​Тозанашр: Фарзанди маҳбуби Ватан

Китоби «Фарзанди маҳбуби Ватан: Маљмўаи маќолањо доир ба ҳаёт ва фаъолияти академик Бобоҷон Ғафуров» - фарогири суханрониҳо ва мақолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба 100 – солагии Бобоҷон Ғафуров мебошад.

Китоби мазкур маҷмӯи мақолаҳои олимонро бо се забон - тоҷикї, русӣ ва ӯзбекї дар бар гирифта, дар нашриёти “Меъроҷ” дар ҳаҷми 188 саҳифа нашр гардидааст.

Дар маҷмӯаи мазкур ҷой дода шудани суханронӣ ва мақолаи илмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аҳаммияти калони илмӣ ва тарбиявӣ дорад. Зеро, дар он тамоми паҳлуҳои фаъолияти илмӣ ва арбоби барҷастаи давлатии аллома Бобоҷон Ғафуров инъикоси худро ёфта, арзиши илмии маҷмуаро баланд бардошта, дар самти омӯзиши корномаҳои аллома Бобоҷон Ғафуров аҳаммияти калон дорад.

Дар мақолаҳои маҷмӯаи мазкур муаллифон масъалаҳои муҳими марбут ба зиндагӣ ва фаъолияти пурсамари аллома Бобоҷон Ғафуров ва бузургдошти номи ӯ дар даврони истиқлол зери унвонҳои “Пешвои миллат ва шинохту тақдири корномаҳои академик Бобоҷон Ғафуров”, “Чеҳраи тобони аллома Бобоҷон Ғафуров дар асари Пешвои миллат “Чеҳраҳои мондагор”, “Академик Бобоҷон Ғафуров ва мероси фарҳангии тоҷикон”, “Фаъолияти сиёсӣ ва ташкилотчигии Бобоҷон Ғафуров дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ”, “Академик Бобоҷон Ғафуров ва тарбияи муҳаққиқони ҷавон”, “Саҳми Бобоҷон Ғафуров дар рушди санъати мусиқии тоҷик” ва ғайра инъикоси худро ёфтааст.

Маҷмӯаи мазкур тӯҳфаи арзанда дар соли таҷлили 115 – солагии аллома Бобоҷон Ғафуров ба ҳисоб рафта, дар рушди ғафуровшиносӣ ва дар рӯҳи худшиносӣ, худогоҳӣ, ватандӯстї тарбия намудани насли наврас хизмат хоҳад кард.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ