​Довталаб-2021: Ритми зиндагиро бо мо хушоҳанг намо!

Агар хоҳиши дар оянда мутахассиси арзанда шуда, ҷиҳати пешрафти системаи таълими санъати мусиқӣ нақш гузошта бошед. Ҳамчунин дар мактабҳои миёнаи умумӣ ҳамчун омӯзгори дарси суруд ва мусиқӣ, хормейстер, роҳбари мусиқӣ дар муассисаҳои томактабӣ, беруназмактабии маориф, дар ҳамаи муассисаҳои фарҳангӣ фаъолият дошта бошед.

Пас мо ба Шумо тавсия медиҳем, ки ихтисоси ихтисоси санъати мусиқии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуровро аз рӯйхати ихтисосҳои Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки таҳти рамзи 1 03 01 02 омадааст, дарёфт ва интихоб намоед!

Ихтисоси Санъати мусиқӣ дар кафедраи таърих ва назарияи мусиқии факултети санъат амал мекунад.

Таълим дар ин ихтисос аз рӯи низоми бакалавр (муҳлати таҳсил 4 сол) сурат мегирад.

Шакли таҳсил рӯзона, намуди таҳсил ройгон ва шартномавӣ мебошад.

Рамзи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 109 сабт гардидааст.

Марҳабо ба махзани илму маърифат ва макони нуру зиё!

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ