ҚОНУНИ АВФ – НИШОНИ ИНСОНДӮСТӢ ВА АДОЛАТИ ИҶТИМОӢ
Дар арафаи таҷлили ҷашни бузурги 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳоду қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» яке аз муҳимтарин рӯйдодҳои сиёсӣ ва ҳуқуқии кишвар ба ҳисоб меравад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаи ин қонунро ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуда, баъд аз қабули он ба қонун имзо гузоштанд.
Ин иқдом бори дигар собит намуд, ки сиёсати давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар меҳвари худ арзишҳои олии инсонӣ, адолат, раҳму шафқат ва эҳтиром ба шаъну шарафи инсонро қарор додааст. Қонуни авф на танҳо санади ҳуқуқӣ, балки таҷассуми сиёсати инсонмеҳвар ва дурбинонаи роҳбарияти давлат мебошад, ки ба шахсони ба иштибоҳ роҳдода имкони дубора барои зиндагии шоиста ва фаъолияти созанда фароҳам меорад.
Дар ҷаҳони муосир татбиқи авф яке аз нишондиҳандаҳои муҳимми ҷомеаи мутамаддин ва давлати ҳуқуқбунёд ба ҳисоб меравад. Мақсади асосии он ҷазо надодани шахс барои тамоми умр, балки фароҳам овардани шароит барои ислоҳи ӯ мебошад. Зеро инсон, новобаста аз хато ва гуноҳи содирнамудааш, агар тавонад роҳи дурустро интихоб намояд, бояд имкони бозгашт ба ҷомеаро дошта бошад.
Қонуни навбатии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» нисбат ба 18038 нафар татбиқ мегардад. Аз ин шумора зиёда аз ёздаҳ ҳазор нафар аз ҷойҳои маҳрумӣ аз озодӣ ва дигар намудҳои ҷазо озод шуда, муҳлати ҷазои ҳазорон нафари дигар кам карда мешавад. Дар паси ин рақамҳо тақдири ҳазорон инсон, умеди ҳазорҳо модару падар, ҳамсар ва фарзандон нуҳуфтааст.
Бешубҳа, ҳар як шахсе, ки аз муассисаи иҷрои ҷазо озод мегардад, на танҳо ба назди аҳли оилаи худ бармегардад, балки барои ӯ саҳифаи нави зиндагӣ боз мешавад. Аз ҳамин лиҳоз, аҳамияти иҷтимоии Қонуни авф хеле бузург аст. Он метавонад ба коҳиш ёфтани мушкилоти иҷтимоӣ, таҳкими муҳити солими оилавӣ ва афзоиши боварии шаҳрвандон ба сиёсати давлат мусоидат намояд.
Хусусияти дигари муҳими Қонуни мазкур дар он ифода меёбад, ки нисбат ба занон ва ноболиғон имтиёзҳои бештар пешбинӣ шудааст. Ин иқдом аз таваҷҷуҳи махсуси давлат ба ҳифзи оила ва тарбияи насли наврас шаҳодат медиҳад. Зан ҳамчун сутуни оила ва тарбиятгари фарзандон нақши муҳим дорад. Аз ин рӯ, фароҳам овардани имконият барои бозгашти ӯ ба зиндагии осоишта метавонад ба устувории оила ва ҷомеа таъсири мусбат расонад.
Ҳамчунин, татбиқи авф нисбат ба ноболиғон аз сиёсати дурбинонаи давлат дарак медиҳад. Ҷавононе, ки дар синни наврасӣ ба иштибоҳ роҳ додаанд, бояд имкони ислоҳ шудан ва дубора ворид шудан ба ҳаёти муқаррариро дошта бошанд. Ин амал на танҳо нисбат ба онҳо раҳму шафқат аст, балки сармоягузорӣ ба ояндаи ҷомеа мебошад.
Бояд таъкид намуд, ки авф маънои нодида гирифтани қонун ё сабук гирифтани ҷиноятро надорад. Баръакс, он таҷассуми волоияти қонун ва боварӣ ба имкони ислоҳи инсон аст. Давлат аз як тараф қонунро таъмин менамояд ва аз ҷониби дигар, ба шахсоне, ки ба иштибоҳ роҳ додаанд, роҳи бозгашт ба ҷомеаро боз мегузорад.
Таърихи соҳибистиқлолии Тоҷикистон нишон медиҳад, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша масъалаҳои иҷтимоӣ ва инсондӯстонаро дар маркази таваҷҷуҳ қарор додаанд. Қонунҳои авфе, ки дар солҳои гуногун қабул гардидаанд, ба ҳазорон нафар имконият доданд, ки ба зиндагии осоишта баргарданд, оилаҳои худро дубора муттаҳид созанд ва дар рушди ҷомеа саҳм гузоранд.
Қонуни навбатии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф», ки ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ қабул гардид, идомаи мантиқии ҳамин сиёсати инсонпарварона мебошад. Ин санад паёми муҳимми давлат ба ҷомеа аст: инсон метавонад ислоҳ шавад, метавонад зиндагии худро аз нав оғоз намояд ва метавонад узви фаъоли ҷомеа гардад.
Имрӯз Тоҷикистон ҳамчун давлати ҳуқуқбунёд ва иҷтимоӣ ба марҳилаи нави рушд ворид гардидааст. Дар чунин шароит, қабули Қонуни авф аҳамияти бузурги сиёсӣ ва маънавӣ дошта, ба таҳкими сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва эҳтироми арзишҳои инсонӣ мусоидат мекунад.
Ҳар шахсе, ки аз ин Қонун баҳраманд мегардад, бояд дарк намояд, ки давлат ба ӯ бовар кардааст. Ин боварӣ масъулияти бузург низ ҳаст. Танҳо бо меҳнати ҳалол, эҳтиром ба қонун ва саҳмгузорӣ дар пешрафти ҷомеа метавон ба ин эътимод посухи арзанда дод.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» бори дигар собит намуд, ки сиёсати Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сиёсати инсондӯстӣ, адолат ва ғамхорӣ нисбат ба сарнавишти ҳар як шаҳрванди кишвар мебошад. Ин санад дар таърихи давлатдории навини Тоҷикистон ҳамчун намунаи олии инсондӯстӣ ва адолати иҷтимоӣ ҷойгоҳи арзандаи худро хоҳад дошт.
Наврӯззода Эҳсон Маъмур,
ҷонишини сардори раёсати кадрҳо ва корҳои махсуси
Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии
Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров»