Қадамҳои устувор сӯйи парвозу эъҷозҳо

Ин навбат қаҳрамони саҳифаи мо дар бахши “Шогирдони шоиста” Раҳимова Фарзона – донишҷӯи соли сеюми факултети филологияи рус аст. Ғолиби озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, барандаи стипендияи раиси шаҳр ва раиси вилоят, донандаи се забони хориҷӣ, ғолиби як қатор озмунҳои дохил ва хориҷи кишвар...

Фарзона дар оилаи зиёӣ таваллуд шудаву дар муҳити илму адаб ба камол расидааст. Шояд таъсири ана ҳамин муҳит буда, ки дар қалбаш муҳаббат ба илму адабиёт ва китобу мутолиа аз хурдӣ ҷо гирифта.

Маҳз ҳамин шавқу рағбат буд, ки ӯро ба озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” овард.

Ба таъкиди худи Фарзона, ӯ бовар надошт, ки дар озмуни мазкур ғолиб меояд, чун рақобат дар ин озмун воқеан шадид ва сахт буд.

Саводи баланд, масъулиятшиносӣ, сермутолиагӣ ва ҳидоятҳои падар ва устодаш буд, ки мавсуф дар даври шаҳрии озмун ҷойи дуюм, дар даври вилоятӣ ҷойи якум ва дар даври ҷумҳуриявӣ мақоми сеюмро соҳиб гардид.

Соли 2023 – ро Фарзона барои худаш соли рушду пешрафт ва соли талошу муборизаҳо медонад. Мубориза барои омӯзиш ва ба даст овардани дониши бештар...

Дар мавриди лаҳзаи хотирмонтаринаш аз озмун таъкид намуд, ки суханронӣ ва тасвири бардошту таассуроташ аз ҳама лаҳзаҳои фаромӯшнопазир буданд.

Фарзона Раҳимова дар озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” аз рӯи номинаи “Адабиёти ҷаҳон” иштирок намудааст. Барои иштирок дар ин озмун вай наздик 100 китобро аз адибони ҷаҳон мутолиа ва аз худ кардааст.

Китоби дӯстдоштатаринашро ӯ романи «Масстер и Маргарита» —и Михаил Булгакова унвон намуд.

Ӯ иштирокчии лоиҳаи тадқиқотӣ дар доираи мактаби тобистонаи шаҳри Екатеренбурги Руссия оид ба муайян намудани муаммоҳои омӯзиши забони русӣ барои хориҷиён мебошад.

Ният дорад, ки риштаи магистратураро низ дар шаҳри Екатеренбург давом диҳад.

Дар мавриди он ки оянда худро ба ҳайси ки дидан мехоҳад, посух дод, ки омӯзгори адабиёти хориҷа будан мехоҳад.

Барои ҳамсолони худ тавсия медиҳад, ки вақти хешро қадр кунанд ва самаранок истифода баранд. Зеро, ба таъкиди Фарзона, вақт хеле тез мегузарад ва сифатноку самаранок истифода бурдани он кафили пешрафт ва саодати инсон аст.

Мо дар ҷодаи расидан ба орзуву ҳадафҳояш ба Фарзона Раҳимова барору тавфиқи пайваста таманно дорем.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ