ГИРОМИДОШТИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ ВА ИСТИҚЛОЛ
«Забон дар даҳон, эй хирадманд, чист?
Калиди дари ганҷи соҳибҳунар.
Чу дар баста бошад, чӣ донад касе,
Ки ҷавҳарфурӯш аст ё пилавар?!»
Ин мисраъҳои Саъдии Шерозӣ асрҳост, ки аҳаммияти бузургии забон ва қудрати суханро бозгӯ мекунад. Дар ҳақиқат, забон калиди шинохти инсон, ҷомеа ва таърихи миллат аст. Ҳар миллат маҳз тавассути забони худ андеша, фарҳанг, арзишҳои маънавӣ ва таҷрибаи таърихии хешро ҳифз намуда, аз як насл ба насли дигар интиқол медиҳад. Барои миллати тоҷик забон на танҳо воситаи муошират, балки яке аз пояҳои асосии ҳувияти миллӣ ва омили муҳимми идомаи ҳастии фарҳангӣ ба шумор меравад.
Таърихи пурғановати забони тоҷикӣ бо номи бузургтарин намояндагони адабиёти илми тоҷик пайванди ногусастанӣ дорад. Осори Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Носири Хусрав, Саъдӣ, Ҳофиз, Ҷомӣ ва дигар адибону донишмандони бузург сарчашмаи муҳимми рушди забони адабӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва ташаккули ҷаҳонбинии маънавии мардуми тоҷик ба шумор меравад. Ин мероси гаронбаҳо дар тӯли садсолаҳо тавоноии забони тоҷикӣ, ғановати луғавӣ, имкониятҳои васеи баёни андеша ва иқтидори онро дар ифодаи мафҳумҳои баланди фалсафӣ, ахлоқӣ ва эстетикӣ собит намудааст.
Бо ба даст овардани Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми забони тоҷикӣ ба сифати забони давлатӣ боз ҳам устувор гардид. Истиқлолият барои рушди ҳамаҷонибаи забон, густариши доираи истифодаи он ва тақвияти нақши он дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва илмии ҷомеа шароити мусоид фароҳам овард. Дар ин давра забони тоҷикӣ на танҳо ҳамчун воситаи муоширати миллӣ, балки ҳамчун яке аз рукнҳои муҳимми давлатдорӣ ва худшиносии миллӣ мавқеи устувор пайдо кард.
Истиқлоли давлатӣ дар назди ҷомеа масъулияти бузурги ҳифз ва рушди забони миллиро низ ба миён гузошт. Зеро истиқлолияти сиёсӣ бо истиқлолияти фарҳангӣ ва ҳифзи арзишҳои миллӣ робитаи ногусастанӣ дорад. Дар ин миён забон мавқеи калидӣ дорад. Эҳтиром ба забони давлатӣ, риояи меъёрҳои забони адабӣ, баланд бардоштани фарҳанги сухан ва истифодаи дурусти он дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа аз нишонаҳои муҳимми худшиносӣ ва фарҳанги миллӣ мебошад.
Имрӯз, дар замони рушди босуръати илм, технология ва густариши равандҳои ҷаҳонишавӣ, ҳифзи асолати забони тоҷикӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди он аҳаммияти хос пайдо мекунад. Забон бояд ҳамчун мероси таърихӣ ва воситаи ифодаи талаботи ҷомеаи муосир рушд намояд. Аз ин рӯ, рушди забони илм, такмили истилоҳоти соҳавӣ, баланд бардоштани саводи забонӣ ва густариши истифодаи забони тоҷикӣ дар фазои иттилоотиву рақамӣ аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимми замони муосир ба шумор мераванд. Чунонки дар китоби «Чеҳраҳои мондагор»-и Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид шудааст: «Забони тоҷикӣ ҷавҳари миллати моро ташкил медиҳад ва тамоми мардуми форсизабонони дунёро ба ҳам мепайвандад. Аз ин рӯ, мо забони адабиамонро бояд дӯст дорем, ҳифз кунем ва дар саросари кишвар густариш диҳем».
Азхуд намудани забони модарӣ ва дарки амиқи имкониятҳои он заминаи муҳим барои омӯзиши забонҳои дигар ва густариши ҷаҳонбинии инсон мебошад. Забони модарӣ нахустин мактаби маънавии инсон буда, тавассути он шахс бо арзишҳои миллӣ, фарҳангӣ ва ахлоқии ҷомеа ошно мегардад. Аз ҳамин ҷиҳат, эҳтиром ва омӯзиши амиқи забони модарӣ яке аз шартҳои муҳимми ташаккули шахсияти худшинос ва фарҳангпарвар ба шумор меравад.
Чунонки дар байти маъруф омадааст:
Ҳар кӣ бо забони худ сухандон гардад,
Омӯхтани сад забон-ш осон гардад.
Мақоли халқии «Забон тарҷумони дил аст» низ ба ин ҳақиқати маънавӣ ишора мекунад, ки ҳолати ботинии инсон, андеша ва эҳсоси ӯ тавассути сухан ифода меёбад. Ҳамзамон, мақоли «Забон дар даҳон посбони сар аст» инсонро ба масъулияти ахлоқии истифодаи сухан ҳидоят менамояд. Аз ин рӯ, фарҳанги сухан ва муносибати эҳтиёткорона ба забон на танҳо масъалаи саводи забонӣ, балки ҷузъи муҳими фарҳанги инсонӣ мебошад.
Ҳамин тавр, забони тоҷикӣ ҳамчун падидаи таърихӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоӣ яке аз муҳимтарин рукнҳои ҳастии миллии тоҷикон ба шумор меравад. Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими мақоми забони тоҷикӣ марҳилаи муҳим ва тақдирсоз ба вуҷуд овард. Маҳз дар шароити истиқлол масъалаи забони давлатӣ бо арзишҳои давлатдорӣ, худшиносии миллӣ ва сиёсати фарҳангӣ пайванди устувор пайдо кард. Фароҳам омадани заминаҳои ҳуқуқӣ ва сиёсӣ барои рушди забон, густариши истифодаи он дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа ва таваҷҷуҳи бештар ба масъалаҳои забоншиносӣ имкониятҳои нави рушди забони тоҷикӣ замина гузошт.
Аз ин рӯ, ҳар як шаҳрванди кишвар бо муносибати масъулона ба забони давлатӣ, истифодаи дурусту босаводи он ва эҳтиром ба мероси забонии ниёгон метавонад дар таҳкими пояҳои фарҳангии давлатдорӣ ва ҳифзи арзишҳои миллӣ саҳмгузор бошад. Гиромидошти забони тоҷикӣ, дар ниҳоят, гиромидошти таърих, фарҳанг, маънавиёт ва ҳастии миллии тоҷикон аст.
Аниса Қавизода,
муаллими кафедраи адабиёти
муосири тоҷики Муассисаи давлатии таълимии
«Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров»