Матлубаи Мирзоюнус: Дар ман заминаи муҳаббат ба забон ва адабиёти русро модарам гузоштанд

Аз шиносоӣ бо устодон Муҳаммад Осимиву Шакурии Бухороӣ то пайванд бо «хубони порсигӯ», оид ба вазъи имрӯзи адабиёт ва таърихи таъсиси кафедраи рӯзноманигорӣ дар ДДХ-и ба номи Бобоҷон Ғафуров дар сӯҳбат бо устоди донишгоҳ, адабиётшинос, узви пайвастаи Академияи илмҳои иҷтимоӣ ва педагогии Русия, профессор Матлубаи Мирзоюнус.

- Меоваранд, ки замоне аз омадан ба Душанбе ҳарос доштаед... Қисса чӣ гуна аст?

- Замоне ман хеле мехостам, ки дар Душанбе зиндагӣ кунам ва дар ҳамин шаҳр фаъолият дошта бошам, зеро дар назарам имкони рушд дар пойтахт васеътар ва муҳити илмиву адабӣ пурбортар буд. Аммо баъди хатми аспирантура дар шаҳри Москав ва бозгашт ба Тоҷикистон замона дигар шуд, дар тамоми собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ вазъи сиёсӣ тағйир ёфт, Душанбе ҳам дигар гашт. Вақте ман рисолаи докториро навишта, ба охир расонидам ва барои муҳокима ба Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии Академияи илмҳо пешниҳод намудам, ҳама дӯстону хешовандон аз Душанбе кӯч баставу дар ин шаҳри азиз бесарусомонии тамом ҳукмрон буд.

Аз ин ҷост, ки бо сабабҳои маълум имкон надошт дар меҳмонхона зиндагӣ кунам. Баъд аз зуҳр ва бегоҳиҳо дар кӯчаву хиёбонҳо қариб касе гаштугузор намекард. Ана дар ҳамин рӯзҳо устоди бузургвор Муҳаммад Осимӣ ба Хуҷанд ба манзили духтарашон Дилбарбону Осимӣ, ки ҳамсояи мо буданд, омаданд. Гумон мекунам, духтарашон аз корҳои ман ба устод маълумот дода буданд, ки ин ду нафари азиз ба манзили мо омаданд. Пас аз суҳбати кӯтоҳ устод маро духтар хонданд ва ба Душанбе ба манзили худашон даъват карданд.

То замони ҳимоя ва баъди он ҳам ҳар бор, ки ба Душанбе сафар мекардам, дар хонаводаи устод маро бо камоли меҳрубонӣ қабул мекарданд. Як ҷаҳон хотироти неке аз сӯҳбатҳо бо ин алломаи замон дорам. Муфассалтар дар бораи устод Осимӣ ман дар як ёдномаам, ки таҳти унвони «Донои роз» чоп шудааст, гуфтаам. Ин аст, ки ҷовидона мадюни бузургвории устод Осимӣ ва аҳли хонаводаашон ҳастам.

- Шумо дар факултети забон ва адабиёти руси Институти давлатии педагогии Ленинобод (имрӯза ДДХ ба номи академик Бобоҷон Fафуров, 1980), аспирантураи Институти адабиёти ҷаҳонии ба номи А. Горкийи АФ СССР таҳсил намудаед ва ҳатто фаъолияти омӯзгориатон аз кафедраи адабиёти рус ва хориҷии ИДПЛ ба номи С. М. Киров оғоз ёфта. Омили ин вуруди амиқ ба забони русӣ аз куҷо сарчашма мегирад?

- Фикр мекунам, ки заминаи муҳаббат ба забон ва адабиёти русро модарам гузоштанд. Модарам, ки давраи кӯдакӣ ва ҷавониашон дар Русия гузаштааст, ин забонро ба тамоми ғановаташ омӯхта, китобу мақолаҳои зиёде дар риштаи робитаҳои адабии тоҷику рус таълиф карда буданд, беҳтарин осори бузургони адаби рус ва ҷаҳонро дар китобхонаи шахсӣ ҷамъ оварда, ба мо низ талқин мекарданд, ки ин китобҳоро хонем. Ҳамчунин, дар баробари ин, модаркалон ва хоҳарони бобоям Абдураҳим Ҳоҷибоев ба ман қиссаҳое аз анбиё нақл кардаву аз «Ҳафтяк»-у «Чаҳоркитоб» то «Қуръони маҷид» ва он тараф то девони Ҳофизу Навоиву Бедилро ба қадри имкону тавонашон меомӯзониданд.

Вақте мактабро хатм кардам, хеле фикр кардам, ки ба кадом факултет - филологияи тоҷик ё филологияи рус дохил шавам? Сабаби интихоби факултети филологияи рус шояд он буд, ки мехостам ба мисли модарам ба ин забон тасаллут дошта бошам.

- Яқин аст, ки огаҳии хуби забони русиро доред ва ин ҳам то ҷоест, ки узви пайвастаи Академияи илмҳои иҷтимоӣ ва педагогии Русия ҳастед. Аммо, бо ин ҳама, ба зудӣ Шумо бармегардед ба таҳқиқу пажӯҳиши адабиёти тоҷик. Чаро баргашти зуд?

- Ба фикрам, ин баргашт набуда, идомаи ҳамон муҳаббате буд, ки аз оғоз дар дилам ҷой дошт. Ҳатто дар замони таҳсил дар факултети филологияи рус ҳам, ҳамаи корҳои илмиву дипломиам марбут бо робитаҳои адабии тоҷику рус буданд. Баъдан дар давраи аспирантура бо раҳнамоии устодам - адабиётшиноси маъруф Зоя Григоревна Османова перомуни насри тарҷумаиҳолии адабиёти Осиёи Марказӣ кор кардам, ки дар меҳвари он адабиёти тоҷик қарор дошт. Ҳосили ҷустуҷӯҳо дар ин замина китобҳои «Пушкин и Восток», «Голубая родина Фирдуси» ва «Творческое содружество писателей Центральной Азии» аст, ки ду китоби аввалро дар ҳамқаламӣ бо модарам навиштаем.

- То ҷое мо огоҳем, устоди Шумо дар илму адаб устод Шакурӣ ҳастанд. Метавон гуфт, ки Шуморо устод Муҳаммадҷон Шакурӣ ба ин самт оварда?

- Бешак, нақши устод Шакурӣ дар зиндагии ман бузург аст, вале охири солҳои 80-уми асри XX худ замони табаддулоти мафкуравии ҷомеа, замони шинохти ҳувияти миллӣ буд. Шояд ба ҳамин далоил бошад, ки ман ҳам фикр кардам, ки оё адабиётшиносии рус ба корҳои ман ниёз дорад ва ба чӣ роҳе метавон ба миллат беҳтар хидмат кард?

Замони ҳамин андешаҳо буд, ки устоди дигари бузургвор, донишманди зиндаёд Абдулманнони Насриддин маро ба кафедраи адабиёти тоҷик ба кор даъват карданд, ки ман ин даъватро пазируфтам. Қабули чунин даъват, табиӣ, ки равиши фикр ва ҷустуҷӯҳои илмии маро боз ҳам тағйир ва такмил дод. Ман, ки баъди ҳимоя ба факултети филологияи рус баргашта, ба донишҷӯён дар бораи адабиёти рус ва шахсиятҳои беназири он - Пушкин, Лермонтов, Достоевский, Лев Толстой, Чехов, Блок, Есенин ва дигарон дарс мегуфтам, дар факултети филологияи тоҷик дар баробари тадриси адабиёти рус ва ҷаҳон, фанҳои дигарро низ, мисли назмшиносӣ, муқаддимаи адабиёт, назарияи адабиёт, нақди адабӣ ба уҳда гирифтам.

- Шиносоии Шумо бо Муҳаммадҷон Шакурӣ аз куҷо оғоз шуд ва нақши эшон дар таърихи зиндагии Шумо чӣ андоза аст?

- Бо таълифоти устод Муҳаммадҷон Шакурӣ аз замони донишҷӯӣ ошноӣ доштам. Ёд дорам, боре ҳини ширкат дар кадом як озмуни илмӣ ба Институти забон ва адабиёти тоҷик рафта, дар роҳрав устодро дида, бо ҳаяҷони бузург танҳо салом гуфта тавонистам.

Дар давраи таҳсил дар аспирантура низ устод чанд бор ба Маскав ба Институти адабиёти ҷаҳон ташриф оварданд, зеро китоби «Таърихи адабиёти тоҷик»-ро қисм-қисм ҳамон ҷо аз муҳокима мегузарониданд. Сӯҳбатҳои мухтасаре бо мо низ доштанд.

Баъди ҳимояи рисолаи номзадӣ, баъди бозгашт ба Хуҷанд хостам корҳои илмии худро идома бахшам. Масъалаи сабки насри муосир дар назарам ҷолиб намуд. Бо устод А. Насриддин маслиҳат кардам ва эшон ба телефони устод Шакурӣ занг зада, хоҳиш намуданд, ки ба ман раҳнамоӣ кунанд. Ба бахти ман, устод Шакурӣ розӣ шуданд ва аз ҳамон вақт инҷониб то охирин рӯзҳои умрашон устод маслиҳатгару раҳнамои ман буданд. Ифтихор дорам, ки аз мактаби ин бузургвор гузаштам ва аз файзи сӯҳбатҳояшон баҳравар шудам. Соли 1995 бо раҳнамоии устод дар Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АИТ рисолаи докториро дар мавзӯи «Хусусиятҳои сабки фардӣ ва тамоюлҳои услубӣ дар насри муосири тоҷикӣ» ҳимоя кардам.

Имрӯз ҳам осори устод барои шинохти адабиёт ба ман ёрӣ мекунад.

Чӣ хуш мебуд, агар куллиёти устод чоп мешуд, осорхонаашон таъсис меёфт, кӯчае, ки зиндагӣ мекарданд, ба номашон мегузоштанд ва корҳои дигаре мисли ин анҷом меёфтанд. Шояд то солгарди садуми умрашон, ки баъди се сол фаро мерасад (бино ба зиндагиномаи худнавишташон), корҳои бештаре ба ин муносибат сурат бигиранд...

Дарвоқеъ, риштаи пайванди Шумо ба омӯзиш ва таҳқиқи рӯзгор ва осори бонувони суханвари форсу тоҷики гузаштаву муосир - Робиаи Балхӣ, Маҳастӣ, Ф. Фаррухзод, Гулрухсор аз куҷост?

- Ман ҳамеша фикр мекардам, ки чаро дар адабиёти беназири мо дар тӯли ҳазор соли охир дар миёни ҳазорҳо номҳои суханварони мард танҳо башумор номҳои занон боқӣ мондааст? Ба назарам чунин омад, ки омили асосӣ ҳифз нашудан ва ношинохта мондани рӯзгор ва осори онҳост. Ин андеша водор намуд, ки як самти таҳқиқоти худро ба омӯзиши мероси адабии занони суханвар бубахшам ва дар силсилаи «Хубони порсигӯ» ҷой диҳам.

- «Хубони порсигӯ». Ин ном аллакай дар байни хонандагон маъруф аст. Аммо худ мегуфтед, ки ин ду вожа чӣ мафҳумеро ифодагар аст ва чӣ сирреро ниҳон медорад?

- Таркиби «хубони порсигӯ» дар шеъри Ҳофиз хеле зебо ба кор рафта, бо он ки лисонулғайб матлаби дигареро дар назар дошт, дар замони мо ифодагари ҷамъи бонувони сухансаро ба забони порсӣ гардид.

Ба осори адибони кишварҳои гуногун, ки ба забони мо таълиф кардаанд, аз ҷумла, Робиаи Балхӣ, Маҳастии Хуҷандӣ, Моҳшарафхонуми Курдистонӣ, Гулбаданбегими Ҳиндустонӣ, Фурӯғи Фаррухзод ва Парвини Эътисомӣ, Гулрухсор, Зулфия Атоӣ, Фарзона ва дигарон рӯ овардани мо далели ягонагии забон ва адабиёти мост.

- Шумо набераи аввалин раиси Шӯрои Комиссарони халқи ҶШС Тоҷикистон Абдураҳим Хоҷибоев ҳастед. Модаратон муаллима Бароат Ҳоҷибоева низ шогирдони зиёдеро таълиму тарбия карда, раҳсипори роҳи илм намудаанд. Нақши хонаводаро дар ташаккули шахсияти худ чӣ гуна арзёбӣ мекунед?

- Шукргузорам аз Офаридгор, ки дар чунин хонавода маро ба дунёи ҳастӣ овард. Фикр мекунам, муҳити маънавӣ беш аз ҳар омили дигар дар тарбия ва парвариши фард муҳим аст.

- Дар пайравии модар Шумо мактаби илмии худро доред, ки дастпарварони даргоҳи илмии Шумо аллакай мавқеи худро дар илму адабиёт пайдо намудаанд. Аз фаъолияти худ ва шогирдон чӣ қадр қаноатмандед ва гуфта метавонед, ки рисолати худро то ҷое ба сомон расонидаед?

- Қаноатманд будан як навъ маънии таназзулро низ дорад, зеро касе, ки қаноатманд аст, дигар ба омӯзиш ниёз надорад. Аммо мо ҳанӯз дар дами дарвозаи вуруд ба олами илм қарор дорем. Шогирдони қобили мо ҳам, мутмаинам, дар ҳамин андешаанд. Тавозӯъву заҳмати беҳисоб лозим аст, то ин дар пешорӯят боз шавад.

- Дар ин зимн, Шумо ҳамчун олима ва адабиётшиноси номвар бар вазъи илм ва адабиёти имрӯзи кишвар чӣ назар доред?

- Агар илми адабиётшиносиро дар назар дошта бошем, воқеан ҳам як зумра мутахассисони хуби таърихи адабиёт, назарияи адабиёт, матншиносӣ, робитаҳои адабӣ, тарҷумашиносӣ, нақди адабӣ ва фолклор ба камол расидаанд. Аммо вақте ҷиддитар ба ҳар соҳаи алоҳида мутаваҷҷеҳ мешавем, маълум мешавад, ки боз ҳам бояд донишамонро такмил диҳем, хусусан дар шинохти матн ва нақди адабӣ бо мушкилоти зиёд рӯбарӯ ҳастем. Масалан, нақди мо ғолибан хусусияти тавсифӣ дорад. Мероси ниёгонро дар шакли дастхат шояд аз сад як-ду нафар хонанд. Яъне, ман гуфтанӣ ҳастам, ки илми адабиётшиносӣ ҳам аз мушкиливу навоқис орӣ нест ва таҳқиқу омӯзиши амиқтар ва таваҷҷӯҳи беш аз пешро металабад.

- Аз мероси ниёгон ёдоварӣ намудед, то куҷо метавонем гӯем, ки адабиёти мо дар тӯли таърих ҳифз шудааст ва мо имрӯз аз он ба таври самаранок истифода мебарем (манзурам, ҷабри таърих дар нобудии баъзе осори классикон аст)?

- Ҷабри таърих ба миллати мо, воқеан, ҷонсӯзу ҷонкоҳ будааст. То имрӯз мо дар ҳасрати Девони Рӯдакиву Робиаи Балхӣ, Маҳастиву Зебуннисо ва шоирони дигар ҳастем. Аммо масъалаи дигар ва хеле муҳим, чунонки Шумо ёд кардед, истифодаи босамари мероси маҳфуз аст. Мо то ҳол феҳрасти ягонаи дастхатҳои маҳфуз дар Тоҷикистонро (маҷмӯан аз ҳамаи китобхонаву осорхонаҳо ва китобхонаҳои шахсӣ) надорем. Имкони дастрасии озод ва ройгон ба дастхатҳои маҳфуз дар кишварҳои дигар, хосса ҳамсоякишварамон Ӯзбекистон низ мавҷуд нест. Дар Ҳиндустон низ ҳазорҳо сарчашмаҳои адабиёти мо ниёз ба таҳқиқ доранд. Бо ин ҳама бояд хушбин бошем, зеро замоне барои дарёфти як сарчашма аз Хуҷанд то Берлину Маскав, Деҳливу Теҳрон мерафтем. Имрӯз имкон дорад, ки он китобҳоро дар шакли электронӣ аз шабакаҳои интернетӣ пайдо кунем.Он рӯз дур нест, ки тамоми ганҷинаҳои хаттии ҷаҳон дар сайтҳо ҷо бигиранд ва муҳаққиқону мухлисон бидуни ҳеч душвориву монеа ба кулли мероси хаттӣ дастрасӣ пайдо кунанд.

- Шурӯъ аз сифр таърихи таъсиси кафедраи рӯзноманигорӣ ва назарияи тарҷума дар ДДХ-ро ҳам ба Шумо иртибот медиҳанд. Омили такондиҳанда барои пешниҳоди таъсиси он чӣ буд?

- Омили асосӣ пеш аз ҳама он буд, ки дар охири садаи ХХ дар вилоят рӯзноманигорони ҷавон хеле кам буданд ва кам касон, хусусан аз миёни духтарон дар солҳои 90-ум барои таҳсил ба Душанбе меомаданд. Бинобар ин, таъсиси чунин ихтисос талаби замон буд ва «қуръаи фол ба номи мани девона зада» шуд.

- Ҳамчун аввалин мудири кафедраи рӯзноманигорӣ оғози фаъолияти онро дар муқоиса бо имрӯз чӣ баҳо медиҳед?

- Он рӯзгор бо азияти бузург ҳама корро аз сифр шурӯъ кардем: набудани барномаву стандартҳои таълимӣ, эҳтиёҷ ба кадрҳои омӯзгорӣ, таҷҳизоти техникӣ ва ғайраву ҳоказо ҳазорҳо монеа эҷод мекарданд. Аммо ректори вақт шодравон С. Абдуллоев барои иҷрои ҳамаи дархостҳои мо омода буданд.

Дар вилоят ягон мутахассиси соҳибунвони соҳаи рӯзноманигорӣ надоштем. Ба он маблағи ночизе, ки омӯзгор он замон мегирифт, қариб касе розӣ намешуд, ки биёяд. Бо вуҷуди он, дар аввали кор рӯзноманигорони хушном - Раъно Бобоҷониён, Саодат Каримова, Мухтори Абдуллоҳ, Парвонаи Фирӯз, Дилбар Самадова, Каримбой Комилов ва чанд тани дигар бо камоли меҳр ба шогирдон дарс мегуфтанд. Фурсат лозим буд, ки ин устодон бо кори илмӣ низ машғул шаванд ва рисолаҳои илмии худро ҳимоя кунанд, то нерӯи илмии кафедра иқтидор пайдо кунад.

Ҳоло аз он рӯзгор қариб чаҳоряк аср сипарӣ шуда, аксари устодони кафедра соҳибунвонанд ва ҳама ҷавону пурғайратанд. Ҷолиб он аст, ки аксари соҳибунвонҳо хатмкардагони ҳамин шӯъба ҳастанд ва кафедра имрӯз пурра бо мутахассисони соҳибунвон таъмин аст. Ихтисосҳои зиёди журналистӣ таъсис ёфтаанд. Ҳам устодон ва ҳам донишҷӯён дар семинарҳои беҳтарини мутахассисони маъруфи ҷаҳон ширкат кардаву бо навтарин падидаҳои журналистикаи муосир ошноӣ доранд ва ҳамарӯза дониши худро такмил медиҳанд.

- Аксари собиқадорон ва устодони журналистикаи тоҷик имрӯз бар ин назаранд, ки ҳама кафедраҳои журналистии донишгоҳҳои минтақа барҳам дода, дар як факултет ва минбаъд як донишгоҳи журналистика муттаҳид гарданд. Назари Шумо дар ин хусус чист?

- Ман ҷонибдори ин назар нестам. Бигузор мактабҳои журналистӣ дар минтақаҳо ҳам вуҷуд дошта бошанд. Мақсад тайёр кардани мутахассиси хуб бояд бошад. Аммо ин масъала ба ҷуз вобастагӣ ба мактабҳои хуб, маъмулан инфиродист, яъне марбут ба фард аст. Барои мутахассиси хуб шудан пеш аз ҳама хоҳиш доштан, аз омӯзиш хаста нашудан, бо замон ҳамқадам будан, ҷуръат доштан, дардҳои замонро дида тавонистан ва ба онҳо даво ҷустан лозим аст. Ҳазорҳо китобу шабакаҳои интернетӣ, мактабҳои бузурги ҷаҳонӣ барои такмили ихтисос метавонанд мусоидат кунанд. Аммо ба кафлес танҳо чизе меояд, ки дар дег бошад. Манзури ман ҷавҳари зотӣ ва ангезаҳои ботинии инфиродист.

- Пас, ба назари Шумо, имрӯз журналистикаи тоҷик дар чӣ вазъ қарор дорад?

- Ба ин савол беҳтар аст, ки мутахассисон ҷавоб гӯянд. Бо он ки ман дар таъсиси ин ихтисос дар вилоят саъй намудам, мутахассиси ин соҳа, яъне рӯзноманигор нестам. Афзун бар ин, бар он назарам, ки «рӯзноманигорӣ» имрӯз аз решаи худ, яъне истилоҳи ифодагари он фаротар рафта, соҳаҳои дур аз рӯзномаро шомил шудааст, ки аз баъзе анвои он мисли веб-журналистика, журналистикаи чандрасонаӣ, журналистикаи рақамӣ ва ғайра огоҳии камтар дорам. Бо он ки бо фаъолияти рӯзноманигорони беҳтарин каму беш ошноӣ дорам, нашояд ба ин камдонӣ дар бораи вазъи умумии журналистика сухан ронем. Медонам, ки ин соҳа низ мушкилоти зиёд дорад, вале бигзор мутахассисони соҳа аз он сухан ронанд.

- Ҳусни пойтахт: биноҳои таърихӣ дар ниҳоят, вазъи имрӯзи Душанберо чӣ гуна дарёфтед?

- Ман, хушбахтона, ҳар сол чанд маротиба ба ин нозаниншаҳр меоям ва мебинам, ки на сол ба сол, балки рӯз ба рӯз зеботар мешавад. Хусусан, солҳои охир. Ҳар моҳ чандин қасру кӯшку биноҳои боҳашамат, боғу чаманҳои дилфиреб, хиёбонҳои гулрезу назаррабо бунёд меёбанд.

Вале дилам мехоҳад, дар баробари бунёди биноҳои баландошёнаву гулзорҳои шигифтангез, биноҳои таърихӣ низ ҳифз шаванд. Охир, бобоҳои мо он ҷо кор кардаанд ва барои ба имрӯзи зебо расидани насли мо қадамҳои нахустинро бебокона гузошта, барои ин сарзамини биҳиштосо ҷон бохтаанд…

Ҳифзи таърихи ками монда, бо ҷабри таърих, ки кули ёдгориҳои моро ба коми оташ кашид, дар ин рӯз фарз ва қарз аст.

- Ташаккур муаллимаи азиз.

- Саломат бошед.

https://halva.tj/tj/articles/talk/matlubai_mirzoyu...


МАРКАЗИ ИТТИЛООТ