​ИСТИҚЛОЛИ МИЛЛӢ ВА ФУРӮҒИ ОФТОБИ МАЪНАВИИ ТОҶИКОН

Истиқлоли миллии тоҷикон, ки аз ҳузури он 35 сол сипарӣ мегардад, дастоварди беназири таърихӣ ба шумор рафта, барои мардуми кишвари мо дар заминаи ривоҷи барномаҳои бузурги созандагиву бунёдкорӣ саодатҳои афзуне тақдим намудааст. Дар заминаи ин саодатҳои моддиву шарофатҳои маънавӣ кишвари азизи моро роҳе равшану пайдо ба сӯи комгориҳои бешумор ҳосил кардааст. Бешак, таҳкими пояҳои истиқлоли миллӣ тавассути қудратбахшӣ бар истиқлоли сиёсиву иқтисодӣ, фарҳангиву маънавӣ ҷараён пайдо намуд, ки он ба барномаҳои бузургу созанда ва дурнигаронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон такя мекунад.

Мардуми тоҷик низ ҳамеша шукргузор ҳастанд, ки тавасссути раҳнамоиву ҳидоятҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола дар даврони соҳибистиқлолии кишвар тадбирҳои созандагӣ, ибтикороти зебоиофарин, ташаббусҳои шоён ривоҷ касб намуда, саросари Тоҷикистони азиз ободу шукуфову зебо мешавад. Ин барномаҳо, пеш аз ҳама, ба хотири таҳкими рукнҳои истиқлолӣ миллӣ аз сар гирифта мешаванд. Ҷилваи нусрат ва шукуҳи ин иқдомот ва ибтикороти созандагиро ҳамеша мо дар ҷараёни сафарҳои кории Пешвои миллат дар тамоми гӯшаву канори Тоҷикистони азиз, шуруъ аз қалби сарзамини офтобии мо – шаҳри Душанбе, аз канори руди Зарафшон то қуллаҳои сарбаланди Бадахшон, Суғд то ба Хатлон, Кӯлобу Ҳисору Рашт, яъне тамоми қаламрави кишвар ба мушоҳида мегирему аз ҳосили ташаббусҳои зиндагисоз ва нусратёр мефахрему меболем. Дар ҷараёни ин ҳузури мунаввар ва пурбаракоти Пешвои миллат ба шаҳру навоҳии кишвар шукӯҳи созандагиҳо, ки ҳамагӣ зеббахши зиндагонии мардуми Тоҷикистони азизи мо гардидаанд, таҷаммули хосаеро ба намоиш мегузоранд.

Дар саросари Тоҷикистон чунин корномаҳои бунёдкорона ҷараён доранд ва ба истиқболи 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола садҳо иншооти муҳим, боғу майдонҳои хуррам, муассисаҳои маърифатӣ ва тандурустӣ, биноҳои маъмурӣ ва амсоли ин бо ҳузури Пешвои миллат мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта истодаанд. Шукӯҳи муҷассамаҳои доҳии тоҷикон Исмоили Сомонӣ, устод Рӯдакиву Абулқосим Фирдавсӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишери Навоӣ, Садриддин Айнӣ дар шаҳри Душанбе, устод Рӯдакӣ, Камоли Хуҷандӣ, Абумаҳмуди Хуҷандӣ дар шаҳри Хуҷанд, Сайфиддини Исфарангӣ дар Исфара, Деваштич дар ноҳияи Деваштич, Нақибхон Туғрал ва муаллифи Суруди миллии Тоҷикистон Гулназар дар ноҳияи Айнӣ, Садриддин Айнӣ дар боғҳои ба номи устод дар ноҳияи Зафаробод ва шаҳри Бӯстон, дар баробари қоматафрозии Нишону Парчам дар аксари шаҳру навоҳии кишвар, воқеан, рамзе бар таҳкими худшиносии миллии мардум, хоса ҷавонон гардид.Тайи чанд соли охир мо шоҳиди он ҳастем, ки чунин муҷассамаҳои бузурги таъриху фарҳанг ва адабиёти миллии мо дар саросари Тоҷикистон баробар ба Парчаму Нишон арзи ҳастӣ намуда, майдону боғҳои бунёдгардида ба макони ҳузури мардум, хоса, баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ ва ҳамоишҳои зиндагисози ҷавонон мегарданд. Мусаллам аст, ки ин ташаббусҳо ва тадбирҳо дар баробари таъмини нусратёрӣ ва шукуҳу зебоии марказҳои шаҳру навоҳии вилоят рамзи тарбияи худшиносӣ, худогоҳии миллӣ ва маънавии ҷомеа гардиданд, зеро дар шукуҳу шаҳомати ҳастии ин Нишону Парчаму пайкараҳои бузургони мо ҳазорон достони ибрат ва маърифат ниҳон аст. Дар навбати аввал ин нусратҳои маънавӣ барои таҳкими истиқлоли маънавии мардум, ки яке аз рукнҳои барҷастаи истиқлоли давлатӣ эътироф гардидааст, омил мегарданд. Ин раванд, бахусус дар қаламрави соли 2026 бо шарафи эълони «Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ» вусъати бештар касб кард, то дар амри ба амал пайвастани ҳадафҳои бузурги сол мусоидат гардад.

Нуктаи қобили таваҷҷуҳ он аст, ки дар ҳар суҳбату мулоқоти хеш Пешвои миллат аз зарурати таҳкими истиқлоли миллӣ ва расидан ба қадру манзалати ин дастоварди беназири таърихӣ, тақвият бахшидан ба ваҳдати миллӣ дар саросари кишвар сухан мекунанд ва бо таваҷҷуҳ бар ин матолиб, мардумро бори дигар ба сабақбардорӣ аз воқеаҳои солҳои навадум ва расидан ба қадри имрӯзи сулҳрофару ваҳдатшиор даъват менамоянд. Соли 2020 дар ҳамоиши байналмилалӣ бахшида ба 700-солагии Шайх Камоли Хуҷандӣ ба зарурати шинохти шеър ва андешаи Камоли Хуҷандӣ ба унвони сарчашмаи таҳкими ваҳдати миллӣ ва ҳамдилии башарият таъкид намуданд. Давоми ду соли охир маҳз бо пешниҳоди Пешвои миллат дар қароргоҳи созмони ҷаҳонии ЮНЕСКО 815-солагии Мавлонои Балхӣ ва 700-солагии Ҳофизи Шерозӣ дар сатҳи баланд таҷлил гардид. Ҳамакнун, вазифаҳои ҳар яки, мо, аҳли илму маориф аст, ки бар пояи ин раҳнамоиҳо ба ашъори на танҳо Камоли Хуҷандӣ, Мавлонои Балхӣ ва Ҳофизи Шерозӣ балки тамоми адибони гузашта аз ин равзанаи шинохт ворид шавем ва ғояҳои бузурги ниёконро барои насли имрӯз чун василаи беҳтарини тарбияи маънавӣ ва ахлоқӣ, хоса, ҳифзи арзишҳои бузурге чун истиқлол, ваҳдат, озодӣ, муҳаббат ба Ватан истифода намоем.

Давоми чанд соли охир баргузории ҷашну идҳое, ки зимнан ба табиат рабт мегиранд, аз ҷумла баргузории идҳои харбуза, зардолу, асал бори дигар аз он паём мерасонад, ки тавассути ин тадбирҳои наҷиби Пешвои миллат муҳимтарин расму оинҳои суннатии моро, ки сарчашма дар Наврӯзу Садаву Меҳргон ва Тиргон доранд, эҳё мешаванд. Ба таъбири дигар, ин тадбирҳо барои таҳкими истиқлоли маънавӣ ва саодати руҳии халқи Тоҷикистон таъсири матлуб хоҳанд гузошт. Мардуми тоҷик аз дергоҳи таърих ба табиат ва офаридаҳои он таваҷҷуҳи амиқ доранд ва арҷгузорӣ ба ин падидаҳо худ гувоҳ бар он аст, ки ин ҳама неъматҳои нодири табиат аслу мояи зиндагонии инсониятро таъмин мекунанд. Эҳёи чунин идҳои зодаи табиат бори дигар ба ин маслаки неки ниёгон ва қадршиносӣ аз чунин суннатҳои наҷиб ишорат мекунад.

Албатта, дар ҳошияи ҳамаи сафарҳои пурбаракоти Пешвои миллат ба тамоми шаҳру навоҳии кишвар мо шоҳиди корномаҳои зиёди созандае мегардем, ки ҳамагӣ шукуҳу нусрати истиқлоли миллати моро ҷилвагар месозанд. Ин корномаҳо ҳамарӯзаву ҳамасола ба хотири таҳкими истиқлоли миллӣ ва шукуфоии Тоҷикистони азиз идома доранд ва имрӯз бо илҳом аз тадбирҳои созандаи Пешвои миллат шаҳрвандони кишвар, сокинони касбу кори гуногун низ аз худ ташаббусҳои созанда зоҳир намуда, дар ободонии маҳаллу гузару рустоҳои хеш иқдом мекунанд. Пешвои миллат, ҳанӯз чанд сол қабл зимни эълони солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардум ва ҳамзамон тадбирҳои созанда ба пешвози 30-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон таъкид дошта буданд, ки яке аз ҳадафҳои асосии мо дар ин росто таъмини баробари рушди тамоми гӯшаву канори кишвар, яъне, пешрафти якҷояи шаҳру деҳот ба шумор меравад. Воқеан, имрӯз вақте ба ҳар шарҳу ноҳияҳои кишвар, ба деҳоти мухталифи Тоҷикистон сафар мекунем, ҳақиқати ин амр ҷилвагар мешавад. Дар тамоми шаҳру навоҳии Тоҷикистон мактабҳо, муассисаҳои маърифатии дигар, бемористонҳои ҷавобгӯ ба меъёрҳои замон, марказҳои хизматрасонии сатҳи баланд сохта ва ба истифода дода мешаванд, ки дар шукуҳу нусрат беҳтар аз якдигаранд. Имрӯз дар дурдасттарин ноҳияҳои кишвар сокинон метавонанд аз тамоми технологияҳои иттилоотӣ ва дастгоҳҳи муосири тиббӣ истифода намоянд. Тарҳи бунёди хонаҳои истиқоматӣ дар деҳот низ ба нишонаҳои меъмории шаҳриву шарқӣ наздик мешавад. Замоне буд, ки мардум дар орзуи ҷомеаи хаёлие буданд, ки яке аз нишонаҳои он аз миён рафтани фарқ миёни деҳаву шаҳр аз лиҳози меъморӣ ба шумор мерафт. Дар даврони Шӯравӣ ин танҳо хобу хаёли мардум буд. Барҳақ, эҷоди иқдомоти созанда ва ибтикороти Пешвои миллат тавассути эълони барномаҳои хосаи рушди деҳот имрӯз он хобу хаёл ва орзуи як замон доштаи мардумро ба ҳақиқат пайванд бахшид.

Корномаҳои созандаву бунёдкорона, хосатан таҳкими истиқлоли энергетикӣ, коммуникатсионӣ ва саноатикунонии Тоҷикистон бар он боис шуда истодааст, ки дар заминаи амали барномаҳои бузург ҳамон орзуи деринаи руъёии мардуми мо ҷомаи ҳақиқат ба бар кунад, яъне бо бунёди коргоҳҳои азим, биноҳои баландошёна, марказҳои хизматрасонӣ фарқ миёни шаҳру деҳот аз миён равад.

Самараи корномаҳои созандаи Пешвои миллат ва пуштибонии мардум аз ин сиёсати фардосоз бозгӯи он аст, ки ҳар лаҳза тарҳу симои тамоми манотиқи Тоҷикистон, хоса навоҳии деҳоти кишвар дигаргун мешаванд. Боварии комил дорем, ки дар дарозои имсолу солҳои оянда ва фардову фардоҳои дигар мо ҳамеша шоҳиди чунин ибтикороти зеббахши зиндагӣ гардида, Тоҷикистони азизро пайваста шукуфону сабзпӯшу гулрез ва ҳар пораи хоки муқаддаси онро зархез дида, дар ҳар ваҷаб замини он самараҳои созандагиро тамошо хоҳем кард. Ҳоло ки ҳосили садоқат ба қавлу қасами Пешвои миллат, инчунин, барои расидан ба ҳадафҳои наҷиби таҳкими истиқлоли миллӣ, таъмини зиндагонии шоистаи мардум самараҳои сабзу матлуб ба бор овардаанд, мо бо ифтихор ва садоқатмандӣ баён медорем, ки Пешвои миллати тоҷик, воқеан, Пешвои мардумӣ ва парвардаи садоқати халқи азизи хешанд. Ҳамакнун мардуми кишвар, ки борҳо ин саодати ҳузури мунаввари Пешвои миллатро дар зиндагонии ҷории хеш маърифат кардаву аз баракоти он фаязони афзун бардоштаанд, имрӯз бо эътиқод ва бовар бар он қавлу қасам фардои ормонии хешро бар пояи барномаву ҳидоят ва андешаву ормонҳои сарвари фардоназару оянданигар, кафили зиндагонии шоистаи хеш тарҳ хоҳанд рехт ва барои расидан ба ҳақиқати ормонҳои мазкур дар канори Пешвои муаззами миллат, бо садоқат, бовару ихлосу иродат ва матонат қадам мебардоранд. Ҳақ ба ҷониби Қаҳрамони Афғонистон Аҳмадшоҳи Масъуд аст, ки ба корномаҳои сиёсии Пешвои миллат баҳои баланд дода, аз ҷумла таъкид доштааст: “Истиқлолият ба Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон – ин сиёсатмадори дараҷаи ҷаҳониро дод. Имрӯз ӯ машҳуртарин фарзанди Тоҷикистон ва тамоми тоҷикони ҷаҳон... аст». Воқеан, мардуми тоҷик дар симои Пешвои миллати хеш имрӯз асосгузори давлати соҳибистиқлоли миллиро шинохтааст ва маҷмуи ин корномаву барномаҳои бузурги ваҳдатофар ва дар тамоми гӯшаву канори кишвар пиёдашаванда бозтоби ҳақиқати амри мазкуранд.

Нуралӣ Нурзод,

доктори илмҳои филологӣ,

профессор

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ