​ДДХ: Пурбинандатарин навор дар соли 2020 муайян гашт

Озмуни донишгоҳии “Килки заррин”, номинаи “Пурбинандатарин навор” дар чорабинии тантанавӣ бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик ҷамъбаст ва пурбинандатарин навор дар шабакаҳои иҷтимоӣ муайян карда шуд.

Маълумоти оморӣ бозгӯи онанд, ки дар соли 2020 дар шабакаҳои иҷтимоии донишгоҳӣ қисми дуюми навори “ДДХ: Корномаи Пешвои миллат”-ро беш аз 45,5 ҳазор боздид кардаанд. Навори мазкур, ки аз ҷониби факултети телекоммуникатсия ва технологияҳои иттилоотӣ таҳия гаштааст, пурбинандатарин навор эълон карда шуд.

Навори мазкур дар заминаи фаъолияти солҳои аввали соҳибистиқлолии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯйи кор омадааст.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ