НИҲОДИ ФИКРӢ ВА ҲУНАРИ БАДЕИИ УСТОД РӮДАКӢ

Устод Рӯдакӣ аз зумраи шоирони маъруфи забону адаби тоҷикӣ-форсӣ аст, ки ҳамзамонону тазкиранигорон дар сифати мазомин ва маънавияти шеъри ӯ мулоҳизаҳо иброз дошта, сухани ӯро «тилви нубо», яъне пайравӣ аз Қуръон гуфтаанд, ки дар ин маврид Шаҳиди Балхӣ фармудааст:

Ба сухан монад шеъри шуаро,

Рӯдакиро суханаш тилви нубист.

Шоиронро хаҳу аҳсант мадеҳ,

Рӯдакиро хаҳу аҳсант ҳаҷист.

Шоирони асрҳои миёна низ дар шеъру суханварӣ ба устод Рӯдакӣ эҳтироми зиёде қоил буданд. Ӯро ба унвонҳои «устоди шоирон», «устоди Аҷам», «соҳибқирони шоирӣ» ва «Одамушшуаро» ёд кардаанд. Чунончӣ Усмон Мухтории Ғазнавӣ дар мавриди тазмини шеъри Рӯдаки ӯро «устоди Аҷам» хондааст:

Он байт, ки устоди Аҷам гуфт бар ин вазн,

Наҳмор бад-ин ҳасб ҳаме шояд монанд.

Мазомин ва мавзуъоти ашъори Рӯдакӣ ҳовии ақлу хирад, покию озодагӣ, ростию ростқавлӣ, дӯст доштани Ватан, дӯстию рафоқат ва некию накӯкорист. Чунонки бо камоли сидқ гӯяд:

Гар бар сари нафси худ амирӣ, мардӣ!

Бар кӯру кар ар нукта нагирӣ, мардӣ!

Мардӣ набувад фитодаро пой задан!

Гар дасти фитодае бигирӣ, мардӣ!

Ҳунари суханварӣ ва маънавияти шеъри Рӯдакӣ ҳам дар он аст, ки ӯ тавониста дар як рӯбоӣ ё ба сухани дигар дар як мисраъ масъалаи доғи рӯз «куштани нафс»-ро ба лафзи ҳакимона баён кунад.

Ин мавзуъ дар қарнҳои баъдина дар шеъри форсии тоҷикӣ ҳартарафа тавсиа ёфт ва яке аз масоили меҳварии адабиёти форсӣ қарор гирифт. Аз асри ХI ба баъд суханварони мо доир ба нафс ва вижагиҳои он, нафси мутмаинна, аммора ва лаввома ба гунаи хос баёни андеша намуда, бархе андешамандон сари ин мавзуъ рисолаву кутубу алоҳида низ тасниф кардаанд, ки пойбаст ё пойдевор он дар андешаву оройи ҳакимонаи устод Рӯдакӣ асос ёфта буд.

Айни ҳамин матлабро Имом Ғаззолӣ дар муҳимтарин асараш «Кимиёи саодат» бо шеваи орифона шарҳ намуд ва дар фанни нависандагӣ ва илми ахлоқ инқилоб андохт. «Бидон ки калиди маърифати Худои азза ва ҷалла дар шинохти маърифати хеш аст». Албатта, матлаби Ғаззолӣ дар ин маврид баёни ҷанбаи зотӣ ё «аслӣ»- и инсон аст.

Ҳазрати Мавлоно Балхӣ низ ин андешаро бо забони рамзу тамсил пару бол додаст, ки оҳангаш дилпазиру дилчасп аст:

Саҳл шеъре дон, ки сафҳо бишканад,

Шеър он аст, ки он худро бишканад.

ё дар мавриди дигар гуфта:

Кардаи таъвил ҳарфи бикрро,

Хешро таъвил кун на фикрро.

Сухани мо ин аст, ки шеъри Рӯдакӣ дар мазмуну маънавият баланд аст. Санъати сухан ва забони баёни ӯ низ дар ҳамин ҷиҳати масъала аст, ки ҳар мавзуъ ё матлаберо устоди шоирон баён намуда, дар асрҳои минбаъда сармашқи бузургтарин нобиғаҳои шеъри форсии тоҷикӣ қарор гирифтааст. Далели ин сухан мисраи дуюми рубоии мавриди назар:

Бар куру кар ар нукта нагирӣ, мардӣ!

мебошад, ки дар пайравии мазмуну маънавияти ин ҳикмат шуарову уламои мо ба тарзи ширини форсии тоҷикӣ суханони дилпазир гуфтаанд. Бинобар андешаи донишмандони гузаштаи мо бузургтарин нақси одамӣ он аст, ки хешро поку раҳиқ, яъне беайб бинад ва дигаронро айбнок. Гӯянд: «Исо (а) бо шогирдони худ ба лошаи саге баргузашт. Шогирдон гуфтаанд: «чӣ бад аст бӯйи ӯ?» гуфт: «Чӣ сафед аст дандони ӯ». Матлаб ин аст, ки аз ҳама чиз қисмати зебо ва хуби онро бояд бидид:

Гар марди роҳбин шудаи айби кас макун,

Аз зоғ чашм бину аз товус пар нагир.

Роҷеъ ба ин мавзуъ Ҳусайн Воизи Кошифӣ ба забони соддаву фасеҳ ва илмӣ бамаврид ишора мекунад, ки:

Айби касон мангару эҳсони хеш,

Дида фуру кун ба гиребони хеш.

Дар ҳама чизе ҳунару айб ҳаст,

Айб мабин, то ҳунар орӣ ба даст.

Аслан сари ин мавзуъ орифон беҳтарин ҳикматҳоро гуфтаанд. Тибқи диди сӯфиён инсон дар сари нафси хеш бияндешад, на ба мардумон айбҷӯй ё нуктагирӣ кунад ва эшонро ба зиллату хорӣ афканад, ки дар ин маънӣ Шайх Аттор гӯяд:

Маяфган дар сухан касро ба хорӣ,

Худафган бош агар устоди корӣ.

Матлаб ин аст, ки дар партави ҷаҳоншиносии устод Рӯдакӣ бузургон суханҳои пурмағз гуфтаанд, ки ингуна каломи пурбаракат аз ниҳоди фикрӣ ва ҳунари бадеии Одамушшуаро сарчашма гирифтааст.

Ҳycaйн Воизи Кошифӣ дар мазмуну маънавияти рубоии мавриди баҳс, яъне: «Гар бар сари нафси худ амирӣ, мардӣ!» чунин гӯяд:

Мардӣ гумон мабар, ки ба зур асту пурдилӣ,

Бо хашм гар бароӣ, донам, ки комилӣ.

Мавлоно Балхӣ ин мавзуъро ҳартарафа таҳлилу тавзеҳ намуда, сареҳан дар «Маснавӣ» гӯяд:

Эй шаҳон куштем мо хасми бурун,

Монд хасме з-ӯ батар дар андарун

Куштани ин кори ақлу ҳуш нест,

Шери ботин сӯхраи харгӯш нест.

Назди аҳли ирфон нафс хасми дараҷаи аввал аст, ки орифон бояд аз ин душмани даруни раҳоӣ ёбанд ва далелашон ҳам ин ҳадиси набавӣ аст: «душмантарини душмани шумо нафси шумост, ки дар паҳлуи шумост».

Кулли суханварони адабиёти форсии тоҷикӣ ҳатто донишмандони муосири мо низ сари ин мавзуъ андешаронӣ кардаанд ва метавон аз дигар шоирони номвар намуна овард, аммо ба зикри асноди болоӣ иктифо мекунем.

Масъала ин аст, ки ҳар мисраъ ё байти Рӯдакӣ ҳикмат аст. Суханаш, шеъраш парваридаи фикру андеша аст, ки аз ниҳоди фикрӣ ва ақлонии ӯ бархостааст. Суханони адабиётшиноси номвари тоҷик Худоӣ Шарифов дар идомаи гуфтаҳои болоӣ ифодагари ин матлаб аст: «…Шеъри форсӣ – тоҷикӣ ҳанӯз аз оғоз, гуфтори Одамушшуаро сухани парваридаи фикру андеша буд».

Панду ҳикматҳои Рӯдакӣ пурбаракат ва пуртаъсиранд. Ин панду ҳикмат бо забони содда, илмӣ ва устодона гуфта шудаанд. Зиннати маънавии шеъри устод Рӯдакӣ ҳам афкори ахлоқӣ ва фалсафии ӯст:

Чун теғ ба даст орӣ мардум натавон кушт,

Наздики Худованд бадӣ нест фаромушт.

Ин теғ на аз баҳри ситамгорон карданд,

Ангур на аз баҳри набиз аст ба чархушт.

Суханвар беҳтарин андарзро бо суханони ширини тоҷикӣ баён кардааст. Матлаберо зеби каломаш гардонидааст, ки барои ҷаҳони имрӯз ва олами мутамаддин муфид ва муҳим аст. Рӯдакӣ дар ин шеър андешаи инсондӯстиро, ки ҷомеаи башарӣ ба он ниёз дорад, тарғиб намудааст. Ҳамзамон нигоҳ доштани хашм, рехтани хуни ноҳақ, ки аз ҳар ҷиҳат барои ҷомеаи инсонӣ номатлубанд, огоҳ кардааст, ки ҳатто Худованд аъмоли бади инсониятро фаромӯш нахоҳад кард. Шоир ҳосили суханашро бо лафзи ҳакимона ба итмом расонидааст, ки оҳанги баёнаш хеле қавист:

Ангушт макун ранҷа ба дар куфтани кас,

То кас накунад ранҷа ба дар куфтанат мушт.

Ҷойи дигар гӯяд:

Чи хуш гуфт он мард ба он хадеш:

«Макун бад ба кас, гар нахоҳӣ ба хеш.

Яке аз мавзуоти муҳим дар ашъори Рӯдакӣ ҷустани хираду дониш аст, ки ҷомеаи башарӣ ҳамеша ба он ниёз дорад. Ба андешаи устод Рӯдакӣ аз замоне, ки инсоният арзи ҳастӣ намуд, яъне «аз сари одам фароз» ба омӯхтани илму хирад ва касбу дониш шуғл меварзад. Мардумони донишманд низ дар ҳар давру замон аз сирру асрори донишомӯзӣ огаҳ гардида, хираду донишро гиромӣ медоштанд. Ҳатто аз дилу дидаҳо ва хотирҳо зудуда нагаштан, илму донишро ба рӯйи санг ҳаккокӣ мекарданд:

То ҷаҳон буд аз сари одам фароз,

Кас набуд аз рози дониш бениёз.

Мардумони бихрад андар ҳар замон,

Рози донишро ба ҳар гуна забон.

Гирд карданду гиромӣ доштанд,

То ба санг андар ҳаме бингоштанд.

Аз матолиби дигаре, ки Рӯдакӣ сари он ба сидқ андешаронӣ кардааст, «абадият», яъне марг аст. Шоир ҷомеаи инсониро ҳушдор месозад, ки инсон дер ё зуд ин дунёи фониро падруд хоҳад гуфт ва будани он дар олам ҷовидонӣ нест, яъне амонат аст. Саодати абадӣ насиби он аст, ки аз ин «муаммо» воқиф ва омода бошад, чунонки сареҳан гӯяд:

Зиндагонӣ, чи кӯтаҳу чи дароз,

На ба охир бимурд бояд боз!

Ҳам ба чанбар гузор хоҳад буд,

Ин расанро, агарчи ҳаст дароз.

Хоҳи андактар аз ҷаҳон бипзир,

Хоҳӣ аз Рай бигир то ба Табриз.

Ин ҳама боду буди ту хоб аст,

Хобро ҳукм не, магар ба маҷоз.

Ин ҳама рӯзи марг яксонанд,

Нашиносӣ зи якдигарашон боз.

Аз мушаххасоти сабки баёни Рӯдакӣ аст, ки барои возеҳ ва тақвият бахшидани афкору оройи хеш дар маънивияти як мавзуъ бо истифодаи калимоти дилпазир айни ҳамон матлабро бозгӯ менамояд. Масалан, дар партави мавзуи мавриди назар чунин гӯяд:

Меҳтарони ҷаҳон ҳама мурданд,

Маргро сар ҳама фурӯ карданд.

Зери хок андарун шуданд, онон,

Ки ҳама кушкҳо бароварданд.

Аз ҳазорон ҳазор неъмату ноз,

На ба охир ба ҷуз кафан бурданд!

Бояд гуфт, ки мавзуи мавриди андеша низ дар шеъри форсии тоҷикӣ ҳартарафа вусъат ёфт ва шоирони соҳибмактаби мо дар партави андешарониҳо устод Рӯдакӣ суханҳои намакин гуфтанд, ки руҳи инсонро месӯзад ва месозад, ба қавли ҳаким Низомӣ:

Гар марг расад чаро ҳаросам?

К-он роҳ ба туст мешиносам.

Чун қомати мо барои ғарқ аст,

Кӯтоҳу дарозро чӣ фарқ аст?

Шайх Аттор гӯяд:

Эй ҳамнафасон, то аҷал омад бар сари ман,

Аз пой дарафтодаму хун шуд ҷигари ман.

Охир ба сари хоки ман, ояд замоне,

В-аз хок бипурсед нишону хабари ман.

Мунтаҳо ҳазрати Ҳофиз гӯяд:

Ин ҷони орият, ки ба Ҳофиз супурда дӯст,

Рӯзе рухаш бубинаму таслими вай кунам.

Шоиста аст, мабоҳиси якояки хусусиятҳои шеъри Одамушшуаро ба таври густарда мавриди тааммул в мулоҳиза қарор гирад. Ҳунари бадеи сухани Рӯдакӣ истифодаи бамавриди забони ширини форсии тоҷикӣ ва маънавияти каломи ӯст. Кӯтоҳии сухан ин ки устод Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ далели пешвои кофилаи шеъри форсии тоҷикӣ аст, ки худи ӯ гӯяд:

К-аз шоирон наванд манам навгувора,

Як байти парниён кунам аз санги хора.

Мирзозода Садриддин,

доктори илмҳои филологӣ, дотсенти кафедраи адабиёти классикии

Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд

ба номи академик Бобоҷон Ғафуров»

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ