​Нақши фолклори маросимӣ дар рушди расму оин ваҳунарҳои мардумӣ

Мусаллам аст, ки халқи тоҷик тӯли асрҳост,дар лаҳзаҳои шодиву хурсандӣ ва ғаму андӯҳ силсилаи оинҳои аҷдодиро роҳандозӣ намуда, сурудҳои ба он хосро мехонад. Бахшимуҳими фолклори маросимиитоҷикро анъанаҳои мавсимӣ ва маросими оилавӣ-иҷтимоӣ, ки бо маросимҳои силсилаи ҳаёти инсон вобастаанд, ташкил менамоянд.

Тӯли як моҳ мешавад, ки дар факултети таҳсилоти ғоибонаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров аттестатсияи давлатӣ ҷараён дорад. Ба ин муносибат таърихи чоруми июни соли ҷорӣ ҳимояи рисолаи хатми донишҷӯи гурӯҳи 502, ихтисоси забон ва адабиёти тоҷик Зиёда Муҳаммадиева дар мавзӯи “Нақши фолклори маросимӣ дар рушди расму оин ва ҳунарҳои мардумӣ” баргузор гардид.

Рисоланавис Зиёда Муҳаммадиева вобаста ба мавзӯи рисолаи худ, гӯшаи намунаи аёнияти дастии хешро ташкил намуда, дар он сӯзаниву зардевориҳои хушдӯхт, тоқиву либосҳои миллии занонаву арӯсона, ҷойнамозуболинҳои гулдӯзии дастӣ, дастурхону гаҳворапӯшакҳои қуроқиро ба тамошо гузошт.

Ҳамчуин донишҷӯ баъди ироаи маърӯза намунаи фолклори маросимии “Ёр-Ёр” ва суруди “Алла”- ро, бо лаҳзае аз маросими гаҳворабандон пешкаши ҳозирин намуд

Роҳбари илмии донишҷӯ, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Муқаддасхон Неъматова ёдрас шуд, ки шогирдаш Зиёда барои дӯхтан ва пешниҳод намуданичунин маводи гаронарзиши миллӣ хеле заҳмат кашида, сарчашмаҳои илмиву адабии зиёдеро мутоила намудааст.

Аъзоёни комиссияи аттестатсияи давлатӣ ба рисолаи хатми Муҳаммадиева Зиёда баҳои аълоро сазовор донистанд.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ