УСТОД РӮДАКӢ – БУНЁДГУЗОРИ КОХИ БЕГАЗАНДИ АХЛОҚ
Устоди шоирон Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар таърихи адабиёти форсу тоҷик ба ҳайси бунёдгузори кохи шеър ва нахустин сухангустаре, ки дар вусъати меъёрҳои аслии шинохти адабиёт гуфтору андеша ва афкори хешро -унҷоиш дода тавонист, эътироф шудааст. Ҳарчанд қабл аз Рӯдакӣ дар доираҳои муайяни адабӣ ва манотиқи мухталиф шеъри тоҷикӣ дар ҳолоти парешону ҷудогона тамоюл ба густариш доштааст, беҳтарин гӯяндагони он бо ҷойгузинии андешаву ормонҳои хеш дар қаволиби ҷудогонаи анвоъи назм сар бармедоштанд. Гурӯҳе муътақид бар онанд, ки нахустин шеъри форсиро Баҳроми Гӯр гуфт ва бунёди он ба номи ин шоҳ интисоб дорад. Бархеи дигар зуҳури шеъри форсиро аз дарбори Саффориён бозҷӯстаанд. Нафарони дигаре низ ҳастанд, ки нахустин намунаи шеъри форсиро ба Абуҳафсӣ Су-дӣ мансуб донистаанд, ки як байти боқимонда аз вай далел бар гуфтори эшон маҳсуб меёбад.
Оҳуи кӯҳӣ дар дашт чӣ гуна давадо,
Ӯ надорад ёр, бе ёр чигуна бувадо.
Аммо баҳси аслии ин ин ҷо тақдири нахустин гӯяндаи шеъри форсӣ нест. Балки ҳадафи гуфтани посух ба суоли он аст, ки чаро бо мавҷудияти ин намунаҳои шеъри форсӣ ба рӯзгори қабл аз Рӯдакӣ ӯро бунёдгузори шеъри форсӣ шинохтаанд. Дар баробари ин, устод Рӯдакӣ бо ҳузури мунаввари хеш дар қаламрави шеъри тоҷикӣ на танҳо ба бинои куллии шеър асос гузоштанд, балки анвоъи мухталифи онро чӣ аз дидгоҳи мавзуӣ ва чӣ аз назари ҳунарӣ тарҳ рехтанд, ки яке аз онҳо ташаккули адабиёти таълимӣ ба шумор меравад. Ба иттифоқи аҳли таҳқиқ зери мафҳуми адабиёти таълимӣ навъи адабие фаҳмида мешавад, ки яке аз қадимтарин эътироф гардида, ба баёни масоили ахлоқ, андарз ва ҳикмат мепардозад. Ба таъбири дигар, агар ба гунаҳои манзуми адабиёти таълимӣ пардозем, равшан мегардад, ки шеъри андарз, ҳикмат ва ахлоқ дар умум адабиёти таълимиро ба вуҷуд овардааст. Мусаллам аст, ки устод Рӯдакӣ дар баробари таквини шеъри тоҷикӣ ба унвони устоди андарз, ҳакими тавоно ва муаллими ахлоқ низ шинохта шудааст, ки баҳсу баррасии андешаҳои ахлоқии суханвар ҷойгоҳи ӯро дар ташаккули ин навъи шеърӣ, ки сарчашма дар андарзномаҳои куҳани паҳлавӣ низ дорад, мақоми ӯро дар ин арса рӯнамоӣ мекунанд. Ба ин хотир, баҳси меҳварии мақолаи мазкур баррасии ҷойгоҳи устод Рӯдакӣ дар ташаккули адабиёти таълимии форсу тоҷик ба шумор меравад.
Аввалин нуктаи муҳим он аст, ки устод Рӯдакӣ бо ҳузури хеш адабиёти форсиро дар сувари назм ба камол расонид. Ин буд, ки дар вусъати ашъори Рӯдакӣ адабиёти форсӣ низоми худро пайдо намуда, бо ҳамин бунёди муназзам ва равиши хоса тули ҳазорсолаҳо имтидод пазируфта, мароҳили ҷудогонаи камолотро тай кард. Аз муҳимтарин авомили муаррифии устод Рӯдакӣ ба сифати парчамбардори назми форсу тоҷик таҷрибаи ҳунарии ӯ дар сурудани ағлаби анвоъи шеър ва гуфтани шеъри комил дар доираи талаботи куллии шакливу мавзуии он маҳсуб мегардад. Дар васати намунаҳои ашъори ин шоири тавоно мо ба беҳтарин навъҳои осори манзум чун қасидаву маснавӣ, -азалу рубоӣ, қитъа, дубайтӣ, фард дучор меоем, ки гуфтори фавқро ба субут мерасонад. Ба иртиботи ҳамин гуна мақоми шохиси Рӯдакӣ дар адаби форсу тоҷик муҳаққиқи эронӣ Манучеҳри Донишпажуҳ менависад, ки номи Рӯдакӣ дар пешонии адабиёти классикии форсӣ медурахшад.
Дигар аз авомили муҳимми шинохти арҷи бузурги Рӯдакӣ дар пешгоҳи адаби форсӣ коркарди таҷрибаҳои ҳунарӣ дар шеър аст, ки асолату моҳияти ин навъи адабӣ, пеш аз ҳама, ба ҳамин васила муқаррар карда мешавад. Агар аз нигоҳи аввал таҷрибаи ҳунарии Рӯдакӣ дар сурудани аввалин намунаҳои ғазал, рубоӣ ва дигар анвои осори манзум зуҳур гардад, аз сӯи дигар дар вусъати ин навъҳо Рӯдакӣ беҳтарин шикардҳо ва аносири маънавии шеърро -унҷоиш дода тавонист, ки дар натиҷаи ин тули ҳазорсола шеъри вай истиқболи гарм ёфта, мақоми ҳунариаш ҳамеша мавриди эътирофи баъдинагон қарор гирифт. -азали машҳури ӯ ба матлаъи «Бӯи ҷӯи Мулиён ояд ҳаме»-ро солҳои дароз шуаро истиқбол карданд ва дар партави қолиби он ашъор суруданд. Аммо ба таъбири Низомии Арӯзии Самарқандӣ ҳанӯз ин қасидаро касе ҷавоб нагуфтааст. Нақл ҳаст, ки ҳатто дар оҳанги ин қасидаи машҳури Рӯдакӣ гурӯҳи сӯфиён ба самоъ мерафтаанд. Дар посухи ин қасида -азале сурудани Мавлонои Рум – устоди сӯфиёни самоъӣ истидлоли гуфтори фавқ аст. Матлаъи -азали Румӣ ин аст:
Бӯи бо-у гулситон ояд ҳаме,
Бӯи ёри меҳрабон ояд ҳаме.
Тасвири манозири табиат, корбасти беҳтарин аносири сохтмони шеър, парвози баланди тахайюли шоирона аз муҳимтарин аркони ҳунарии ашъори Рӯдакӣ маҳсуб мегарданд, ки дар ағлаби ашъори шоир ба ин вуҷуботи шеърӣ бархурд хоҳем намуд. Танҳо таваҷҷуҳ ба ин қитъаи машҳури ӯ кофист, ки муҳимтарин мухтассоти ҳунарии шеъри Рӯдакиро муқаррар созем:
Бихандад лола бар саҳро,
Ба сони чеҳраи Лайло.
Бигиряд абр бар гардун,
Ба сони дидаи Маҷнун.
Зи оби ҷӯй ҳар соат,
Ҳаме бӯи гулоб ояд.
Дар ӯ шустаст пиндорӣ,
Нигори ман рухи гулгун.
Дар ин қитъаи Рӯдакӣ дар як маврид ваҳдати чанд санъати бадеӣ ба мушоҳида мерасад, ки аз ҳунари баланди сухангустарии Рӯдакӣ дарак медиҳад. Масалан, дар байти аввал «хандаи лола» ташхис ба шумор меравад, шабоҳат пайдо кардани он ба чеҳраи Лайло – ташбеҳ ва ишорат ба номи Лайлӣ ҳамчун шахсияти устуравӣ талмеҳ мебошад. Айни ҳамин ҳолат дар байти дувум ба мушоҳида мерасад.
Аксари муҳаққиқон ҳангоми тақрири вижагиҳои сабки ҳиндӣ касрати истифодаи санъати тамсилро аз мушаххасоти он шинохта, заминаҳои истифодаи онро аслан дар ашъори шоирони қуруни ХIII-ХIV бозҷӯӣ кардаанд. Аммо вақте Рӯдакӣ мегӯяд:
Дилам чун арзану ишқи ту кӯҳе,
Чӣ кубӣ беҳуда сард оҳанеро.
Мушаххас мегардад, ки ҳанӯз дар қарни Х дар намунаи ашъори Рӯдакӣ санъати тасмил дар шеъри форсӣ корбаст шудааст. Пас, ҳарчанд касрат надорад, аммо аксари вижагиҳои ҳунарии шеър ва анвоъи мустаъмали саноеи бадеии шеъри форсӣ марҳилаи ибтидоии хешро дар шеъри Рӯдакӣ тай кардаанд.
Тавре таъкид гардид, Рӯдакӣ баробари ҳамчун шоир шуҳрат ёфтанаш дар таърихи афкори фалсафӣ ва ахлоқии форсу тоҷик ҳамчун бунёдгузори ҳикмати ахлоқӣ низ эътироф гардида, мулаққаб ба Ҳаким шудааст. Ба ибораи дигар, дар вусъати қаволиби шеър ғунҷоиш додани афкори ахлоқиву фалсафӣ Рӯдакиро ҳамчун ҳакими донишманд ва файласуфи бузург шуҳрат бахшид, ки роҷеъ ба ин масъала чанд нуктаро изҳор хоҳем намуд.
Дар навбати аввал ҳамин руҷуъи Рӯдакӣ ба шеъри ҳикмат ва фалсафаи ахлоқ омил омада, ки саҳми ӯро дар ташаккули адабиёти таълимӣ баррасӣ ва бозгӯӣ намоем.
Рӯдакӣ бо огоҳии комил аз фаслафаи қадимии аҷдоди хеш, бо бардошти кофӣ аз фалсафаву ахлоқи таълимоти авастоӣ ҳарфи ифтихор ба забон оварда мегӯяд, ки чун ман аз мансаби анбиёӣ насиб дорад, аз ҷуи хушки ҳикмати юнонӣ чиро ҷӯям:
Маро зи мансаби таҳқиқи анбиёст насиб,
Чӣ ҷӯям аз ҷӯи хушки юнонӣ?
Маълум мешавад, ки ҳанӯз ба рӯзгори Рӯдакӣ баҳси тақаддуми фарҳангу фалсафаи юнону форс ҷараён доштааст ва ин шоири бузург дар завоёи ин мабоҳис бо ифтихори баланд қидмати ҳикам ва фалсафаву фарҳанги худро аз «ҷӯи хушки юнонӣ» изҳор менамояд.
Фалсафаи шинохти моҳияти олам ва ҳастиву нестӣ дар ҷаҳоншиносии Рӯдакӣ мақоми хоса дорад. Рӯдакӣ аз бебақоии олам сухан ба забон оварда, таъкид менамояд, ки дилбастагӣ ба дунё ҳаргиз раво набувад, зеро инсон дар ин дунё ба ҳайси меҳмон аст ва рӯзе ночор онро бояд тарк гӯяд. Шоир барои ифодаи шоиронаи матлаб дар сифати дунё ибораи «сарои сипанҷ»-ро истифода бурдааст:
Ба сарои сипанҷ меҳмонро
Дил ниҳодан ҳамешагӣ на равост.
Зери хок андарун-т бояд хуфт,
Гарчӣ акнун-т хоб дар дебост.
Ба таъбири Рӯдакӣ инсон дар ҷаҳони омадшуд ба унвони меҳмон аст, аз ин рӯ, тафохур ба либоси зебову хоб дар парниёни нодир судеву манфиате барои инсон набахшад, зеро мунтаҳо ӯ бояд андаруни хок хоҳад хуфт.
Дар идомаи ҳамин фикр Рӯдакӣ инсонро ҳушдор медиҳад, ки муҳаббати дунё бебақост ва бо касон будани ту бесуд аст, чун дар ниҳояти кори хеш ба танҳои даруни гӯр пинҳон хоҳӣ шуд:
Ба касон буданат чӣ суд кунад,
Ки ба гӯр андарун шудан танҳост.
Зуҳури ин андешаҳои фалсафӣ, ки дар порчаҳои болоӣ аз Рӯдакӣ ба мушоҳида мерасанд, ба навъи дигар падидоии аввалини афкори ирфониро дар шеъри форсӣ нишон медиҳанд. Зеро муҳимтарин афкори ирфонии сӯфиёни мобаъд – чун дунёбезорӣ, дил кандан аз муҳаббати олам, тамоюл ба фардият, шинохти ҳақиқати олам, кӯшиш ба бедории дил, ҷиҳод бо нафс дар васати андешаҳои фалсафии Рӯдакӣ мақоми шоистае доранд, ки ҷилваҳои аввалини афкори орифонаро бозгӯӣ мекунанд.
Масалан, ҷои дигар Рӯдакӣ дунёро ба хобкирдор васф намуда, огоҳӣ аз ин ҳолатро ба шахси бедордил мансуб медиҳад:
Ин ҷаҳон пок хоб кирдор аст,
Он шиносад, ки дилаш бедор аст.
Некии ӯ ба ҷойгоҳи бад аст,
Шодии ӯ ба ҷойи тимор аст.
Минбаъд дар адаби ирфонӣ муродифи бедордили Рӯдакӣ, аҳли назар, аҳли дил, аҳли таҳқиқ ва амсоли ин зуҳури намуданд, ки ин нукта низ ба зуҳури заминаҳои афкори ирфонӣ дар шеъри аҳди аввали форсӣ дарак медиҳад.
Фалсафаи ҷаҳони гузарон дар шеъри Рӯдакӣ ба гунаҳои мухталиф ҷилва мекунад, ки то андозае ин ҷо низ ҳикмати ирфонӣ ҷой гирифтааст. Дар қасидаи «Шикоят аз пирӣ» ин матлаб чунин ифода ёфтааст:
Ҷаҳон ҳамеша чу чашмест, гирдгардон аст,
Ҳамеша то бувад оин-ш, гирдгардон буд.
Ҳамон ки дармон бошад, ба ҷои дард бувад,
Ва боз дард ҳамон к-аз нахуст дармон буд.
Ҷое Рӯдакӣ ин ҳикмати бузургро ба василаи ишорат ба рӯзгори рафтагон баён менамоянд. Ба андешаи ӯ чун бузургони ҷаҳон ҳама сар пеши марг фурӯ бурданд, пас аз марг ва гардиши фалак раҳои нест, дар ҳоле, ки бузургони олам пеши он сар ба зонуи аҷз ниҳодаанд:
Меҳтарони ҷаҳон ҳама мурданд,
Маргро сар фурӯ карданд.
Зери хок андарун шуданд онон,
Ки ҳама кушкҳо бароварданд.
Аз ҳазорон ҳазор неъмату ноз,
На ба охир ҷуз аз кафан бурданд.
Фаслафаи қазову қадар, некиву бадӣ ва подоши онҳо низ аз назари Рӯдакӣ дур нест. Ба назари шоир ҳар кӣ даст бадӣ занад, мунтаҳо бадӣ хоҳад дид ва ҳар кас дунболи аъмоли хайр равад, аз некиҳои Худованд баҳраёб хоҳад гардид:
Чун теғ ба даст орӣ, мардум натавон кушт,
Наздикӣ Худованд бадӣ нест фаромӯшт.
Ин теғ на аз баҳри ситамкорон карданд,
Ангур на аз баҳри набид аст ба ҷуз хушт.
Бо шинохти бебақоии олам ва нопойдории он Рӯдакӣ инсонро ба дӯст доштани зиндагӣ ва хуш гузаронидани он даъват намуда, мефармояд, ки дунё ба мисоли боду абр зудгузар аст. Барои ҳамин умрро ба шодмонӣ бояд сипарӣ кард ва ҳарчӣ ояд, онро ба шодмонӣ пазироӣ кард ва ҳаргиз барои рафтӣ афсӯс набояд хӯрд:
Шод зӣ, бо сияҳчашмон шод,
Ки ҷаҳон нест ҷуз фасонаву бод.
З-омада шодмон бояд буд,
В-аз гузашта накард бояд ёд…
Боду абр аст ин ҷаҳон афсӯс,
Бода пеш ор ҳар чӣ бодо, бод!
Ҳамин тариқ, Рӯдакӣ дар таърихи адабиёти форсӣ ва афкори ҳикамиву фалсафӣ ва ирфонӣ ба сурати ҳакими донишманд ва файласуфи тавоно шинохта шудааст, ки дар маърифати оламу олам, моҳияти умри инсон ва маънии зиндагӣ дар ин сарои сипанҷ қадами орифона бардошта, ба мақоми бузургӣ расидааст. Ин аст, ки номи ӯ дар пештоқӣ ҳукамои бузурги форсӣ қарор дошта, ҳуққаи шеъраш лабрези ҷавоҳири ҳикмату ирфон ва фалсафа ахлоқ мебошад.
Мақому манзалати устод Рӯдакӣ дар паҳнои адабиёти форсу тоҷик ба ҳаддест, ки дар ин рутбату нусрат аксари бузурги баъдинаи вай суханҳои бузург гуфтаанд. Ба андешаи мо шоистаи он аст, ки дар фарҷоми ин нигоштаи хеш суханони донишманди маъруф Абулҳусайни Зарринкӯбро биоварем, ки ҳукми ҷамъбасти ин номаи мухтасару меҳрофарини моро нисбат ба устод Рӯдакӣ интиҳо бахшад: «Дар варои ин ашъори соддаву равони шоир, албатта, дилрабоиҳову ҷозибаҳои Бухороро метавон дарк кард, хоса, зебоиҳои он маҷолиси унсу тарабро, ки дар он ҷо Рӯдакӣ чанг менавохту суруд меандохт ва бо тавсифи он чӣ онро ба ақиқи гудохта ташбеҳ менамуд, маҷлиси амирро дар амвоҷи завқу лаззат ғарқ мекард. Дар як маҷлис шоир чанг бармедорад, дар пешгоҳи амири Хуросон, ки дере дар кӯчаҳову лашкаркашиҳои хеш аз Бухоро дур афтодааст, ёди зебоиҳои канори «ҷӯи мӯлиён»-ро зинда мекунад ва амир Насрро ба мӯҷиби ривоёт, мӯза бар пой накарда, бехудона ба Бухоро мефиристад».
Нуралӣ Нурзод,
доктори илмҳои филолӣ, директори институти
илмӣ-тадқиқоти илмҳои ҷомеашиносии Муассисаи давлатии таълимии
«Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров»