ДАСТАРХОНИ МЕҲГОН ЧӢ ГУНА МЕШАВАД?
Ҳар ҷашни миллии мо – Наврӯз, Сада, Тиргон ва Меҳргон суннатҳои хоси худро доранд ва махсусан дастархони ҳар яки онҳо аз ҳамдигар фарқ мекунанд. Дар як суҳбати хос Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки ҳар ҷашн суннатҳои хоси худашро дорад ва бояд, ки онҳо риоя гарданд. Ин таъкиди Сарвари давлат комилан дуруст аст, зеро ҳар ҷашн гули худ, ҷомаи худ, бозиҳои худ ва дастархони идонаи худро дорад.
Дастархони Меҳргон ва ё худ суфраи Меҳргон аз ҷашнҳои дигари анъанавӣ фарқ дорад. Ҷашни Меҳргон дар замоне фаро мерасад, ки меваҳо пухта расидаанд ва дар дастархон гузоштани ҳафт намуди меваи тирамоҳӣ дар гузашта роиҷ будааст, ки инҳоянд: турунҷ, себ, биҳӣ, унноб, анор, ангури сафед, кунор. Турунҷ – меваи ситрусӣ аст, унноб – челон, кунор – дӯлона. Дар Тоҷикистон ва Осиёи Миёна ҷойи турунҷро – амруд ва ё нок гирифтааст.
Дӯлона ҳам як меваи ҷашни Меҳргон аст ва одатан, ду навъи он дар Тоҷикситон маъмул аст, як навъи он дар ҷануби кишвар зиёд мерӯяд ва онро гоҳо мардум «себчаи хурдак» ҳам мегӯянд. Дӯлонаро ҳамел карда дар бозорҳои Душанбе мефурӯшанд ва дар роҳи Хуҷанд – Душанбе ҳам ҳамел карда ба фурӯш мегузоранд. Он ҳам меваи дастархони Меҳргон аст.
Навъи дигари дӯлона сурхи хурд мешавад. Одатан, онро барои доругӣ истифода мебаранд. Дар дастархони Меҳргон бо истифодаи дӯлона ва хуҷ шарбат сохтан мумин аст.
Дар дастархони идона ин ҳафт мева ҳафтдонагӣ дар табақу тақсимчаҳо гузошта мешавад. Умуман, дастархони ҳафтмевадори ҷашни Меҳргонро – «ҳафтхон» мегуфтанд.
Ба ғайр аз меваҳо дар дастархони Меҳргон нӯшокиҳо ҳам буданд, ки маъруфтарини он гулоб буд. Гулобро аз барги гули садбарг омода мекарданд. Барги гулҳои садбаргро ҳанӯз бӯяш гум нагашта чида дар сояофтоб каме мегузоштанд, то рутубаташ кам гардад. Баъд онро дар хурма, кӯзаи хурд ва ё дар банкаи селитра як қабат барги гул ё пати гул ва як қабат шаркар мепошиданд. Даҳони зарфро бо латта ва аз болои латта бо лойи гил андова мекарданду зарфро дар ҷойи сояофтоб мегузоштанд. Дар чанд муддат барги гул ва шакар омезиш ёфта, як маҳлули аҷиби хушбӯй ҳосил мегашт. Ба оби ҷӯшонида як миқдор хамираи гулобро ҳамроҳ мекарданд, ки бо бӯйи гули садбарг ва ранги сурхтоби равшан падид меомад.
Оби мева ва ё афшураи меваҳои тару тоза ҳам яке аз нӯшокиҳои ҷашни Меҳргон мебошад.
Аз шириниҳои ҷашни Меҳргон, ки дар байни тоҷикон хеле паҳн гашта буд, шиннӣ мебошад. Одатан, шинниро аз оби ангур тайёр мекарданд. Сари ангурро дар чархушт ва ё чорхиштак гузошта, онро мефишурданд ва оби аз тарнови он рехтаро барои пухтани шиннӣ ва сирко истифода мекарданд. Шиннӣ нонтарии тирамоҳӣ ва ё худ меҳргонӣ буд, ки дар фасли зимистону баҳор ҳам онро истифода мекарданд. Маросими шиннипазӣ дар маҳаллаҳо ва деҳаҳо бо иштироки занони зиёд баргузор мегашт. Кадбонуҳо аз ангурҳои дар токи хонаҳояшон мавҷуда ҳам шиннӣ тайёр мекарданд. Барои шиннипазӣ навъи ангурҳои чарас, такобӣ, дили кафтар, ки маъмулан серобанд, истифода мегашт.
Дар ҷашнҳо нони худаш ҳам буд. Масалан, номи мулоими ширдор рамзи хок ва замини мулоим буд, ки бештар дар Наврӯз истифода мегашт. Дар ҷашни Тиргон нонҳои обӣ, ки дар тобистон сабук ва хушхур ва дар баробари ин рамзи об ҳастанд, истеъмол мегашт. Дар ҷашни Сада нонҳои равғанин ба монанди қатлама, чалпаки пиёзин истифода мешуд, ки ба оташ ва табъи гармӣ рабт доштанд.
Нони ҷашни Меҳргон ҳам махсус буд. Дар ҷашни Меҳргон нонҳои нисбатан сахттар пухта мешуданд. Масалан, нони ширмол, ки сахтак буд, бо оби нахӯт пухта мешуд. Дар водии Зарафшон ва дигар минтақаҳои Тоҷикистон ҳам нонҳои сахт пухта мешаванд, ки барои бо мева истемол кардан созгоранд.
Мутаассифона, пазандагони нони ширмол дар Хуҷанд хеле кам мондаанд ва эҳё кардани ин навъи нон, ки пухтанаш заҳмат ва эҳтиёти зиёдро талаб мекунад, талаботи замон аст.
Таомҳои идонаи ҷашни Меҳргон низ ба ҳосили нави рӯёнида робита доранд. Дар Меҳргон хӯрокҳо бо истифодаи мош, лӯбиё, нахӯт, ҷаварӣ ва дигар ҳубубот тайёр карда мешуданд. Пиёбаи кадугин, шавламошак, мошбиринҷ, шалғамбирён, хомшӯрбои себдор аз таомҳои ҷашни Меҳргон ва хӯрокҳои фасли тирамоҳанд. Гармак, лӯбиёшӯрак, лӯбиёпалав, лӯбиёпиёва низ аз хӯрокҳои суннатии ҷашни Меҳргон мебошанд.
Дар Меҳргон оши палавро аз бирини шолии нав кӯфташуда тайёр мекарданд. Дар баробари тайёр кардани оши палави Меҳргон хурандагон ба сифати биринҷи нав баҳо медоданд – оббардор аст ва ё не, деҳқон хуб кор кардааст ва ё не, баъди хӯрдани оши шолии нав баҳо дода мешуд. Барои оши палави Меҳргон хуриш – турб ва турби тарошидаи сиркопошида мебошад. Инчунин, оши ҷашни Меҳргонро бо донаҳои анор ва ё ангур истеъмол мекунанд.
Сиркохобонӣ ҳам яке аз машғулиятҳои фасли тирамоҳ ва махсусан дар ҳангоми фарорасии Меҳргон мебошад. Сиркои соли қаблиро дар хӯрокҳои ин ҷашн истифода мебурданд.
Аз меваҳои мағзнок писта ва чормағз хоси дастархони ҷашни Меҳргон мебошанд.
Аз таомҳои ширӣ бошад, дар дастархони Меҳргон ҷурғот ва ё чакка гузошта мешавад, дар Наврӯз бошад, шир мегузоранд.
Одати деринаи ҷашнҳои мо дар рӯи дастархон гузоштани гул ва ё рустаниҳо буд. Дар дастархони Меҳргон шохаи дарахти сарв (арча), гули ҳамешашукуфта ва ё гули довудӣ (харизантема) мегузоштанд.
Хушбӯиҳои ҷашни Меҳргон бошад, пораи биҳӣ, сабзӣ ва ҳазориспанд ҳастанд. Пораи биҳӣ, сабзӣ ва ё испанд рӯи лахча гузошта мешавад ва бӯйи хуши онҳо атрофро фаро гирифта, иштиҳои меҳмононро ба дастархони меҳргонӣ саршор мегардонанд.
Ислом Раҳимов,
устоди Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи
давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров»