ШИСТ: нашри роҳнамо барои озмуни тести беҳтарин

Бо ташаббуси шуъбаи идоракунии сифати таҳсилот раҳнамо оид ба тартиби гузаронидани озмуни тести беҳтарин нашр гардид.

Мақсад аз интишори раҳнамои мазкур баланд бардоштани сифати таҳсилот ва татбиқи низоми гузаронидани санҷиши тестӣ унвон мешавад.

Маврид ба зикр аст, ки раҳнамо фарогири тартиби гузаронидани озмун, меъёри баҳогузорӣ ба тестҳо, талабот ба тестҳои пешниҳодшаванда буда, ҷиҳати ташкил ва гузаронидани озмуни мавриди назар дастури муфид маҳсуб меёбад.

Гуфта мешавад, ки озмуни тести беҳтарин дар ду бахш: гуманитарӣ ва дақиқ гузаронида шуда, ғолибон бо диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ қадр хоҳанд шуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ