34 нафар устодони факултети филологияи тоҷик соҳиби диплом гардиданд

Аз 1 то 18-уми декабри соли равон, 34 нафар омӯзгори факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар курси такмили ихтисос иштирок намуда, соҳиби диплом гаштанд. Дар ин бора, аз шуъбаи идоракунии сифати таҳсилоти донишгоҳ хабар доданд.

Дар ин муддат барои омӯзгорон устодони соҳибтаҷриба ва малакаи касбидошта дарс гуфтанд. Шунавандагони курси мазкурмалакаи хешро такмил дода, аз фанҳои таърихи забон,имло ва нигориш, таҳлили филологии матни бадеӣ, педагогика ва психологияи мактаби олӣ ва лингвистикаи матн имтиҳон супориданд.

Ҳадаф аз ташкил ва баргузориикурсҳоитакмили ихтисос ва бозомӯзӣ ин такмил ва баланд бардоштани сатҳи донишу малакаи касбии омўзгорон буда, он курсу семинар, машғулиятҳои амалӣ, лексия, машваратҳои фардӣ, гурўҳӣ, хонишҳои педагогӣ, конференсияҳои илмию амалӣ, илмиюметодӣ, таълимию методиро дар бар мегирад.

Бояд гуфт, ки раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров давра ба давра такмили ихтисоси омӯзгоронро ба роҳ монда истодааст. Бо ин мақсад 2-юми ноябри соли равон оид ба хизматрасонии таълимӣ байни Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” ва Донишкадаи такмили ихтисоси омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд.

Тибқи шартномаи мазкур Донишкадаи такмили ихтисос ӯҳдадор гаштааст, ки дар асоси талаботи донишгоҳ аз рӯи равия ва ихтисосҳои гуногун курсҳои сайёри такмили ихтисоси омӯзгоронро ба роҳ монад.

Инчунин дар назар аст, киаз рӯи равияҳои педагогика, психология ва фанҳои дақиқ барои дигар омӯзгорони факултетҳои донишгоҳ курсҳоитакмили ихтисос баргузор мешавад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ