ДДХ: Сафар ба Помири Шарқӣ, Қарокӯл ва Мурғоб барои гузаронидани экспедитсия

Имрӯз 8-уми июн, 16 нафар аз ҳисоби донишҷӯён ва олимони ҷавони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров барои гузаронидани экспедитсия ба Помири Шарқӣ, Қарокӯл ва Мурғоб ба сафар баромаданд.

Нимаи аввали рӯз, ректори донишгоҳ, профессор Ҷамшед Ҷӯразода бо тими тадқиқотчиён муоқот намуда, гуфт, ки иқдоми мазкур дар заминаи эълони солҳои 2020-2040 "Бист солаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, риёзӣ ва дақиқ дар соҳаи илму маориф", "Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ" ва бахшида ба 90-солагии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров рӯйи кор омадааст.

Маврид ба зикр аст, ки дастаи мазкур тӯли 10 рӯз ба омӯзиши табиати Помири Шарқӣ, Қарокӯл ва Мурғоб машғул шаванд.

Роҳбари гурӯҳ, профессор, доктори илмҳои геология ва минералогия Садриддин Абдураҳимов аҳамияти амалии тадқиқоти экспедитсиониро дар он мебинад, ин иқдом барои омўзгорон ва донишҷӯён ҷиҳати таҳияи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, рушди устувори сайёҳии кӯҳӣ, геоэкологӣ дар ноҳияҳои кӯҳииТоҷикистон заминаи воқеӣ мегузорад. Илова карда шуд, ки натиҷаи тадқиқот дар таълими фанҳои география, геоэкология, географияи сайёҳӣ ва хатарҳои геологӣ (офатшиносӣ) истифода карда мешавад.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ