​Мирзо Турсунзода – вассофи сулҳ

Таҳти ин унвон бо ташаббуси кафедраи адабиёти муосири тоҷики ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бахшида ба 110-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода дар факултети филологияи тоҷик чорабинии адабӣ-фарҳангӣ баргузор гардид.

Дар чорабинӣ директори хона-музейи Мирзо Турсунзода Муаттара Ғаниева ва устодону донишҷӯёни факултет иштирок намуданд.

Мудири кафедраи адабиёти муосири тоҷик профессор Ӯлмасова Замира доир ба саҳми Мирзо Турсунзода дар рушди назми адабиёти муосири тоҷик суханронӣ намуд.

Гуфта шуд, ки муҳаббати поки устод Турсунзода ба сарзаминни аҷдодӣ, обу хоки Ватан, бешубҳа, барои наслҳои зиёди миллат ҳамчун намунаи олии ибрат хизмат хоҳад кард.

Ҳамзамон, донишҷӯён аз ашъори Мирзо Турсунзода шеъру сурудҳо қироат намуда, саҳнаи ҷолиб аз лаҳзаҳои зиндагии шоир намоиш доданд.

Дар қисмати фарҳангии чорабинӣ донишҷӯёни факултети санъат ҳунарнамоӣ карданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

https://www.sugd.tj/tj/navidi-sugd/16021-mirzo-tur...

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ