​Қадршиносии ректори донишгоҳ аз ҷониби ИЖТ

Ҷӯразода Ҷамшед Ҳабибулло, ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар арафаи таҷлил аз Рӯзи матбуоти тоҷик бо Сипосномаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон сарфароз гардид.

Илҳом Ҷамолиён, раиси Суғдии Иттифоқи журналистони Тоҷикистон зимни супоридани Сипоснома ба доктори илмҳои таърих, профессор Ҷамшед Ҷӯразода миннатдории Раиси ИЖТ Зиннатуло Исмоилзодаро расонида, таъкид дошт, ки иқдому ташаббусоти Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ҷиҳати рушду нумӯи журналистикаи тоҷик ва омода намудани кадрҳои ҷавони рӯзноманигорӣ муассир ва шоистаи таҳсин мебошад.

Зикр гардид, ки таъсиси ихтисосҳои нави рӯзноманигорӣ, аз қабили рӯзноманигори телевизион, WЕВ–рӯзноманигорӣ, иттилоот ва робита (технологияҳои робита), ташкили Маркази медиажурналистика ва рушди расонаҳои нав, фаъолияти маҳфили “Нерӯи сухан” ҷиҳати такмили маҳорати нигорандагӣ ва эҷодии донишҷӯён аз зумраи ибтикороти судманду самарабахши донишгоҳ маҳсуб меёбад, ки дар самти рушди журналистикаи тоҷик нақши арзишманд хоҳад гузошт.

P.s. Ҷомеаи меҳнатии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ректори донишгоҳ, доктори илмҳои таърих, профессор Ҷамшед Ҷӯразодаро бо Сипосномаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон табрик гуфта, ҷиҳати таъмини шароити мусоид ва имкониятҳои арзанда барои рушди журналистика миннатдорӣ иброз менамояд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ