​ПАЁМҲОИ МОНДАГОРИ РӮДАКӢ ВА РОЗҲОИ АЗАММАТИ Ӯ

(Ба истиқболи Рӯзи Рӯдакӣ)

Ҳеҷ шубҳае нест, ки Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ аз бузургтарин шоирони адабиёти классикии тоҷик аст, ки бо ашъори безавол ва ҳунари тасхиркунандааш ба унвони «устоди шоирон» шинохта мешавад. Оид ба зиндагинома ва осмори ин шоири тавоно донишмандони зиёде аз қабили С. Нафисӣ, Н. Имомӣ, З. Сафо, А. Арберрӣ, Е. Э. Бертелс, А. Мирзоев, А. Афсаҳзод, А. Абдуллоев, А. Насриддинов, Х. Шарифов, М. Муллоаҳмадов, Қ. Рустам ва садҳо муҳаққиқи дигар китобу мақолоти арзишманде таълиф намудаанд.

Баҳси мо дар ин навиштор роҷеъ ба мақоми Рӯдакӣ дар адабиёт ва паёмҳои шеъри ӯ мебошад. Пурсиши асосӣ дар ин замина он аст, ки чӣ боис шудааст, ки Рӯдакӣ мақоми бузургеро дар адабиёти тоҷик касб кунад ва ҳамчун устоди шоирон ё қофиласолори назми классикии тоҷик шинохта шавад?

Нуктаи аввал дар ин замина он аст, ки Рӯдакӣ дар замоне ба майдони адабиёт ворид шуд, ки дар он замон забони форсӣ-тоҷикӣ ба такомули куллӣ ва қатъӣ нарасида буд ва ҳанӯз марҳалаи нахустини татаввури хешро тай мекард. Маҳз дар чунин марҳилае устод Рӯдакӣ ашъори пухтае гуфт ва андешаҳояшро бо зарофату латофати хосе иброз кард.

Омили дувум он аст, ки Рӯдакӣ дар марҳилае ба шеъргуфтан оғоз кард, ки қабл аз ӯ шеъри зиёде дар забони форсӣ-тоҷикӣ вуҷуд надошт ва ӯ наметавонист аз таҷрибаи шоирии дигарон ба хубӣ баҳра бибарад ва бунёдҳои шеъри худро бар асоси таҷрибаҳои дигарон муҳкамтар созад. Бо вуҷуди онки таҷрибаи шоирии камтаре вуҷуд дошт ва забони форсӣ ҳам марҳилаи оғозини мавҷудияти хешро тай мекард, аммо Рӯдакӣ дар чунин даврае шеъри бисёр гуфт, зебо гуфт, устодона гуфт ва забони форсӣ-тоҷикиро ғаниву пурмоя кард ва маъниҳои латифе офарид, ки воқеан ҳайратовар аст! Дар мавриди ашъори зиёд сурудани Рӯдакӣ шоири асри XII Рашидии Самарқандӣ чунин ишора кардааст:

Гар сарӣ ёбад ба олам кас ба некӯ шоирӣ,

Рӯдакиро бар сари он шоирон зебад сарӣ.

Шеъри ӯро баршумурдам сездаҳ раҳ сад ҳазор,

Ҳам фузун ояд, агар чунонки бояд бишмарӣ.

Нуктаи дигар он аст, ки Рӯдакӣ ҳикматҳои бузургро дар қолаби ибороти содаву латиф ва ба истилоҳ «саҳли мумтанеъ» баён кардааст:

Ангушт макун ранҷа ба дар кӯфтани кас,

То кас накунад ранҷа ба дар кӯфтанат мушт.

Яке аз розҳои дигари мондагории Рӯдакӣ мавзуоти матраҳшуда дар шеъри ӯст. Вай шоирест, ки шодиву нишотро тарғиб мекунад, масъалае, ки барои тамоми башарият муҳим аст. Устод Рӯдакӣ ба шодзистан таъкид мекунад ва ба мавзуоти ғамангез чандон намепардозад. Ӯ бештар дар бораи шодиҳои рӯзгор суҳбат мекунад ва ин нуктаи хеле муҳим ва зарифи эҷодиёти ӯст. Ҳатто дар ҳангоми пирӣ, ки қасидаи «Шикоят аз пирӣ»-ро суруда бо ба ёд овардани шодиҳои гузашта мехоҳад талхиҳои рӯзгорашро нодида бигирад:

Дилам Хазонаи пурганҷ буду ганҷ-сухан,

Нишони номаи мо муҳру шеър унвон буд.

Ҳамеша шоду надонистаме, ки ғам чӣ бувад,

Дилам нишоту тарабро фарох майдон буд…

Нуктаи дигаре, ки дар ҳифзи мақоми Рӯдакӣ нақши муассир дорад, тасвирҳо ва ташбеҳоти офаридаи ӯст, ки хеле латифу ҷаззоб буда ва аз маҳорати баланди ӯ гувоҳӣ медиҳанд. Масалан, барои онки зебогии дандонҳояшро барои хоаннда бигӯяд чӣ қадар тасвирҳо ва таносубҳои зебо халқ кардааст:

Маро бисуду фурӯ рехт ҳарчи дандон буд

Набуд дандон-лобал чароғи тобон буд.

Сапеду симрада буду дурру марҷон буд,

Ситораи саҳарӣ буду қатраборон буд.

Нуктаи дигаре, ки боиси ҳифзи мақоми баланди Рӯдакӣ дар таърихи адабиёти тоҷик гардида, табииву сода будани сухани ӯст. Шеърҳои вай агарчи дар асри Х суруда шуда бошанд ҳам, вале он қадар табииву сода ва латифанд, ки гӯё бо забони имрӯзи мо суруда шудаанд:

Ҳеҷ шодӣ нест андар ин ҷаҳон,

Бартар аз дидори рӯйи дӯстон.

Ҳеҷ талхӣ нест бар дил талхтар,

Аз фироқи дӯстони пурҳунар.

Дар канори маҳорати камназир ва истеъдоди амиқ ончи Рӯдакиро барои ҳамаи асрҳо ҷовидона кардааст паёмҳои инсонсоз ва умумибашарии ӯст. Рӯдакӣ чӣ мегӯяд ва паёми ӯ чист?

Ҷавоби ин савол ба далели онки қисмати зиёди ашъори Рӯдакӣ аз байн рафта, кори осон нест. Аммо аз ашъори ба мо расидаи ӯ маълум мешавад, ки ин шоири андешаманд ва тавоно хирадгароӣ, илмҷӯӣ, беэътибор будани ҷаҳон, лаззат бурдан аз зиндагӣ, ишқ ва хушбахтиро тарғиб мекунад, ки ба чанде аз онҳо ишора мекунем.

Масъалаи беъэтибории дунё чандин маротиба дар девони шоир таъкид шудааст ва абёти бисёр нағзе дар ин замина сурудааст:

Ин ҷаҳон пок хобкирдор аст,

Он шиносад, ки дил-ш бедор аст.

Некии ӯ ба ҷойгоҳи бад аст,

Шодии ӯ ба ҷойи тимор аст.

Чӣ нишинӣ бад-ин ҷаҳон ҳамвор,

Ки ҳама кори ӯ на ҳамвор аст!

Дониши ӯ на хубу чеҳраш хуб,

Зишткирдору хубдидор аст!

Ин аст, ки ӯ паём медиҳад, ки ҷаҳон модоме, ки устувору пойдор нест бояд бохирад буд ва аз рӯйи хирад дар он амал кард:

Ин ҷаҳонро нигар ба чашми хирад,

Не бад-он чашм, к-андар ӯ нигарӣ.

Ҳамчу дарёст в-аз накӯкорӣ,

Каштие соз, то бад-он гузарӣ!

Рӯдакӣ таъкид мекунад, ки ба гузашта набояд афсус хурд ва аз оянда набояд ҳарос дошт, балки имрӯзро бояд андешид, ки чигуна мегузарад, чун гузаштаҳо гузашта ва ояндаҳо ҳанӯз маълум нест, ки кай хоҳад омад:

Рафт он-к рафту омад он-к омад,

Буд он, ки буд, хира чӣ ғам дорӣ?

Ҳамвор кард хоҳӣ гетиро?

Гетист кай пазирад ҳамворӣ?!

Мустӣ макун, ки нангарад ӯ мустӣ,

Зорӣ макун, ки нашнавад ӯ зорӣ!

Шав, то қиёмат ояд зорӣ кун,

Кай рафтаро ба зорӣ боз орӣ?!

Ин аст, ки таъкид мекунад сипоҳ ғамро бояд шикаст дод ва ба ояндаи нек фикр кард, зеро сахтиҳост, ки инсонро бузургу неруманд ва қавӣ мекунад:

То нашканӣ сипоҳи ғамон бар дил,

Бар хештан зафар надиҳӣ боре!

Андар балои сахт падид ояд

Фазлу бузургмардию солорӣ!

Рӯдакӣ то ҷое ҷаҳонро беэтибор медонад, ки онро «афсонаву бод» муаррифӣ мекунад. Аз ин рӯ, ба аҳли башар паём медиҳад, ки роҳи пирӯзӣ бар мушкилоти зиндагӣ шод зистан ва ба шодиҳо фикр кардан аст:

Шод зӣ, бо сиёҳчашмон шод,

Ки ҷаҳон нест ҷуз фасонаву бод!

З-омада шодмон бибояд буд,

В-аз гузашта накард бояд ёд.

Паёми дигари Рӯдакӣ ин аст, ки бо одамҳои хубу меҳрубон ва ошиқпеша бояд ҳамнишин буд:

Бо ошиқон нишину ғама ошиқӣ гузин,

Бо ҳар ки нест ошиқ, кам кун қариниё.

Рудакӣ роҳи наҷот аз ғамҳову гирифториҳоро дар ғусса нахурдан ба надоштаҳо медонад ва паём медиҳад, ки:

Бо дода қаноат куну бо дод бизӣ!

Дар банди такаллуф машав, озод бизӣ!

Дар беҳ зи худе назар макун, ғусса махур,

Дар кам зи худе назар куну шод бизӣ!

Зеро ӯ медонист, ки ҳасад бурдан ба зиндагии дигарон суде барои инсон нахоҳад дошт. Рӯдакӣ дарк карда буд, ки доштаҳои инсон ҳамеша бештар аз надоштаҳои ӯст. Аз ин рӯ, ӯ аз муаллими бузурги зиндагияш, яъне замона панд мегирад ва паём медиҳад:

Замона панде озодвор дод маро,

Замонаро, чу накӯ бингарӣ, ҳама панд аст.

Ба рӯзи неки касон, гуфт, то ту ғам нахурӣ,

Басо касо, ки ба рӯзи ту орзуманд аст.

Паёми дигари ӯ дар робита ба зулм накардан бар дигарон аст. Дар ҳар мақоме, ки одамӣ қарор дошта бошад, раҳм кардан бар инсонҳо вазифаи ӯст:

Чун теғ ба даст орӣ, мардум натавон кушт,

Наздики Худованд бадӣ нест фаромушт.

Ин теғ на аз баҳри ситамгорон карданд,

Ангур на аз баҳри набид аст ба чархушт.

Исо ба раҳе дид, яке кушта фитода,

Ҳайрон шуду бигрифт ба дандон сари ангушт.

Гуфто, ки: Киро куштӣ, то кушта шудӣ зор?

То боз, кӣ ӯро бикушад, он ки туро кушт?

Ангушт макун ранҷа ба дар кӯфтани кас,

То кас накунад ранҷа ба дар кӯфтанат мушт.

Рӯдакӣ мегӯяд муддати умр кӯтоҳ аст, одамӣ ихтиёр дорад, ки онро хуб ё бад сипарӣ кунад, аммо бояд инро бидонад, ки оқибати ӯ нобудӣ хоҳад буд. Пас бояд саъй кунад, ки ин умрро ба некӣ сипарӣ кунад:

Зиндагонӣ, чи кӯтаҳу чи дароз,

На ба охир бимурд бояд боз?!...

Хоҳӣ, андар анову шиддат зӣ,

Хоҳӣ, андар амон ба неъмату ноз!

Хоҳӣ, андактар аз ҷаҳон бипазир,

Хоҳӣ, аз Рай бигир то ба Тароз.

Ин ҳама боду буди ту хоб аст,

Хобро ҳукм не, магар ба маҷоз.

Ин ҳама рӯзи марг яксонанд,

Нашиносӣ зи якдигар-шон боз.

Аммо ӯ бо ин ҳама ноумед нест ва нигоҳи мусбати ӯ ба зиндагӣ ҳамеша талқинкунанда ва роҳнамои башарият аст. Шоир бо паёме мушаххас ва равшан мегӯяд:

Кор ҳама рост, ончунон ки бибояд,

Ҳол шодист, шод бошӣ, шояд.

Андуҳу андешаро дароз чӣ дорӣ?

Давлати ту худ ҳамон кунад, ки бибояд!

Ройи вазирон туро ба кор наёяд,

Ҳар чӣ савоб аст, бахт худ фармояд.

Эзад ҳаргиз даре набандад бар ту,

То сади дигар ба беҳтарӣ накушояд.

Рӯдакӣ ба гардиши олам ва даст ба даст шудани он бовар дошт. Аз назари ӯ фақру тангдастӣ ё ҷоҳу ҷалол ва молу маноли олам барои ҳеч касе абадӣ нест:

Ҷаҳон ин асту чунин аст то буд

Ва ҳамчунин бувад инанд боро!

Ба як гардиш ба шоҳаншоҳӣ орад,

Диҳад дайҳиму тоҷу гӯшворо…

Рӯдакӣ тамоми андешаҳояшро аз таҷрибаи зиндагӣ мегӯяд ва барои дигарон ҳам таъкид менамояд, ки аз ин омӯзгори хубу беминнат истифода кунанд, ки барои рафъи балоҳо хеле корсоз аст:

Ҳар киро Эзад-ш лахте ҳуш дод,

Рӯзгор ӯро басанда устод.

Ҳар ки н-омӯхт аз гузашти рӯзгор,

Низ н-омӯзад зи ҳеч омӯзгор.

****

Бирав, зи таҷрибаи рӯзгор баҳра бигир,

Ки баҳри дафъи ҳаводис туро ба кор ояд!

Аз паёмҳои дигари Рӯдакӣ таъкид бар якрӯйӣ, дур будан аз риё ва мутобиқ кардани зоҳиру ботин аст:

Рӯй ба меҳроб ниҳодан чӣ суд,

Дил ба Бухорову бутони Тароз?!

Эзади мо васвасаи ошиқӣ

Аз ту пазирад, напазирад намоз!

Истифода аз андӯхтаҳои зиндагӣ паёми дигарест, ки Рӯдакӣ ба он таъкид дорад. Ӯ мегӯяд хасис машав, моли андӯхтаро барои зиндагии худ ва дигарон сарф кун:

Сангу гавҳар якест чун нахурӣ,

Чи кунӣ хонумони худ пурсанг?

Ба ду тангӣ басандакор мабош,

Тангии гӯру зиндагонии танг.

Дар муқобил харҷҳои беҳударо низ маҳкум мекунад ва таъкид бар он дорад, ки:

Он чи бо ранҷ ёфтишу ба зулл,

Ту ба осонӣ аз газофа мадеш!

Нуктаи дигар дар каломи Рӯдакӣ он аст, ки одам дар мавқеи зарурат бояд сухани ҳақро бигӯяд:

Забон чи моя тавон доштан чунин ба ниём,

Сухан бибояд гуфтан ба ҷойгоҳ тамом.

Газанди хомуш будан ба ҷойгоҳи сухан,

Баробар ояд бо гуфтани ба ноҳангом.

Аммо сухан гуфтан аз рӯйи хашмро маҳкум менамояд ва таъкид бар он медорад, ки ба ҳангоми ғазаб сухан нагуед зеро:

Замона гуфт маро: “Хашми хеш дор нигоҳ,

Киро забон на ба банд аст, пой дар банд аст”.

Рӯдакӣ ба сарнавишт, аҳдофи зиндагӣ ва масъалаи хушбахтии инсон бетафовут нест. Шоир чаҳор асли муҳимро зикр мекунад, ки онҳо барои хушбахтии инсон муассиранд:

Чаҳор чиз мар озодаро зи ғам бихарад:

Тани дурусту хӯйи неку номи неку хирад.

Ҳар он ки Эзадаш ин ҳар чаҳор рӯзӣ кард,

Сазад, ки шод зияд ҷовидону ғам нах (в)арад.

Дар маҷмуъ аз баррасиҳои анҷомшуда метавон хулоса кард, ки ашъори Рӯдакӣ бо ҳунари баланд ва сабку салиқаи хосе эҷод шудаанд. Шоир андешаҳои баланд ва паёмҳои инсонсозашро дар қолаби зебо ва ҳунармандона ифода кардааст, ки ин муҷиби маҳбубият ва пойдории шахсият ва шеъри ӯ гардиааст. Ончи номи ин устодро дар таърихи адабиёти тоҷик зиндаву ҷовид гардонидааст, маҳорати беназири баёни андешаҳои инсонсоз дар қолаби дилшину дилпазир ва дар як ҳолати табиӣ аст. Паёмҳои шеъри ӯ маҳсули таҷриба ва омӯзишҳои шоир аз зиндагии воқеӣ буда, бар эҳсост ва тафаккури одамӣ таъсири амиқ доранд.

Абдуфаттоҳ Ҳоҷиев,

дотсенти адабиёти классикии тоҷики Муассисаи давлатии таълимии

«Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров»

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ