Даври ниҳоии озмуни “Муаррифии беҳтарин” баргузор шуд

Озмуни “Муаррифии беҳтарин”, ки бо ташаббуси шуъбаи идоракунии сифати таҳсилот эълон шуда буд, ҷамъбаст гардид. Дар озмун 9 нафар довталаб аз факултетҳои донишгоҳ иштирок намуда, маҳорати худро дар самти таҳия ва омода намудани муаррифинома (презентатсия) санҷиданд.

Маврид ба зикр аст, ки озмуни “Муаррифии беҳтарин” дар се сатҳ: кафедра, факултет ва раёсат доир гардида, ба иштирокчиён аз рӯйи як қатор меъёр, аз қабили мувофиқ будани муаррифӣ бо силлабуси фаннӣ, ороиши муаррифӣ, миқдори слайдҳо, истифодаи тасвирҳо, интихоби ранг, пай дар пайии мантиқии слайдҳо, қолаббандии мавзўъҳо, маҳорату малакаи истифодаи технологияи муосир дар гузориш, риояи талаботи имлои забони тоҷикӣ холгузорӣ шуд.

Ғолибон аз ҷониби роҳбарияти донишгоҳ қадр хоҳанд шуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ