​ДДХ – Интихоби дуруст!

Айни замон марҳилаи ҳуҷҷатсупории довталабон ба Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дохилшавӣ ба муассисаҳои олии кишвар ҷараён дорад. Аз оғоз, яъне, 1-уми марти соли равон то 26-уми апрел барои имтиҳони марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ барои соли таҳсили 2021-2022 71689 нафар ҳуҷҷат супориданд.

Дар ин бора Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сомонааш маълумот дарҷ кардааст. Дар ҷадвали нашршуда оид ба рафти интихоби довталабон маълумот дода, дар он Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров мақоми хосаро дорад.

Мувофиқи маълумоти омории Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” 71689 нафар ҳуҷҷат супоридаанд. Бо ин нишондод Донишгоҳи давлатии Хуҷанд баъди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, мақоми дуюмро касб кардааст. Ин нишондод бозгӯи нуфузи бесобиқаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров миёни муассисаҳои олии кишвар ва берун аз он мебошад.

Коршиносони соҳа мегӯянд, нуфузу эътибори донишгоҳ ба яке аз куҳантарин муассисаҳои олии кишвару дорои пойгоҳи хуби илмиву таълимӣ буданаш нисбат медиҳанд.

Донишгоҳи давлатии Хуҷанд тӯли 89 соли фаъолияташ дар тайёр кардани садҳо ҳазор мутахассисони омӯзгориву ғайриомӯзгорӣ саҳми арзанда гузоштааст. Он аз калонтарину сернуфузтарин донишгоҳҳои Тоҷикистон ва ҳатто Осиёи Миёна ба шумор меравад.

Танҳо соли таҳсили 2020-2021 ба донишгоҳ 3730 нафар дохил шуданд, ки нисбат ба соли қаблии он 181 нафар бештаранд. Ҳамин гуна, сол аз сол шумораи довталабони донишгоҳ афзуда, айни замон шумораи умумии донишҷӯён ба 23130 нафар баробар аст. Ба онҳо 875 нафар омӯзгорони штатӣ, ки 44 нафарашонро докторони илм, профессор, 9 номзади илм, профессор, 297 номзади илм, дотсент, 47 номзади илм, сармуаллим, 7 номзади илм, муаллим, 213 сармуаллим ва 258 муаллим ташкил медиҳанд, дарс мегӯянд. Дар маҷмӯъ 50 дарсади устодон соҳибунвон мебошанд.

Соли таҳсили ҷорӣ дар донишгоҳ 22 ихтисоси нав рӯи кор омада, гузашти фурсати кӯтоҳ саривақтӣ ва ба талаботи имрӯз ҷавобгӯ будани онҳоро собит кард. Аз рӯи омори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки вобаста ба интихоби ихтисосҳои муассисаҳои таълимӣ раддабандӣ шудааст, шумораи ҳуҷҷатсупоридагон ба ихтисосҳои нави донишгоҳ хеле зиёданд.

Дар донишгоҳ аз рӯи 89 ихтисос мутахассис тайёр карда мешаванд, ки дархурди шароити имрӯз ва бозори меҳнатанд. Феълан, муассиса дорои 18 факултет, 80 кафедра, аз ҷумла панҷ кафедраи умумидонишгоҳӣ мебошад. Дар шуъбаи ғоибона ва инчунин таҳсилоти фосилавӣ 35 ихтисос амал мекунанд.

Ҳадафи доимии Раёсати донишгоҳ пайваста баланд бардоштани сифати таълиму тадрис мебошад, ки барои расидан ба ин мақсади асосӣ пайваста тадбирҳо меандешад.

Ба талаботи муосир ҷавобгӯ будани раванди таҳсил, фароҳам будани имконоти васеи донишандӯзӣ аст, ки имрӯзҳо бештари довлатабон Донишгоҳи давлатии Хуҷандро интихоб мекунанд.

Тахмина ЮСУФОВА,

“Нури маърифат”

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ