​ИСТИҚЛОЛ ВА МАОРИФ

Истиқлоли давлатӣ барои ташаккули низоми мустақили маориф ва илм низ заминаи муҳим гардид. Дар замони соҳибистиқлолӣ соҳаи маориф ба яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ табдил ёфта, дигаргуниҳои зиёдро аз сар гузаронид.

Солҳои аввали Истиқлол новобаста аз вазъи душвори сиёсиву иқтисодӣ, масъалаи рушди маориф дар меҳвари сиёсати давлат қарор гирифт. Яке аз нишондиҳандаҳои муҳимми рушди соҳаи маориф дар даврони Истиқлол афзоиши маблағгузории давлатӣ ба ин соҳа мебошад. Агар ба нишондиҳандаҳои солҳои гуногун назар афканем, тағйироти хеле калонро мебинем. Масалан, соли 2026 барои соҳаи маориф аз ҳисоби буҷети давлатӣ 13 миллиарду 677 миллиону 300 ҳазор сомонӣ пешбинӣ шудааст. Ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2020 қариб 2,7 баробар ва нисбат ба соли 2001-ум 224 баробар зиёд аст. Ҳаҷми маблағгузории соҳаи маориф ба 7 фоизи маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ва 20,4 фоизи хароҷоти умумии буҷети давлатӣ баробар мебошад, ки нишондиҳандаи назаррас аст.

Афзоиши маблағгузорӣ имкон фароҳам овардааст, ки муассисаҳои таълимӣ бунёд ва таъмир карда шаванд, пояҳои моддиву техникии онҳо устувору беҳтар гардад, муассисаҳои нав ба фаъолият оғоз намоянд ва дастрасии аҳолӣ ба таҳсил осон шавад.

Дар ин давра даҳҳо қонун, консепсия, стратегия ва барномаҳои давлатӣ вобаста ба соҳа қабул гардиданд. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ муносибатҳои асосиро дар соҳаи таҳсилот танзим намуда, барои рушди зинаҳои гуногуни низоми маориф заминаи ҳуқуқӣ фароҳам оварданд.

Агар соли таҳсили 1991-1992 дар мамлакат 3179 муассисаи таҳсилоти умумӣ фаъолият мекард, пас, соли таҳсили 2025-2026 шумораи онҳо ба 4056 адад расидааст. Аз ин шумора 272 муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ, 308 муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ ва 3476 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ мебошанд.

Афзоиши шумораи муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, пеш аз ҳама, имконияти фарогирии кӯдакону наврасонро ба таҳсил афзуд. Дар ин баробар, иқтидори кадрии соҳа низ афзоиш ёфт. Соли таҳсили 2025-2026 дар муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ 136 ҳазору 116 омӯзгор фаъолият менамоянд, ки нисбат ба соли таҳсили 1991–1992 беш аз 41 ҳазор нафар зиёд мебошад.

Таҳсилоти томактабӣ низ дар даврони соҳибистиқлолӣ тадриҷан рушд намуд. Дар ҳоле, ки солҳои аввали Истиқлол ин зинаи таҳсилот бо мушкилоти зиёд рӯ ба рӯ буд. Минбаъд барои барқарорсозӣ ва рушди муассисаҳои томактабӣ тадбирҳои мушаххас амалӣ гардиданд. Тибқи нишондиҳандаҳои оморӣ, агар соли 2010 дар ҷумҳурӣ 488 муассисаи таҳсилоти томактабӣ фаъолият дошта бошад, соли 2026 шумораи онҳо ба 795 муассиса расидааст.

Яке аз масъалаҳои муҳим дар соҳаи маориф баланд бардоштани сифати таҳсилот мебошад, ки зери таваҷҷуҳи доимӣ қарор дорад. Имрӯз масъалаи сифати дониш, маҳорати касбии омӯзгор, истифодаи усулҳои муосири таълим ва рақобатпазирии хатмкунандагон аз аҳаммияти махсус бархурдор аст.

Дар даврони соҳибистиқлолӣ барои таҳия, экспертиза ва нашри китобҳои дарсӣ ва маводи таълимӣ эътибори ҷиддӣ зоҳир карда шуд.Садҳо номгӯй китоби дарсӣ, дастури таълимӣ ва методӣ таҳия ва нашр гардиданд.

Дар зинаи таҳсилоти олии касбӣ низ таҳаввулоти калон ба вуқуъ пайваст. Соли 1992 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамагӣ 13 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ фаъолият дошт ва дар онҳо 70 ҳазору 600 нафар донишҷӯ таҳсил мекарданд. Имрӯз дар кишвар 51 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ фаъолият дошта, зиёда аз 226 ҳазор донишҷӯро дар бар гирифтааст.

Афзоиши шумораи муассисаҳои таҳсилоти олӣ имконияти гирифтани таҳсилоти касбиро барои ҷавонон васеъ кард. Дар баробари ин, талаботи ҷомеа ба сифати таҳсилоти олӣ низ зиёд гардид. Таъсиси Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз ташаббусҳои муҳимми Ҳукумати кишвар ба шумор меравад. Ин марказ раванди дохилшавии хатмкунандагон ба муассисаҳои олиро оссону шаффоф намуд. Имкон фароҳам овард, ки довталаб бо роҳи осону қулай дар дилхоҳ донишгоҳ таҳсил намояд.

Яке аз самтҳои муҳими рушди маориф дар даврони соҳибистиқлолӣ таҳкими иқтидори илмии кишвар мебошад. Дар ин самт ташаккули низоми миллии аттестатсияи кадрҳои илмӣ аҳаммияти махсус дорад. Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 августи соли 2014 Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.

Таъсиси ин сохтор низоми илмии кишварро ба марҳалаи нави рушд ворид намуд. Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳиби низоми мустақили давлатии аттестатсияи кадрҳои илмӣ гардид. Имконияти омодасозӣ, экспертиза ва ҳимояи рисолаҳои илмӣ дар дохили кишвар васеъ гардид ва фаъолияти шуроҳои диссертатсионӣ ба низоми миллии аттестатсияи кадрҳои илмӣ пайваст карда шуд.

Рушди маорифро бидуни пешрафти илм тасаввур кардан имконопазир аст. Имрӯз муассисаҳои таҳсилоти олӣ дар баробари омода кардани мутахассис дорои муҳити илмӣ ва таҳқиқотии устуворанд. Тақвияти фаъолияти илмӣ, дастгирии муҳаққиқони ҷавон, ҷалби донишҷӯён ба корҳои таҳқиқотӣ ва истифодаи натиҷаҳои илм дар соҳаҳои иқтисоди миллиро ба вазифаи муҳимми худ табдил додаанд.

Дар даврони соҳибистиқлолӣ ҳамкории байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи маориф ва илм низ густариш ёфт. Имрӯз байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кишварҳои хориҷӣ зиёда аз 120 созишномаи байниҳукуматӣ ва зиёда аз 80 созишномаи байниидоравӣ дар соҳаи маориф, илм ва техника амал мекунанд.

Яке аз натиҷаҳои чунин ҳамкорӣ афзоиши имконияти таҳсили ҷавонони тоҷик дар хориҷи кишвар мебошад. Айни замон зиёда аз 42 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар муассисаҳои таҳсилоти олии кишварҳои хориҷӣ таҳсил мекунанд. Ҷавонони тоҷик дар муассисаҳои таҳсилоти олии Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Ҷумҳурии Корея, Ҷопон, Туркия, Маҷористон, Полша, Беларус, Қазоқистон, Малайзия, Индонезия ва дигар давлатҳо таҳсил менамоянд.

Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон» низ сутуданист. Ин барнома барои таҳсили ҷавонони соҳибистеъдод дар муассисаҳои таҳсилоти олии хориҷӣ ва омода намудани кадрҳои дорои дониш ва таҷрибаи байналмилалӣ имконияти созгор фароҳам овардааст.

Рушди маориф дар даврони Истиқлол ҳамчунин ба омодасозии кадрҳои ҷавон барои соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди миллӣ алоқаманд мебошад. Бо назардошти тағйироти бозори меҳнат ва рушди технологияҳои нав талабот ба мутахассисони соҳаҳои технологияҳои иттилоотӣ, барномасозӣ, амнияти компютерӣ, зеҳни сунъӣ ва дигар самтҳои нав меафзояд.

Дар чунин шароит вазифаи муассисаҳои таълимӣ танҳо додани донишҳои назариявӣ нест. Мутахассиси замони муосир бояд донишро дар амал истифода бурда тавонад, технологияҳои навро аз худ кунад, мустақилона фикр намояд ва барои ҳалли масъалаҳои нав омода бошад. Аз ин рӯ, пайвастани таълим ба талаботи воқеии иқтисод ва бозори меҳнат яке аз самтҳои асосии рушди минбаъдаи соҳа мебошад.

Рақамикунонӣ низ ба яке аз самтҳои нави рушди маориф табдил ёфтааст. Технологияҳои рақамӣ имконият медиҳанд, ки шаклҳои таълим такмил ёфта, дастрасӣ ба маводи таълимӣ васеъ гардад. Дар баробари ин, рушди технологияҳои рақамӣ масъалаҳои навро низ ба миён меорад. Аз ҷумла, хонандагону донишҷӯён бояд фарҳанги дурусти истифодаи интернет, шабакаҳои иҷтимоӣ ва воситаҳои рақамиро дошта бошанд.

Дар шароити рушди зеҳни сунъӣ ин масъала боз ҳам муҳимтар мегардад. Маориф бояд ба ҷавонон на танҳо тарзи истифодаи технологияро омӯзонад, балки қобилияти таҳлил, интихоби иттилооти дуруст ва истифодаи масъулионаи захираҳои рақамиро низ ташаккул диҳад.

Бо назардошти ин, дар муассисаҳои олиикишвар ихтисосҳои ба талаботи рушди технологӣ мувофиқ таъсис дода шуда, таълим ҷараён дорад. Аз ҷумла, дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров соли ҷорӣ якчанд ихтисоси замонавӣ таъсис ёфта, шурӯъ аз соли хониши нав аз рӯи онҳо таҳсил ба роҳ монда шуд.

Дар маҷмуъ, натиҷаҳои 35 соли соҳибистиқлолӣ нишон медиҳанд, ки низоми маорифи Тоҷикистон дар ин давра аз марҳалаҳои гуногуни рушд гузаштааст. Шумораи муассисаҳои таълимӣ афзуда, фарогирӣ ба таҳсил васеъ гардидааст, иқтидори кадрии соҳа зиёд шудааст, таҳсилоти олӣ ва илм рушд кардааст, заминаи ҳуқуқии соҳа такмил ёфта, ҳамкориҳои байналмилалӣ густариш пайдо кардаанд.

Ҳамзамон, инро низ бояд илова кард, ки марҳалаи имрӯза дар назди соҳаи маориф вазифаҳои нав мегузорад. Баланд бардоштани сифати таълим, такмили маҳорати касбии омӯзгорон, рушди илм, омода намудани мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат, рақамикунонӣ, рушди тафаккури илмӣ ва васеъ намудани имкониятҳои таҳсилоти томактабӣ аз ҷумлаи масъалаҳои муҳим мебошанд.

Истиқлол барои рушди низоми миллии маориф шароити зарурӣ фароҳам овард. Имрӯз вазифаи асосӣ истифодаи самараноки ин имкониятҳо ва мутобиқ намудани низоми таҳсилот ба талаботи нави ҷомеа мебошад. Зеро рушди устувори иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар ба сатҳи дониш, касбият ва ҷаҳонбинии насли нав вобастагии мустақим дорад.

Таҷрибаи 35 соли Истиқлол нишон медиҳад, ки соҳаи маориф дар Тоҷикистон ба яке аз самтҳои асосии сиёсати давлатӣ табдил ёфтааст. Дар марҳалаи минбаъда низ ба баланд бардоштани сифати таҳсилот, рушди иқтидори илмӣ, истифодаи самараноки технологияҳои нав ва омода намудани кадрҳои рақобатпазир тадбир андешида мешавад. Зеро яке аз шартҳои асосии пешрафти кишвар аз сатҳи маориф ва илм маншаъ мегирад.

Умарӣ Инобатҷон Умар,

мудири кафедраи умумидонишгоҳии информатика

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ