ДДХ: Рӯзи дарҳои кушод баргузор гашт

Имрӯз 13-уми март, бо мақсади ҷалби хатмкунандагон ба Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Рӯзи дарҳои кушод баргузор гашт.

Муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, профессор Хайрулло Сабурӣ сухан карда, аз ҷумла, ба хатмкунандагон иттилоъ дод, ки фаъолияти таълимии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар 18 факултет ва 80 кафедра (аз ҷумла 5 кафедраи умумидонишгоҳӣ) ба роҳ монда шуда,аз рӯи 80 ихтисос дар шуъбаи рӯзона ва аз рӯи 31 ихтисос дар шуъбаи таҳсилоти фосилавӣ дар асоси нақшаҳои таълимӣ таҳсил ҷараён дорад. Дар донишгоҳ 875 нафар омӯзгори штатӣ, аз ҷумла, 44 доктори илм, профессор, 9 номзади илм, профессор, 297 номзади илм, дотсент, 47 номзади илм, сармуаллим, 7 номзади илм, муаллим, 213 сармуаллим, 258 муаллим фаъолият доранд, ки 50% теъдоди умумии онро устодони соҳибунвон ташкил медиҳанд.

Шумораи умумии донишҷӯёни донишгоҳ 23 130 нафар буда, аз он 10 302 нафар (3 752 буҷавӣ) дар шуъбаи рӯзона ва 12 828 нафар (1 144 буҷавӣ) дар шуъбаи ғоибона ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Тибқи Квотаи президентӣ 870 нафар, аз онҳо 494 нафар духтарон дар шуъбаи рӯзона ва 9 нафар дар шуъбаи таҳсилоти фосилавӣ таҳсил мекунанд. Соли таҳсили 2020-2021 ба курси якум 3 735 нафар донишҷӯ тариқи ММТ дохил шуданд, ки нисбат ба соли гузашта 181 нафар зиёд мебошад.

Навгониҳои назаррас дар самти таълим таъсис ва иҷозатнома гирифтан барои фаъолияти ихтисосҳои наву замонавӣ, аз ҷумла, ихтисосҳои рӯзноманигори телевизион, WЕВ–рӯзноманигорӣ, иттилоот ва робита (технологияҳои робита), танқиди бадеӣ, забонҳои муосири хориҷӣ (забонҳои арабӣ-хитойӣ), таъминоти забонии робитаҳои байнифарҳангӣ (арабӣ-фаронсавӣ), таъминоти забонии робитаҳои байнифарҳангӣ (форсӣ-фаронсавӣ), санъати мусиқӣ ва таҳсилоти томактабӣ. Забони хориҷӣ (забони русӣ) мебошад.

Дар донишгоҳ 6 лоиҳаи буҷавӣ мавриди таҳқиқ қарор дошта, дар соли 2020 5 лоиҳаи нав ба фаъолият оғоз кард. Ҳамчунин дар асоси озмуни ҷумҳуриявии лоиҳаи Фонди Президентии тадқиқи бунёдӣ 2 лоиҳа дар озмун ғолиб дониста шуда, барои иҷро дастгирӣ ёфтанд.

Дар донишгоҳ се институти илмӣ-тадқиқотӣ, аз ҷумла Институти илмӣ - тадқиқотии илмҳои педагогӣ, Институти илмӣ-тадқиқотии илмҳои ҷомеашиносӣ ва Институти илмӣ-тадқиқотии илмҳои табиатшиносӣ фаъолият мебаранд.

Дар донишгоҳ раванди навоварӣ ва ихтироъкорӣ бо маром ҷараён дошта, устодон танҳо дар соли 2020 аз рӯйи 2 ихтироот 2 Нахустпатент ва 1 Шаҳодатномаи Маркази миллии патенту иттилоотро ба даст оварда, 1 ихтирои дигар барои гирифтани патент пешниҳод гардидааст.

Алҳол донишҷӯёни донишгоҳ 14 нафар стипендияи Президентӣ, 3 нафар стипендияи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 26 нафар стипендияи Раиси вилоят, 6 нафар стипендияи Раиси шаҳри Хуҷанд ва 3 198 нафар стипендияи донишгоҳӣ мегиранд.

Дар раванди робитаҳои байналмилалӣ – соли 2020 донишгоҳ бо 7 муассисаи таҳсилоти олии кишварҳои Русия, Ӯзбекистон, Қазоқистон шартномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонида, дар маҷмуъ, бо 70 донишгоҳ ва ташкилотҳои илмӣ-тадқиқотии хориҷӣ дар асоси шартномаҳо ҳамкориҳои судманд ба роҳ мондааст.

Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бо таҷҳизотҳоинаву замонавӣмуҷаҳҳаз буда, дорои базаи муқтадири моддиву техникӣ ва ахборотии раванди таълим, бинои асосӣ, 9 бинои таълимӣ,4 хобгоҳ (духтарона ва писарона), 196 тахтаи электронӣ, 439 проектор, 356 экран барои проектор, 315 принтер, 45 сервер, 230 гармусарддиҳанда, 222 ноутбук ва 2510 компутер бо пайвастшавии хатти шабакаи ягонаи интернет интернет мебошад.

Ҳамчунин донишгоҳ дорои 41 кабинети методӣ, 73 кабинети фаннӣ, 4 синфхонаи лингофонӣ, 32 лабораторияҳои таълимӣ-илмӣ, 1 студияи телевизион, 1 студияи радио, 3 осорхона, 4 устохона ва 41 синфхонаи компутерӣ мебошад, ки имкониятҳои фаровони техникиро дорост.

Дар идома аз дастовардҳои илмиву варзишии устодону донишҷӯён, густариши робитаҳо бо макотиби олии кишвар ва хориҷ, фазои иттилоотӣ ва навгониҳои дигари самти фаъолияти донишгоҳ сухан рафта, баён гашт, ки беҳтарин кадрҳои омӯзгориву ғайриомӯзгорӣ, илмиву фарҳангӣ ва самтҳои мухталифи идоракуриву давлатӣ хатмкардаи ҳамин махзани илму маърифат, яъне Донишгоҳи давалтии Хуҷанд мебошанд.

Баъдан хатмкунандагону устодони муассисаҳои таълимии шаҳру навоҳии вилоят аз лаборатория, музей, синфхонаҳои таълимӣ, гербарий ва маркази тестӣ боздид намуда, бо вазъи таълиму тарбия, шароити таҳсил, имконияту иқтидори донишгоҳ шинос гаштанд.

Пас аз он, барномаи фарҳангӣ-мусиқавӣ манзури ҳозирин гашт.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ