Нишасти навбатии маҳфили «Ганҷи сухан» ба 110-солагии Мирзо Турсунзода ва 80-солагии Лоиқ Шералӣ бахшида шуд

Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров нишасти 190-умини маҳфили илмиву адабии «Ганҷи сухан» бахшида ба 110- солагии Қаҳрамони Тоҷикистон, Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода ва 80-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ бо иштироки адибону олимони маъруфи кишвар, адибони ҷавон, мухлисони адабу фарҳанг баргузор гардид.

Аҳли нишаст дар оғоз филмҳои кӯтоҳмуддат дар бораи устодон Мирзо Турсунзода ва Лоиқ Шералиро тамошо карданд.

Дар сухани ифтитоҳӣ роҳбари маҳфил, адабиётшинос Саидумрон Саидов дар мавриди мавзӯъ ва муҳтавои нишасти навбатӣ изҳори назар намуда, аз ҷумла зикр кард, ки нишасти навбатӣ дар остонаи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад ва ба 110- солагии Қаҳрамони Тоҷикистон, Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода ва 80-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ бахшида шудааст.

Дар маҳфил доктори илмҳои филология, профессор Абдунабӣ Сатторзода дар мавзӯи “Турсунзода ва Лоиқ : машъалафрӯз ва машъалдор (нигоҳе ба як марҳалаи такомули шеъри тоҷикӣ ва вежагиҳои он)” баромади пурмуҳтавое намуд. Аз назари муҳаққиқ устод Турсунзода машъалафрӯз ва устод Лоиқ машъалдори адабиёти тоҷик маҳмуб мешаванд. Ҳамзамон профессор Сатторзода Абдунабӣ баъзе аз муҳаққиқонеро, ки аз сари нодониву бехабари санги маломат ба шеъри ин адибон мепартоянд зери тозиёнаи танқид қарор дод. Адабиётшинос Ҳафиз Раҳмон дар мавзуи “Устод Мирзо Турсунзода ва истиқболи ӯ аз Низомию Иқбол” дар заминаи пажӯҳиши густурда аз коргоҳи эҷодии устод Турсунзода сифат намуд. Ӯ аз огоҳии комили устод Турсунзода аз адбиёти классикӣ сухан карда, аз таъсири шеъри Низомиву Иқбол бо мисолҳои мушаххас ибрози назар кард.

Шоири халқии Тоҷикистон Фарзона дар бораи ҳунари шоирии устод Турсунзода сухан карда, хотираҳои некеро аз рӯзгори устод Лоиқ барои ҳозирон баён намуд ва шеъреро ба ёди устод қироат кард. Шоирони Халқии Тоҷикистон Аскар Ҳаким ва Камол Насрулло низ хотироти хешро ёдоварӣ карда, дар васфи Турсунзодаву Лоиқ шеърҳои навэҷодашонро қироат намуданд.

Дар поёни маҳфил ба ҳамаи меҳмонон туҳфаҳои арзанда, аз ҷумла китобҳои тозанашри адабиву илмӣ ҳадя гардид.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ