани маводҳои техникии кафедраҳои масъули ихтисосҳои нав омӯзиш гузаронида, тибқи натиҷаҳои ба даст омада, корбарӣ намоянд.

4. Шуъбаи идоракунии сифати таҳсилот дар ҳамкорӣ бо раёсати таълим ва коршиносонмониторинги сифати таҳсилотро мунтазам ба роҳ монда, динамикаи сатҳу сифати таълимро дар ихтисосҳои нав аз рӯӣ ҷамъбасти марҳилаҳо ва сессияҳои зимистонаву тобистона роҳандозӣ намоянд.

Маҳмадшоев М.М.,

мудири шуъбаи идоракунии сифати таҳсилот, дотсент

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ