ОЙИНАИ ИСТИҚЛОЛ ВА ОЙИНИ ВАТАНДОРӢ
(Бозтоби истиқлоли миллӣ ва ойини ватандорӣ дар ашъори Гулназар)
Айёми шукуҳманди истиқлоли миллӣ, ки аз ҳузури мунаввари он 35 сол сипарӣ гардид, замони пурвусъати пешрафтҳову дастовардҳо, авҷу барори корномаҳои созанда ва раванди пурдоманаи рушди фарҳангу шинохти асолати миллат ва худогоҳист. Мардуми тоҷик бо амри дилу ҷон ин нуктаи муҳим ва мусалламро маърифат карданд, ки ҳамаи ин роҳкориву роҳсозиҳои зиндагиафрӯз ба ташаббусҳои фардонигаронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон такя мекунад. Бар ин асос, ҳар як шаҳрванди ватандӯсти кишвар имрӯз дар роҳи расидан ба ҳадафҳои бузург ва татбиқи меҳварҳои ин сиёсати зиндагисоз ва ояндафрӯз аз ҳар роҳу шева иқдом мекунанд. Аз сӯи дигар, ин нусратёриҳо бавежа дар адабиёти муосири тоҷик на танҳо чашмрас аст, балки дар ойинаи осори адабӣ таҷассуми густардаеро дарёфтааст. Мавзуи тараннуми истиқлоли миллӣ бо тамоми дастовардҳояш, ситоиши ватану ватандорӣ, ҳифзи ваҳдати миллӣ ва таҳкими сулҳ, тарғиби арзишҳои миллӣ, руҷуъ ба асолати таърихии хеш дар меҳвари осори адабиёти имрӯзи мо қарор гирифт, ки маҷмуан омил бар зуҳури падидаҳои нодири адабӣ ҳам гардид.
Устод Гулназар дар шумори суханварони имрӯзи адабиёти тоҷик қарор дорад, ки аз рӯзҳои аввали расидан ба истиқлоли миллӣ тарғиби ин неъмати безавол ва ин дастоварди бемисоли таърихии миллатро ҳадафи бузурги шаҳрвандӣ ва инсонӣ, рисолати аслии шоирии худ шинохта омадааст. Шарҳу тафсири истиқлол, тарғиби ваҳдат, маърифати мероси маънавии тоҷикон, ҳайсият ва ифтихори миллӣ ва ойини ватандорӣ ҷавҳари маъно ва андешаи шоири маҳбуби моро ба вуҷуд овардааст. Ӯ бо дарки аҳамияти истиқлол, ҳамин неъмати безавол аст, ки аввал дар Суруди миллии Тоҷикистон таъкид менамояд, ки мо аз дурии замонаҳо ба имрӯз расидаем, яъне ин истиқлолест, ки бештар аз ҳазору сад сол онро мардуми мо орзу мекарданд. Барои он ки имрӯз мо ба зери парчами Тоҷикистони соҳибистиқлол саф кашем, чи асрҳову солҳо сипарӣ шуд. Аз ин рӯ, бояд ба қадри ин истиқлол ва ин Тоҷикистони озод ва ин шарафи ватандорӣ бирасем:
Зи дурии замонаҳо расидаем,
Ба зери парчами ту саф кашидаем, кашидаем,
Зинда бош, эй Ватан, Тоҷикистони озоди ман.
Шинохти аввалияи устод Гулназар аз хештан тоҷик будан дар ҳама фосилаи замониву маконӣ ва ҳама маврид аст. Ӯ бо ифтихори баланди миллӣ талқин мекунад, ки ман дар мактаби ҳама давру замин, дар рӯи замину осмон, дар миёни оташу об, яъне ҳар ҷо будам, ҳастам, тоҷик мебошам, яъне тоҷик будан ифтихори ман аст. Ин мактаби давру замоне, ки ӯ таъкид мекунад, рӯзгорони гузаштаи пурифтихораш низ ҳаст, ки онро ниёкони шарафмандаш шуруъ аз Куруши Кабиру Зардушту Имоми Абуҳанифа, устод Рӯдакиву Фирдавсиву Мавлонову Ҳофизу Бедилу Садриддин Айнӣ ва дигарон ҳамчун намояндаи миллати тоҷик ҳифз карда омаданд ва имрӯз ҳамчун меросбари ин фарзандони арҷманди халқи тоҷик шоистагии ин ворисиятро ба вуҷуд ва андешаи тоҷикона ҳифз мекунад:
Дар мактаби ҳар давру замон тоҷикам,
Дар рӯи замину осмон тоҷикам.
Дар оташу об ҷумла тағйир кунанд,
Дар оташу об ман ҳамон тоҷикам.
Дар андешаи устод Гулназар раҳи имрӯзу фардои миллат, шаҳомати имрӯзи таърихи мо ва Парчами болои сари мо пеш аз ҳама Истиқлоли миллист, ки бояд дар роҳи ҳифозати он иқдом кунем, чун ин неъмати бузургу безаволи таърихӣ самари ҷоннисориву ҷонфидоии таърихии мардуми озадаандеш ва миҳанпарасти тоҷик аст:
Парчам ба сарам Парчами Истиқлол аст.
Равшан раҳи ман зи субҳи истиқбол аст.
Эъҷозгарӣ бубину фатҳу зафарам
Ҳар рӯзи маро шаҳомати сад сол аст.
Аз ин ҷост, ки устод Гулназар Истиқлолро шиносномаи миллат унвон мекунад ва албатта,ин андеша ба воқеиятҳои таърихии замони имрӯз такя мекунад. Маҳз, шарофати Истиқлоли миллӣ буд, ки Тоҷикистони азизи моро бештар аз 200 кишвари ҷаҳон ба расмият шинохт, Пешвои муаззами миллат ҳамчун Асосгузори сулҳу ваҳдати миллии тоҷикон аз минбарҳои баланд ин миллату ин давлати меросбари тамаддуни бузургро муаррифӣ намуда, бо ташаббусҳои ҷаҳонии хеш ҷаҳонгир сохтанд. Аз ин рӯ, бо ифтихор аз ин шуҳрату шони истиқлоли миллӣ ва безаволии саодати он устод Гулназар бо баёне шоирона Истиқлолро “шаҳболи мурғи умеди дили хеш” унвон мекунад ва фахр аз он дорад, ки фарзандони ин Ватани азизи мо ба ҳар гӯшаи олам, ки мераванд, чун Рустами муборакфол бо корномаҳои бузурги хеш миллату миҳану давлатро муаррифӣ мекунанд, чун худ ворисони Рустамҳову Исфандиёру Сиёвушҳо ҳастанд:
Моро, ки шиноснома Истиқлол аст,
Бар мурғи умеди дили мо шаҳбол аст.
Фарзанди Ватан равад ба ҳар гӯшаи даҳр,
Гӯянд, ки Рустами муборакфол аст.
Дар саргаҳи ин фарзандони бузурги ин миллат ва мубаллиғони Истиқлолу ваҳдату ойини ватандорӣ боз ҳам Пешвои муаззами миллат қарор доранд, ки ҳамеша аз минбарҳои баланд бо суханрониҳои ноб бо забони тоҷикӣ бо вусъату қудрати маънавии рустамонаи хеш Тоҷикистону тоҷиконро муаррифӣ мекунанд.
Гулназар чун шоири ватандӯст ва фарзанди содиқи Ватан ҳамеша дар роҳи ҳифзи истиқлоли миллӣ изҳори омодагӣ мекунад ва таъкид медорад, ки рӯзу шаби умрам барои худ нест, балки барои таҳким ва муҳофизати ин неъмати бузург мебошад, чун сафои Истиқлолро ба худ чун нури басар ва вафояшро тафсири ҳарфи муҳаббату садоқати дили хеш шинохтаам:
Нури басарам сафои Истиқлол аст,
Тафсири дилам вафои Истиқлол аст.
Рӯзу шаби ман барои ман нест, ки нест,
Рӯзу шаби ман барои Истиқлол аст.
Ин сурудаи устод Гулназар барои ҳар фарди миҳандӯсту ватанпарвар бояд мақоми шиори зиндагиро касб намояд, то дар роҳи ҳифзии якпорчагии Тоҷикистони азиз ва неъмати бебаҳои Истиқлоли миллӣ ҳамеша омодаву дар талошу такопӯ бошад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ваҳдат ва Истиқлоли миллиро ду қутби неруманд ва бузурги Тоҷикистони азиз унвон кардаанд. Устод Гулназар бо баҳрамандӣ ва илҳом гирифтан аз ин каломи файзбори Пешвои муаззами миллат Ваҳдатро сипари маҳкам, оташнафасу ҳамдам, аскари ҷонфидои посгаҳи парчами Истиқлол унвон кардааст:
Ваҳдат сипари маҳками Истиқлол аст.
Оташнафасу ҳамдами Истиқлол аст,
Чун аскари ҷонфидои ин обу замин
Дар посгаҳи Парчами Истиқлол аст.
Гулназар дар як ғазали дигари хеш, ки онро “Навбаҳори ваҳдат” унвон кардааст, ҳузури ин неъмати безаволро омили муҳими шуҳрати ҷаҳонии Тоҷикистон, ҳузури озодиву обод, авҷу барор, пайванди дигарбораи Рашту Хуҷанду Кулобу Вахшу Ҳисор меномад ва ҷавониву ҷавонаҳои кишвари тозаистиқлоли моро аз ифтихору эътибори ваҳдат муаррифӣ менамояд. “Навбаҳори ваҳдат” ном гирифтани шеър беҳикмат нест ва аз рӯи он метавон муайян кард, ки дар истиқбол аз ин рӯйдоди нодиру бузургу таърихии миллат ва талошҳои бунёдгузори кохи Ваҳдати миллӣ – Асосгузори сулҳу ваҳдати тоҷикон - Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рӯзҳои имзои созишномаи сулҳу ваҳдат суруда шудааст:
Сарсабзу гулфишон шуд то навбаҳори ваҳдат,
Овозаи ҷаҳон шуд номи диёри ваҳдат.
Озодӣ – аз муҳаббат, ободӣ-аз садоқат,
Авҷу барори мо шуд авҷу барори ваҳдат.
Саф-саф ба сӯйи фардо мардона по гузоранд
Рашту Хуҷанду Кӯлоб, Вахшу Ҳисори ваҳдат.
Ин хоки бостонӣ шуд арсаи ҷавонӣ
Аз ифтихори ваҳдат, аз эътибори ваҳдат.
То шеъри Рӯдакӣ ҳаст наврӯзии дили мо,
Чашми хазон наафтад бар навбаҳори ваҳдат.
Байти охир дуои шоиронаи Гулназар барои таҳкими ваҳдати миллӣ аст, зеро шеъри тамоми гузаштагони адабиёти мо, шуруъ аз устод Рӯдакӣ ҳама тараннумгари ваҳдати тоҷикон аст. То он замоне, ки шеъри Рӯдакӣ ҳадяи наврӯзии дили мост, то ҳамон рӯзе, ки шеър асту дилҳоро равшану мунаввар мегардонад, чашми хазон ба навбаҳори ваҳдати мо нахоҳад афтод.
Устод Гулназар муҳаббати Ватанро омили физояндаи умри азизи хеш мешуморад, ки ин андеша ҳам бо шеваи нозуку муассири баён таҳрикдиҳанда барои ҳар фарди ватанпарвар дар тақвияти ойини ватандорӣ метавонад бошад:
Меҳри ту, Ватан, умр физояд шабу рӯз,
Бехуда аҷал суроғам ояд шабу рӯз.
Ҷонам ба фазои ту муаллақ монад,
Чун кокуливу ғазал сарояд шабу рӯз.
Дар як ғазали дигар, ки барои устод Мирзо Турсунзода бахшида шудааст, дар навбати аввал Гулназар ин суханвари маҳбуби моро сарояндаи шеъри Ватан ва ватандорӣ унвон мекунад ва аз забони ӯ изҳор медорад, ки ҳар куҷо рафтам бо Ватан будам ва ҳар мисрае гуфтам аз Ватан буд, чун меҳри Ватан дар дили ҳар зарра ба сони хуршед муҷассам аст. Ҳатто таъкиди қобили таваҷҷуҳе аз номи шоири ватандӯсту ватанситои мо менамояд, ки агарчӣ бештари аҷдоди ман дар роҳи Каъба ба ҷустуҷӯи Худо рафтанд, аммо ман дар ҳама баҳру бари дунё Ватан ҷустам. Ин назару андешаи устод Гулназар, ки аз номи Мирзо Турсунзода шарҳу баён мешавад, маншаи фикриву маънавӣ дар манобеи динӣ ҳам дорад, чун Паёмбари бузурги ислом дар ҳадисе фармудаанд, ки “Дӯст доштани Ватан аз имон аст”:
Чу дарё зарфишон шуд мисраи ман, то Ватан гуфтам,
Дилам бишкуфт монанди баҳорон, бо Ватан гуфтам.
Ватан ёбад таҷассум дар дили ҳар зарра чун хуршед,
Ба гӯши санги кӯҳу лолаи саҳро Ватан гуфтам.
Ба роҳи Каъба аҷдодам Худо ҷуста, Худо гуфтанд,
Вале ман дар ҳама баҳру бари дунё Ватан гуфтам.
Намонд армону тиморам, ки бо дарди Ватан ҳастам,
Бишуд ҳар мушкилам осон, ки ман ҳар ҷо Ватан гуфтам.
Магар он лайлатулқадри сухан дар коми ман омад,
Ки тилло мешавад ҳар нуктаи ман, то Ватан гуфтам.
Маро мурғи самандар кард меҳри хоки аҷдодам,
Ки аз хокистари худ мешавам пайдо, Ватан гуфтам.
Зи роҳи чашмасорон рафтаму дарё насибам шуд.
Ба монанди Ватан ҷовидаму барпо, Ватан гуфтам.
Аз мутолеи ғазали мазкур ҳувайдост, ки Гулназар роҳи ҳалли тамоми мушкилотро аз номи устоди бузурги сухан Мирзо Турсунзода дар дӯст доштани Ватан шинохтааст ва ин нуктаи омӯзанда бояд чун сабақи бузурги мактаби ватандорӣ талқину тарғиб шавад. Ҳарчанд ин ғазал барои устод Мирзо Турсунзода ва ба номи ин абармарди бузурги сухан бахшида шудааст, вале дар асл як номаи мубораки тарғиб ва маърифати ойини ватандорист. Ин паёму башоратҳои Гулназар симоии устод Турсунзодаро барои мо ҳамчун мунодии дарси ватандорӣ, симои шахсияти бузургу барҷастаи ватандӯст муаррифӣ мекунад, ки маҳз тавассути чунин наҷобату азамати ватандории хеш аз сӯи Пешвои муаззами миллат ба унвони баландтарини “Қаҳрамони Тоҷикистон” сазовор гардид.
Гулназар дар идомаи роҳи устод Мирзо Турсунзода дар ҷодаи ватандорӣ шоирест,ки фақат ба меҳроби Ватан саҷда кардаву ҳар ҷо ки рафта, мисоли ашки рӯи мижгон оби Ватанро бо худ бурдаст. Аз ин рӯ, бо чунин ашъори нобу ватандӯстонааш чун шоири ватанситоянда ва ватандӯст миёни мардум шуҳрат пайдо намуда буд ва имрӯз низ ҷой ӯ дар дилу дидаи халқи азизи Тоҷикистон аст:
Дар сина дил аст баски суроби Ватан,
Ман саҷда кунам фақат ба меҳроби Ватан.
Чун абр даме ки меравам мулк ба мулк,
Ман дар сари мижжа мебарам оби Ватан.
Мурур ба маҷмуаҳои ашъори Гулназар моро бар ин натиҷа мерасонад, ки воқеан ин суханвари соҳибназари мо аз оғози роҳи эҷоди хеш ба тарғиби истиқлоли миллӣ, ҳифзи якпорчаги Тоҷикистон, ғояҳои ватандӯстӣ ва ойини ватандорӣ пайванд ёфта, бо таррануми табиат ва зебоиҳои як деҳаи бузурги худ чун як пораи хоки Ватан шеъри ватандории хешро бунёд ниҳод. Дар замони истиқлоли миллӣ доираи мазкури мавзуии ашъори хешро бо шарофати тантанаи сулҳу ваҳдат, озодии Тоҷикистону ободии он вусъат бахшид. Тарғиби дастовардҳои бузурги ин даврон, вусъати сохтмонҳои муҳташам, бавежа Роғун, эҳёи арзишҳои миллӣ ва ҷаҳонишавии Наврӯз, дубора ба маснади хеш нишастани чаҳор ҷашни куҳани миллӣ- Садаву Наврӯз, Тиргону Меҳргон дар ашъори Гулназар зимнан ғояҳои ватандӯстиву ватандориро низ фаро гирифтаанд, ки мутолеа ин сурудаҳо метавонанд баробари муаррифии ашъори шоир чун ойинаи худшиносӣ, ваҳдати миллӣ ва ойини ватандорӣ дар болоравии эҳсоси ватандӯстии насли имрӯзу фардо таъсиргузор бошанд.
Нуралӣ Нурзод,
доктори илмҳои филологӣ, профессор,
директори институти илмӣ-тадқиқотии илмҳои ҷомеашиносии
МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”