МАВЛОНО ВА ҶАҲОНИ ИМРӮЗ
(Ба муносибати Рӯзи Мавлоно)
Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ аз бузургтарин мутафаккирон ва суханварони тамаддуни башарӣ ба шумор меравад, ки андешаҳои инсонгароёна ва ҷаҳоншумули ӯ дар тули асрҳо арзиши худро аз даст надодаанд. Осори ӯ, бахусус «Маснавии маънавӣ» ва «Девони Шамс» масъалаҳои муҳимми ҳастии инсон, аз қабили муҳаббат, худшиносӣ, ҳамдилӣ, таҳаммулпазирӣ, умед, маънавият ва муносибати инсон бо хештану дигаронро мавриди андеша қарор медиҳад. Шояд маҳз ҳамин хусусияти умумибашарии осори Мавлоност, ки имрӯз низ дар фарҳангу адабиёти Шарқу Ғарб ба ӯ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир мегардад. Дар ҷаҳоне, ки инсони муосир бо мушкилоти гуногуни маънавию ахлоқӣ, руҳӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯст, бозгашт ба андешаҳои инсонсозонаи Мавлоно метавонад барои дарки арзиши муҳаббат, эҳтироми инсон, ваҳдату ҳамдилӣ ва умед ба зиндагӣ заминаи муҳим фароҳам оварад. Аз ин рӯ, омӯзиши паёмҳои Мавлоно танҳо бозгашт ба мероси гузаштаи адабӣ нест, балки як навъ гуфтугӯ бо масъалаҳои мубрами ҷаҳони имрӯз ва ҷустуҷӯи посух ба ниёзҳои маънавии инсони муосир низ мебошад.
Аввалин нуктае, ки дар ин замина бояд ишора шавад, ин аст, ки Мавлоно дар осори хеш мардумро ба муҳаббату дӯстдории якдигар даъват мекунад ва таъкид бар он медорад, ки одамӣ бояд умри худро бо ишқу муҳаббат ва дустдоштани инсонҳо сипарӣ кунад ва ин кор ӯро ҷовидона месозад. Аз назари Мавлоно:
Умр, ки бе ишқ рафт ҳеч ҳисобаш магир,
Оби ҳаётаст ишқ дар дилу ҷонаш пазир.
Ишқ чу бигшод рахт сабз шавад ҳар дарахт
Барги ҷавон бардамад ҳар нафас аз шохи пир.
Ҳар ки шавад сайди ишқ кай шавад ӯ сайди марг
Чун сипараш маҳ бувад кай расадаш захми тир?
Ин паёмест, инсонсоз! Зеро ишқу муҳаббат вуҷуди инсонро латиф мекунад ва аз худхоҳиву худпарастӣ ӯро дур месозад, ки ин масъала яке аз муаммоҳои ҷаҳони имрӯз аст ва барои инсони асри нав бисёр муҳим аст, ки нисбат ба инсонҳои дигар муҳаббат ва эҳтиром дошта ва бар ҳаққу ҳуқуқи инсонии афрод эҳтиром бигузорад
Мавлоно ҳисси бартариҷуии баъзе аз афроди башаррро маҳкум намуда, ба онҳо таъкид менамояд, ки аз пайи ислоҳи рафтори ношоистаи хеш бошанд ва бар дигарон аз руи таассубу худхоҳи назар накунанд:
Ҳар касе гар айби худ диди зи пеш,
Кай будӣ худ фориғ аз ислоҳи хеш?
Ғофиланд ин халқ аз худ эй падар,
Лоҷарам гӯянд айби якдигар.
Ҷои дигар низ ҳамин андешаро тақвият дода мегӯяд:
Мӯй бишкофӣ ба айби дигарон,
Чун ба айби худ раси кӯри аз он.
Аз диди Мавлоно сарҷамъӣ, иттиҳод ва якдигарфаҳмӣ метавонад ҳар лашкареро мағлуб кунад. Бинобар ин, якдилу якмаром шудани инсонҳо гарави муваффақият ва пирузии онҳо хоҳад буд. Зеро ӯ бар ин ақида буд, ки:
Паркандагӣ аз нифоқ хезад,
Пирӯзӣ аз иттифоқ хезад.
Ба ҳамин хотир аст, ки ӯ дар ҷои дигар инсонҳоро сарфи назар аз қавмияту нажод ба ҳамдилӣ даъват мекунад:
Ҳамзабонӣ хешиву пайвандӣ аст,
Мард бо номаҳрамон чун бандӣ аст.
Ай басо ҳиндуву турки ҳамзабон,
Ай басо ду турк чун бегонагон.
Пас забони маҳрамӣ худ дигар аст,
Ҳамдилӣ аз ҳамзабонӣ беҳтар аст.
Мавлоно тассубро дар ҳар шакле, ки набошад маҳкум менамояд ва бо паёми расову ошкор барои гузаштагон ва насли имрӯз ҳушдор медиҳад:
Сахтгириву тассуб хомӣ аст,
То ҷанинӣ кор хуношомӣ аст.
Яъне дар инҷо Мавлоно касоне, ки сахтгириву тассуб меварзанд нишони нопухтагии онҳо медонад.
Тақлиди кӯркӯрона аз ҳаводис ва масоили зиндагӣ бидуни дарки моҳияти он низ аз назари шоир маҳкум буда ва онро мояи нобудии инсонҳо медонад:
Халқро тақлидашон бар бод дод,
Эй дусад лаънат бар он тақлид бод.
Яке аз паёмҳои дигари умумибашарии Мавлоно дур кардани ҳисси ноумедиву яъс дар вуҷуди инсонҳост. Ба андешаи ӯ ҳарчи инсон бихоҳад ба он хоҳад расид ва ин ҳисси хушбинӣ ва умед метавонад барои инсони асри 21 низ муфид бошад:
Оқибат ҷуянда ёбанда бувад,
Чунки дар хидмат шитобанда бувад.
Мавлоно бар ин ақидааст, ки инсоният бояд худ аз пайи ислоҳи каму костиҳои хеш бошад:
Даст бикшо домани худро бигир,
Марҳами ин реш ҷуз ин реш нест.
Яке аз нуктаҳои муҳиме, ки Мавлоно ба он таъкид менамояд ҳадафҳои инсоният аст. У мегуяд агар дар ҷустуҷуи чизи ҳастӣ ин бозгӯи шахсияти ту ҳаст, ки ба дунболи он меравӣ. Яъне агар толиби маънавият ҳастӣ руҳу равони ту низ аз маънавият саршор аст, аммо агар дунболи чизҳои пасту ночиз бошӣ боз ҳам ту ҳамоне хоҳӣ буд, ки дар ҷустуҷуӣ он мебошӣ:
Гар дар талаби манзили ҷонӣ, ҷонӣ,
Гар талаби луқмаи нонӣ, нонӣ.
Ин нуктаи рамз агар бидонӣ, донӣ:
Ҳар чиз, ки дар ҷустани онӣ, онӣ!
Аз масъалаҳои дигаре, ки имрӯз ҷомеаи башарӣ ба он рӯ ба рӯ аст гирифториҳои руҳии инсон аст, ки Мавлоно дар Маснавӣ омили онро рафтор ва тафаккури нодурусти худи инсонҳо медонад:
Пас туро ҳар ғам, ки пеш ояд зи дард,
Бар касе туҳмат манеҳ, бар хеш гард.
Мавлоно роҳи раҳои аз ғамҳоро низ нишон додааст, ки барои насли имрӯз ҳам метавонад муфид бошад:
Гуфтам, ки бари ҳарифи ғамгин манишин,
Ҷуз паҳлуи хушдилони ширин манишин.
Дар боғ даромади сӯи хор марав
Ҷуз бо гулу ёсамину насрин манишин.
Аммо дар ҳамин замина Мавлоно назари дигаре ҳам матраҳ кардааст, ки барои инсони имрӯз ҳам аз манфиат холӣ нест. Ӯ мавҷудияти ранҷу ғамро ҳам гоҳе барои инсонҳо муфид мешуморад, зеро ба ақидаи ӯ:
Ранҷу ғамро ҳақ пайи он офарид,
То бад-ин зид хушдилӣ ояд падид.
Ба ақидаи Мавлоно мавҷудияти ҳамин ғамҳост, ки одамҳоро водор месозад то қадри шодиҳои хешро бидонанд:
Фикри ғам гар роҳи шодӣ мезанад
Корсозиҳои шодӣ мекунад.
Хона мерубад ба тундӣ ӯ зи ғайр,
То дарояд шодии нав з-асли хайр.
Агар гирифториҳои руҳӣ ва ғамҳо муддате роҳро барои шодиҳо бастааст, аммо Мавлоно мегӯяд ин ба он хотир аст, ки шодӣ дар роҳ аст ва ба зудӣ хоҳад расид:
Об занед роҳро ин ки нигор мерасад….
Пас таъкид мекунад, ки ҳаргиз фаромӯш накун, ки:
Зиндагонӣ бо ҳамин ғамҳо хуш аст,
Бо ҳамин бешу ҳамин камҳо хуш аст.
Маснавии Мавлавии маънавӣ
Мурдаи садсоларо бахшад навӣ.
Дар натиҷаи таҳлили андешаҳои Ҷалолуддини Балхӣ метавон ба хулоса омад, ки арзиши осори ӯ, пеш аз ҳама, дар хусусияти умумибашарӣ ва инсонмеҳварии ҷаҳонбинии шоир ифода меёбад. Мавлоно дар осори худ маҷмуи масъалаҳои муҳимми ахлоқию маънавӣ, аз ҷумла муҳаббат, худшиносӣ, ҳамдилӣ, ваҳдат, таҳаммулпазирӣ, мубориза бо таассуб, дурӣ аз тақлиди кӯр-кӯрона, умед ба зиндагӣ ва масъулияти шахсиро мавриди баррасӣ қарор медиҳад. Таҳлили ин андешаҳо нишон медиҳад, ки таълимоти ахлоқию фалсафии Мавлоно танҳо маҳсули муҳити таърихии асри XIII набуда, балки дорои иқтидори баланди маънавию иҷтимоӣ мебошад ва метавонад дар заминаи масъалаҳои ҷаҳони муосир низ мавриди омӯзиш қарор гирад. Аз ин ҷиҳат, пазируфта шудани осори Мавлоно дар фарҳангҳои гуногунро метавон ба хусусияти умумибашарии андешаҳои ӯ ва аҳамияти онҳо дар шарҳи масъалаҳои ахлоқӣ, маънавӣ ва иҷтимоии инсон рабт дод. Аз ин рӯ, омӯзиши илмии мероси Мавлоно на танҳо барои дарки амиқи арзишҳои адабию фалсафии осори ӯ, балки барои таҳқиқи имкониятҳои истифодаи ғояҳои инсонгароёнаи ӯ дар шароити муосир низ аҳаммияти муҳим дорад.
Сорбон Азизов,
дотсенти кафедраи адабиёти классикии факултети
филологияи тоҷики Муассисаи давлатии таълимии
«Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров»