Мактаби сарварии сиёсии Пешвои миллат - Эмомалӣ Раҳмон ва дурнамои рушди он

Таҳти ин унвон дар нашриёти «Нури маърифат»-и МДТ «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» монографияи муҳаққиқ, сиёсатшинос, олими варзида, муовини ректор оид ба илм ва инноватсияи ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, дотсент Саидзода Диловар ба тозагӣ рӯи чоп омад. Дар асари мавриди назар хусусиятҳои ташаккули сарварии сиёсӣ дар шароити тағйирпазирии ҷомеаи Тоҷикистон маврдиди таҳқиқу баррасии густарда қарор гирифтааст. Дар навбати аввал заминаҳои таърихию сиёсӣ ва назариявию методологии ташаккулёбии сарварии сиёсӣ таҳлилу баррасӣ гардида, хусусиятҳои муҳимми рушди ниҳоди сарварӣ дар Тоҷикистони соҳибистиқлол таҳқиқ гардидааст. Ҳамичунин дар китоб раванди ташаккули мактаби сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мавриди омӯзиш қарор дода шудааст. Натиҷаҳои таҳқиқот барои ташаккули ниҳоди сарварӣ ва мактаби сарварии сиёсӣ аҳамияти илмию назариявӣ дошта, ба рушди Мактаби сиёсии Пешвои миллат заминаи илмӣ гузошта метавонад.

Китоби «Мактаби сарварии сиёсии Пешвои миллат - Эмомалӣ Раҳмон ва дурнамои рушди он» аз пешгуфтор, ду боб, панҷ фасл ва хулосаву феҳристи адабиёт иборат буда, ба муаррихон, ҷомеашиносон, сиёсатмадорон ва доираи васеи хонандагон пешниҳод мегардад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ