РИСОЛАТИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ ДАР АЙЁМИ ҶАҲОНИШАВӢ
(Бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон)
Забони тоҷикӣ дар дарозои таърихи ҳастии хеш ҳамчун пурарзиштарин падидаи фарҳанги тоҷикон симои ин миллати куҳанбунёдро ба шоистагӣ муаррифӣ намуда омадааст. Таҷассуми олитарин маҳсули тафаккури бузургони адабиёт, илму маориф ва фарҳанги тоҷик дар оинаи забони тоҷикӣ боис гардидааст, ки на танҳо халқияти тоҷик, балки худи ин забон дар сатҳи умумибашарӣ мақоми хосае дарёфта, офаридаҳояш ба ҳукми нодиртарин навоҳири ақлонӣ барои ҷаҳониён ҷойгоҳи раҳнамоянда касб кунанд. Далели муътамади ин гуфтор то кунун маҳфуз мондани теъдоди касири нусахи хаттӣ бо забони форсӣ дар китобхонаҳои ҷаҳон мебошад, ки ҳар яке риштаҳои мухталифи улум, бадеъ ва адабиёт ҳунарро мутаҷаллӣ месозанд.
Манзалати таърихии забон дар даврони истиқлоли Тоҷикистон ҳам дубора рӯ ба боло гирифт ва ин, пеш аз ҳама, пайванд ба сиёсати давлат дар ҷодаи забон дорад, ки муҳимтарин тамоюл ва самтҳои он дар суханронии сарвари давлат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи забони тоҷикӣ, ки нахустин бор пас аз як соли қабули Қонуни нави Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» санаи 5 октябр соли 2010 таҷлил гардид, таъкид ёфтанд. Баёни андешаву назарот роҷеъ ба ин суханронӣ дар назари аввал пайванд ба ҳамин матлаб мегирад, ки дар он бо сабаби қабули тарҳи нави Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» муҳимтарин пешниҳодоту равандҳо ва барномаҳои муҳимми давлат шарҳу баён ёфтанд.
Дар ин суханронӣ чанд вазифаи муҳимми пажуҳишгарон ва соҳибзабонон дар мавриди ҳамоҳангсозии забон ва фарҳанги фановарии муосир, инчунин таҷаддуди равишҳои таълими забони тоҷикӣ, эҳё ва ба таркиби луғавии забони муосири тоҷикӣ ворид намудани вожагони классикӣ ва гӯйишии маншаъ дар сарчашмаҳои қадимӣ дошта, бархурди забонҳо бо ҷаҳонишавӣ ва амсоли ин мушаххас гардиданд. Яке аз аввалин нукоте, ки ишорат бар он рафт, он буд, ки «Пойдорӣ ва бақои суннату фарҳанги миллӣ дар шароити кунунии таъсири ҳамарӯзаи омилҳои ҷаҳонишавӣ ва нуфузи забонҳои муқтадир тавассути технологияи пешрафтаи муосир аз бисёр ҷиҳат ба қудрату тавоноии забон вобастагӣ дорад. Аз ин рӯ, моро лозим аст, то аз имконоти фаровони дохилии забонамон дар мисоли қолабҳои вожасозӣ ва луғоту истилоҳоти маҳфуз дар осори давраҳои таърихӣ мавриди истифода қарор диҳем. Бо дарназардошти собиқаи тулонии таърихӣ ва захираи бузурги луғавӣ забони тоҷикӣ дар мақоми забони давлатӣ дар асри ҷаҳонишавӣ низ метавонад иқтидори пешинаи худро эҳё ва ҳифз намояд».
Воқеан, ишорати бамаврид аст, ки забони тоҷикӣ имконоти таърихии фаровон барои такмили худро соҳиб мебошад ва ин таҷрибаро дар ашъори аксари суханвари пешинаамон ба равшанӣ эҳсос менамоем. Дар замони ҷаҳонишавӣ вақте нуфузи забонҳои ба истилоҳ абарқудрат дигар забонҳоро ба тасарруфи хеш дароварданӣ мешавад, бояд ҳамагуна забонҳои қобили муқовимат ба ин рӯйкард аз захираҳои ғании таърихии хеш истифода намоянд. Забони тоҷикӣ соҳиби чунин қудрати неруманди таърихӣ мебошад ва имрӯз зарурате пеш омадааст, ки бар мабнои қолибҳои роиҷ дар забони тоҷикӣ вожаву мафоҳими мавҷуд дар осори пешинро барои таҷассуми матолиби ҷадид истифода намоем. Дар кишварҳои ҳамзабони мо ҳамин гуна таҷрибаҳоро дар мавриди истилоҳоти муосири компутерӣ аллакай истифода бурда истодааст ва дар Тоҷикистон ҳам ба нашр расидани «Фарҳанги ожаҳои компутерӣ» аз суръат гирифтани ин раванд башорат медиҳад.
Дар робита ба ҳамин нукта дар суханронии Пешвои миллат ба масъалаи ба забони илм табдил додани забони тоҷикӣ таъкиди ҷолиб садо дод: «Муҳаққиқонро лозим аст, то дар бахши забони илм аз суннати тӯлонии забони тоҷикӣ дар пайванд додани он ба меъёрҳои илмӣ огоҳона истифода намоянд. Таҷрибаи забони лотинӣ ва арабӣ дар иртибот ба забони илм далели ин гуфтаҳо буда, имрӯз бештари кишварҳо, ки ба дастовардҳои бузурги илми ҷаҳонӣ ноил шудаанд, илми хешро тавассути забонҳои миллӣ эҷод ва муаррифӣ менамоянд. Аз ин рӯ, забони миллӣ дар мақоми забони расмӣ ва давлатӣ асоси ташаккули илму маориф ва тамаддуни ҳар кишвар мебошад». Мо дар гузаштаи тулонии худ соҳиби осори муътабаре дар риштаҳои мухталифи улум, тиббу фалсафа, ахлоқу ирфон, мазҳаб, ҳатто улуми дақиқу табиатшиносӣ ҳастем, ки ағлаби онҳо то кунун муаррифӣ нашудаанд. Эълон шудани соли 2010 чун соли маориф ва фарҳанги техникӣ, қабули барномаи бузурги «Бистсолаи омӯзиши илмҳои дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи маориф, солҳои 2020-2040» яке аз имконоти мусоидате барои таваҷҷуҳ ба таҳқиқу муаррифи ин осор маҳсуб мегардид, ки бахше аз муассисаҳои илмиву пажуҳишӣ аз ин истифода бурда истодаанд. Аз ҷумла, дар МДТ «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров» ҳамоиши байналмилалӣ зери унвони «Муколамаи фарҳангҳо: Мақоми Абумаҳмуди Хуҷандӣ ва донишмандони Шарқ дар ташаккули илмҳои дақиқ» баргузор гардид ва барои ширкат дар ин ҳамоиш суханрониҳои зиёде манзур шуд. Аксари ин маърузаҳо ба муаррифии осори Абумаҳмуди Хуҷандӣ ва ҷойгоҳи ӯ дар густариши улуми риёзиёт ва нуҷум пардохтаанд. Нашри маҷмуи мақолоти ин ҳамоиш барои вуруди мафоҳими тозае дар ин ду риштаи улуми дақиқ ба муомилоти илмӣ омил шуд. Дар канори ин, ба назари мо имрӯз зарурате фаро омадааст, ки бар асоси мутуни насри илмии форсу тоҷик фарҳангҳои истилоҳии дузабона ё тафсирӣ дар ҳамкорӣ бо донишмандони луғатшинос ва пажуҳишгарони риштаҳои дигари илм таълиф гардад, то раванди табдилоти забони тоҷикӣ ба забони илмӣ вусъати тоза касб намояд.
Дар робита ба ҳамин нуқта ҷои дигар дар суханронии сарвари давлат ишорат шуд, ки «дар ташаккули забони тоҷикии муосир аз захира ва сарвати забонамон, ки дар асоси мероси гузаштагон, бахусус осори аҳди Сомониён дарҷ гардидаанд, бояд бештару хубтар истифода кард. Чунки дар ин давраи ташаккули забон унсурҳои забонҳои маҳаллии мардумони Суғду Бохтар ва дар маҷмуъ дигар минтақаҳои таърихии тоҷикон нақши асосӣ доранд. Ин унсурҳои забонӣ имрӯз низ дар лаҳҷаҳои тоҷикӣ ҳамчун сарвати нодири забон зинда буда, ҳар кадоми онҳо ҳаққи дубора ба забони адабӣ ворид шуданро доранд».
Мусаллам аст, ки имрӯз дар гӯйишҳои мухталифи тоҷикӣ вожагони фаровоне ба кор мераванд, ки мо онҳоро ба ҳукми калимаҳои лаҳҷавӣ шинохтаем ва камтар дар муомилоти забони адабӣ истифода мебарем. Аммо таҳқиқи осори классикон шаҳодат медиҳад, ки ин гуна калимот аслан решаҳои суғдӣ ё паҳлавӣ ва ё дигар забонҳои қадимии сарчашмаҳои забони тоҷикиро соҳиб буда, дар аксари фарҳангҳои пешин тафсиру маънигузорӣ шудааст. Дар канори ин, дар забони шеъри Рӯдакӣ, «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, ҳатто «Маснавии Маънавӣ» калимот ва вожагоне корбурд шудаанд, ки имрӯз дар забони зиндаи тоҷикӣ ба кор мераванд, аммо дар забони адабии китоби камтар ё умуман мавриди истифода қарор надоранд. Ҳатто бо он ҳама печидагӣ дар шеъри Мирзо Абдулқодири Бедил мо ба вожагоне дучор меоем, ки бештар ба гӯйиши тоҷикии шеваҳои забони форсӣ қариб ҳастанд ва ҳатто ҳамзабонони мо дар тафсири маъонии ин калимот душворӣ кашидаанд. Аз ҷумла, бедилшиноси афғонӣ Муҳаммад Козими Козимӣ дар ин байти Бедил:
Сахтӣ кашанд чарбсириштони рӯзгор,
Аз захми санг чора надорад чаҳормағз.
рӯи вожаи «чаҳормағз» ишорат гузошта, онро аз калимоти номафҳуми шеъри Бедил унвон карда, дар ҳошия онро ба маънии «гирду» тавзеҳ додааст. Ҳол он ки комилан шакли гӯйишии «гирду» ба маънии чормағз миёни тоҷикон роиҷ нест ва ҳамон сурати чаҳормағзро дар гуфтори мардуми тоҷик ба кор меравад, ки Мирзо Бедил низ истифода намудааст. Ба мисли ин
калимоти зиёдеро дар шеъри Бедил ва шоирони дигари тоҷику форс метавон дучор омад, ки имрӯз шоистагии вуруд ба забони адабии муосири тоҷикиро доранд ва ин дар ҳолест, ки теъдоде аз онҳо номзад ба вожагони гӯйишӣ гардидаанд. Аз ҷумла, калимаи суғдиасли «варғ», ки ба маънии ҷои кушодани об дар «Луғати фурс»-и Асадии Тӯсӣ тавзеҳ шудааст ва дар шеъри Рӯдакӣ, «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ ба кор рафта, устод Айнӣ онро хеле ҷолиб дар насри «Ёддоштҳо»-и хеш ба кор гирифтаанд.
Мисли ҳамин таҷрибаи устод Айнӣ дар ашъори устод Лоиқ мо ба вуруди чунин калимот ба забони адабӣ бархӯрд мекунем ва месазад, ки ин таҷриба муваффақона ва бо шеваҳои тоза дар забони адабии имрӯз аз ҷониби шоирону нависандагон ба кор гирифта шавад.
Аз дигар нукоти муҳим дар суханронии Пешвои миллат баҳси таҳияи «Барномаи Стратегияи рушди забони давлатӣ маҳсуб мешавад. Сарвари давлат бо ишорат ба ин нукта изҳор доштанд, ки «Ин барнома дар асоси таҳлилҳои дақиқи илмӣ бо дарназардошти дурнамои рушди воқеии забони давлатӣ ва муқаррар сохтани меъёрҳои он бояд танзим карда шавад».
Имрӯз, воқеан, зарурати таҳия ва ба мавқеи иҷро гузоштани чунин барномаи рушди забони давлатӣ ҳаст ва чунонки худи Президенти мамлакат ҳам изҳор доштанд, барои расидан ба ҳадафҳои амали ин барнома, пеш аз ҳама, иҷрои муқаррароти Қонуни амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мебошад. Дар заминаи амали ин барнома масъалаи таҷдиди назар ба таълими забони тоҷикӣ дар макотиби миёна, хоса макотиби ғайритоҷикон ва таваҷҷуҳ ба таҳияи китобҳои дарсии забони тоҷикӣ амре шоиста маҳсуб мешавад. Пайгирӣ аз ин рукнҳои муҳимми барномаи давлатӣ имкон фароҳам меоварад, ки вазъияти амалкарди забони давлатӣ дар сатҳу мақоми муайян рӯ ба беҳбудӣ оварад. Дар ҳамин замина аст, ки дар суханронии сарвари давлат як нуктаи бисёр муҳим санҷиши дараҷаи забондонии шахсони масъул ба миён гузошта шуд. Ин матлаб воқеияти замон аст ва таҷрибаҳо, мушоҳидаҳо ошкор месозанд, ки ҳанӯз ҳам дар расонаҳои хабарӣ, махсусан садову симо баъзе аз ашхоси мансабдор ё бо забони лаҳҷавӣ суҳбат мекунанд ё ба роҳ додан ба ғалатҳои услубӣ ҳарф мезананд. Ин тадбири муҳимми барномаи рушди забони давлатӣ боис мегардад, ки вазъият ва ҳолати забон дар мақомоти давлатӣ рӯ ба беҳбудӣ оварда, шахсиятҳои соҳибзабон бо риояи меъёрҳои ин забони таърихан бой ва қадима ба пешрафти миллати хеш хидмат намоянд.
Баҳси забони тоҷикӣ ва ҷаҳонишавӣ, инчунин вуруди забони тоҷикӣ ба ҷаҳони иттилоотии муосир низ аз таъкидоти саривақтӣ аст. Албатта, имрӯз зарурати бо забони муосири иттилоотӣ мутобиқ намудани забони тоҷикӣ вуҷуд дорад ва имконоти забони тоҷикӣ барои ин амр шароит фароҳам оварда метавонанд. Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки дар ин самт корҳо
ҷараён доранд ва гурӯҳе аз муҳаққиқони ҷавони риштаи технологияи иттилоотӣ барои сохтани намоди забони тоҷикӣ дар компутер пажуҳишҳои илмӣ анҷом дода истодаанд. Бо такя ба иқтидори забони тоҷикӣ ва талошу кӯшишҳои пажуҳишгарони соҳибназари мо метавон умед баст, ки ин амал дар фурсатҳои наздик ба анҷом расида, мақоми забони тоҷикӣ дар ҷаҳонии иттилоотии муосир боз ҳам боло меравад.
Масъалаи таълифи китоби дарсии «Таърихи адабиёти тоҷик» аз масоили мубрамест, ки дар суханронии Пешвои миллат давлат ба он ишорати махсус рафт. Воқеан, имрӯз мо ба як китоби ҷадиди «Таърихи адабиёти тоҷик» бо диду назари нав ниёз дорем ва ин албатта имконият медиҳад, ки бо рӯи кор омадани чунин асари муҳташам саҳифаҳои тозаи таърихи адабиёти мо рӯнамоӣ гардида, маърифати адабии насли наврас ба мутолиаи ин асар рифъат пайдо намояд.
Корҳои муҳим ва судманд дар ин арса дар Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АМИТ оғоз шудааст ва бо такя ба таҷрибаҳои мавҷуда ба нашр расидани чанд ҷилд аз ин китоб аз пешрафтҳои назаррас шаҳодат медиҳад.
Дар маҷмуъ, он чи дар ин суханронии қобили таваҷҷуҳи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид гардид, бешак, худ заминае барои таҳияи барномаи мукаммали забони тоҷикиро дар худ таҷассум кардааст ва боварии комил дорам, ки саҳмгузории ҳар яке аз мо соҳибзабонон дар амали нукоте аз ин дастурҳои сарвари давлат ба тарвиҷ ва густариши забони тоҷикӣ дар ҷаҳони муосир нақши муассир хоҳад гузошт.
Нуралӣ Нурзод,
доктори илмҳои филологӣ, профессор