ҚАДАМИ НАВ ДАР ОМОДАСОЗИИ МУТАХАССИСОНИ ЖУРНАЛИСТИКАИ РАҚАМӢ
Оғози соли нави таҳсил ҳамеша барои аҳли маориф марҳалаи ҷамъбасти таҷрибаи андӯхташуда ва ҳамзамон муайян намудани самтҳои нави фаъолият мебошад. Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ имсол низ бо муҳтавои фарогир ва масъалаҳои муҳими марбут ба рушди соҳаи маориф, омодасозии кадрҳо, истифодаи технологияҳои муосир ва мутобиқ намудани низоми таълим ба талаботи замон сурат гирифт.
Суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ, ки дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №105-уми шаҳри Душанбе баргузор гардид, барои ҷомеаи омӯзгорӣ, аз ҷумла устодони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, дорои аҳаммияти махсус мебошад. Дар он дар баробари дастовардҳои соҳаи маориф масъалаҳои сифати таълим, интихоби касб, омодасозии мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи замон, истифодаи технологияҳои рақамӣ, омӯзиши зеҳни сунъӣ ва робитаи муассисаҳои таълимӣ бо бозори меҳнат ба таври возеҳ таъкид гардиданд.
Яке аз нуктаҳои муҳими суханронӣ ба масъалаи моҳияти таҳсилоти муосир иртибот дорад. Таъкид гардид, ки ба ҷомеа на танҳо соҳиби диплом, балки пеш аз ҳама, мутахассиси воқеӣ зарур аст. Ин андеша дар назди муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ вазифаи ҷиддӣ мегузорад: барномаҳои таълимӣ бояд на фақат донишҳои назариявӣ, балки дониш, малака ва салоҳиятҳои амалиро ташаккул диҳанд, ки донишҷӯ баъди хатми донишгоҳ онҳоро дар муҳити воқеии касбӣ истифода бурда тавонад.
Технологияҳои нав – талаботи нави бозори меҳнат
Ҷаҳони муосир ба марҳалаи нави рушди технологӣ ворид шудааст. Рақамикунонӣ, рушди босуръати воситаҳои иртиботӣ, платформаҳои рақамӣ, шабакаҳои иҷтимоӣ ва махсусан зеҳни сунъӣ муҳити иттилоотиро тағйир дода, ба касбҳо, шаклҳои фаъолияти меҳнатӣ ва талабот ба мутахассисонтаъсири мустақим мерасонанд.
Дар чунин шароит мутахассиси муосири соҳаи журналистика ва иттилоот бояд ҳамзамон бо матн, акс, видео, аудио, графика, инфографика ва платформаҳои рақамӣ кор карда тавонад. Ӯ бояд хусусиятҳои муҳити вебро дарк кунад, аудиторияро омӯзад, муҳтавои худро барои платформаҳои гуногун мутобиқ созад, сарлавҳаи мувофиқ интихоб намояд, принсипҳои SEO-ро донад, иттилоотро санҷад ва дар ҳолати зарурӣ аз имкониятҳои зеҳни сунъӣ оқилона истифода барад. Аз ин рӯ, масъалаи таҷдиди барномаҳои таълимӣ имрӯз зарурати воқеии раванди таълим мебошад. Маҳз баъди омӯзиш ва муҳокимаи нуктаҳои асосии суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи аввали “Кафедраи иттилоот ва технологияҳои робитавӣ”-и МДТ “Дониш-гоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик бобоҷон Ғафуров” масъалаи мутобиқ намудани фанҳои таълимӣ ба талаботи замони муосир ва бозори меҳнат мавриди таваҷҷуҳи махсус қарор гирифт. Дар назди кафедра вазифаи муҳим меистад: мутахассисеро омода кардан, ки ба муҳити воқеии касбӣ ворид шуда тавонад ва донишҳои дар донишгоҳ гирифтаашро дар амал истифода барад.
Бознигарии барномаи таълимӣ
Барномаҳои таълимӣ бояд бо назардошти тағйироти илмӣ, технологӣ ва касбӣ мунтазам бознигарӣ шаванд. Зеро муҳити касбии журналистика дигар муҳити чанд соли пеш нест. Имрӯз веб-журналистика ба шакли мустақили истеҳсол ва паҳнкунии иттилоот табдил ёфтааст. Хабар метавонад дар чанд дақиқа таҳия, таҳрир, визуалӣ ва дар якчанд платформа паҳн карда шавад. Журналист бояд ҳамзамон ба суръат, дақиқӣ, сифат, меъёрҳои забонӣ, этикаи касбӣ ва талаботи аудитория ҷавобгӯ бошад.
Бо ҳамин ҳадаф барномаи нави фанни «Услубшиносии ВАО» барои панҷсолаи оянда таҷдиди назар карда шуд. Барномаи нав барои донишҷӯёни курси дуюми ихтисоси «Иттилоот ва робита (технологияҳои робита)» пешбинӣ гардида, 4 кредит ва дар маҷмуъ 96 соатро дар бар мегирад. Тағйироти муҳими барнома дар он ифода меёбад, ки фанни “Услубшиносии ВАО” ҳамчун омӯзиши хусусиятҳои забонии матбуоти анъанавӣ баррасӣ намегардад, балки дар барнома муҳити рақамӣ, шабакаҳои иҷтимоӣ, веб-матн, журналистикаи мултимедиявӣ, маълумоти рақамӣ, инфографика, SEO, UX ва зеҳни сунъӣ низ ҷойгоҳи муайян пайдо кардаанд.
Услубшиносии ВАО
Мақсади асосии таҷдиди фан аз он иборат аст, ки донишҷӯ истилоҳот ва мафҳумҳои назариявиро аз худ кунад ва донишҳои худро дар фаъолияти воқеии журналистӣ татбиқ намояд. Дар барномаи нав мавзуъҳое ворид шудаанд, ки бевосита ба муҳити имрӯзаи фаъолияти журналистӣ алоқаманданд. Аз ҷумла:
• забон ва услуби ВАО-и муосир;
• забони журналистика дар шабакаҳои иҷтимоӣ;
• матни чопӣ, веб-матн ва муҳтавои рақамӣ;
• забон ва услуби реклама, PR ва контенти брендӣ;
• таъсири технологияҳои рақамӣ ба забон ва услуби журналистика;
• матлаби мултимедиявӣ дар веб-журналистика;
• этика, верификатсия ва далелсанҷӣ;
• технологияҳои таҳия, таҳрир ва паҳнкунии маводи веб-журналистӣ;
• фарҳанги касбии иртибот дар мессенҷерҳо;
• жанрҳои хабарӣ, таҳлилӣ ва эҷодии журналистикаи рақамӣ;
• Data journalism, ҷадвал, графика ва инфографика;
• сарлавҳа, зерсарлавҳа, SEO ва clickbait;
• матн, визуал, дизайн, UX ва зеҳни сунъӣ дар муҳтавои рақамӣ.
Ин номгӯй худ нишон медиҳад, ки дарки услуби ВАО дар замони рақамӣ бояд аз доираи матни анъанавӣ берун равад. Журналист бояд фаҳмад, ки як иттилоот вобаста ба платформа чӣ гуна тағйир меёбад: матни рӯзнома бо веб-матн яксон нест; веб-матн аз пост дар шабакаи иҷтимоӣ фарқ мекунад; маводи видеоӣ низ услуб ва сохтори хоси худро дорад.
Аз дониш ба салоҳият
Яке аз нуктаҳои муҳими барномаи таҷдидшуда гузариш аз донишҳои назариявӣ ба фаъолияти амалӣ мебошад. Масалан, донишҷӯ вазифадор мешавад, ки як матни хабарии 300–400-калимагиро таҳия намуда, онро барои рӯзномаи чопӣ, сомонаи интернетӣ ва шабакаи иҷтимоӣ мутобиқ кунад. Дар машғулиятҳои дигар ӯ бояд маводи журналистиро ба формати рақамӣ табдил дода, унвони SEO ва пешниҳоди визуалӣ таҳия намояд. Дар бахши журналистикаи мултимедиявӣ донишҷӯ муносибати матн, акс, видео, аудио, графика, инфографика ва hyperlink-ро таҳлил мекунад. Дар журналистикаи додаҳо (Data journalism) бошад, маълумоти оморӣ ҷамъоварӣ шуда, ба ҷадвал, графика ё инфографика табдил дода мешавад. Ҳатто дар масъалаи истифодаи зеҳни сунъӣ муносибати барнома ба принсипи масъулияти касбӣ такя мекунад. Дар машғулиятҳо истифодаи ёрдамчии ЗС (AI) барои таҳияи маводи рақамӣ иҷозат дода шуда, ҳамзамон аз донишҷӯ талаб мешавад, ки матнро мустақилона санҷад, таҳрир кунад ва хатогиҳои эҳтимолии фактӣ ва услубиро муайян намояд. Ин равиш ниҳоят муҳим аст. Зеҳни сунъӣ бояд ҷойгузини тафаккури журналист набошад. Баръакс, донишҷӯ бояд омӯзад, ки чӣ гуна технологияи навро ҳамчун воситаи ёрирасон истифода бурда, масъулияти ниҳоии касбиро ба дӯш гирад.
Кадри муосир – кадри мутобиқшаванда
Яке аз мушкилоти муҳими соҳаи таҳсилоти олӣ масъалаи омодасозии кадрҳои ҷавобгӯ ба талаботи тағйирёбандаи бозори меҳнат мебошад. Барои соҳаи журналистика ин масъала боз ҳам муҳимтар аст, зеро технологияҳои истеҳсоли муҳтаво пайваста нав мешаванд. Мутахассиси имрӯз бояд омода бошад, ки баъди хатми донишгоҳ ҳам омӯзишро идома диҳад. Технология метавонад тағйир ёбад, платформаи нав пайдо шавад, воситаи нави таҳияи видео ё инфографика ба вуҷуд ояд, алгоритмҳои шабакаҳои иҷтимоӣ дигар шаванд. Аммо агар дар донишҷӯ малакаи мустақилона омӯхтан, таҳлил кардан, санҷидани иттилоот ва мутобиқ шудан ба шароити нав ташаккул ёфта бошад, ӯ метавонад дар чунин муҳит рақобатпазир боқӣ монад.
Аз ин рӯ, вазифаи асосӣ ташаккул додани салоҳияти касбӣ, тафаккури таҳлилӣ, эҷодкорӣ, масъулияти иттилоотӣ ва қобилияти омӯзиши пайваста мебошад.
Кафедра ва масъулияти нав
Дар ин замина, кафедраи иттилоот ва технологияҳои робитавӣ низ ба масъалаи бознигарии муҳтавои таълимӣ бо назари нав муносибат намуд. Талаботи имрӯзаи соҳаи журналистика ва иртибот моро водор месозад, ки дониш ва малакаҳои ба донишҷӯ пешниҳодшавандаро ба тағйироти муҳити рақамӣ ва талаботи бозори меҳнат мутобиқ намоем. Аз ин рӯ, дар баробари такмили мазмуни фанҳои тахассусӣ, ба ворид намудани мавзуъҳои марбут ба технологияҳои рақамӣ, журналистикаи мултимедиявӣ, шабакаҳои иҷтимоӣ, таҳлили маълумот, инфографика, SEO, UX ва зеҳни сунъӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир гардид. Ҳадаф аз ин иқдом омода намудани мутахассисоне мебошад, ки донишҳои назариявиро бо малакаҳои амалии касбӣ пайваст намуда, дар муҳити босуръат тағйирёбандаи иттилоотӣ мустақилона ва самаранокфаъолият карда тавонанд. Ихтисосҳои «Веб-рӯзноманигорӣ» ва «Иттилоот ва робита» ба соҳаҳое тааллуқ доранд, ки дар онҳо технология бо касб робитаи мустақим дорад. Аз ин рӯ, муҳтавои фанҳо бояд ба равандҳои воқеии соҳаи иттилоот, иртибот, журналистикаи рақамӣ ва бозори меҳнат наздик бошад.
Дар ин самт ҳамкории омӯзгорон, донишҷӯён, коршиносони соҳа ва муассисаҳои расонаӣ аҳаммияти калон дорад. Дар барномаи нави «Услубшиносии ВАО» барои корҳои мустақилона низ супоришҳои амалӣ пешбинӣ шудаанд: таҳлили маводи воқеии расонаӣ, таҳияи матн, мутобиқсозии он барои платформаҳои гуногун, таҳияи инфографика, фактсанҷӣ, таҳлили сарлавҳаҳо, таҳияи маводи рақамӣ ва омӯзиши имконияту маҳдудиятҳои зеҳни сунъӣ.
Аз имрӯз барои журналистикаи фардо
Суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ бори дигар моро ба андешаи муҳим водор месозад: рушди кишвар аз сифати кадрҳои он вобаста аст. Дар шароити рақамикунонӣ ин масъулият барои соҳаи журналистика ва иттилоот боз ҳам бештар мегардад. Аз ин нуқтаи назар, таҷдиди барномаи фанни «Услубшиносии ВАО» танҳо тағйир додани чанд мавзӯъ ё илова намудани чанд истилоҳи нав набуда, ин кӯшишест барои мутобиқ намудани муҳтавои таълим ба чеҳраи нави касби журналистӣ.
Имрӯз мо донишҷӯеро омода мекунем, ки фардо дар идораи сомонаи хабарӣ, телевизиони онлайн, радиои интернетӣ, агентии иттилоотӣ, хадамоти матбуотӣ, платформаи рақамӣ ё дигар муҳити иттилоотӣ фаъолият хоҳад кард. Бинобар ин, ӯ бояд ба талаботи чунин муҳит омода бошад. Дар шароите ки технологияҳо босуръат тағйир меёбанд, мо низ бояд ҳамқадами замон бошем. Агар имрӯз барномаҳои таълимиро бознигарӣ кунем, фанҳои навро ворид намоем, усулҳои амалии таълимро тақвият диҳем ва донишҷӯро ба талаботи воқеии касб наздик созем, барои журналистикаи рақамии кишвар кадрҳои рақобатпазир ва соҳибкасб омода хоҳем кард. Зеро ояндаи соҳаи иттилоотро технологияҳои муосир ва мутахассиси донишманд, соҳибмаҳорат, масъулиятшинос ва дорои тафаккури нав муайян мекунанд.
Шаҳноза Зарифова,
дотсенти кафедраи иттилоот ва технологияҳои робитавии
Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии
Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров»