Забономӯзӣ омили муколамаи фарҳангҳо

Забон дар ҷомеаи мутамаддини имрўзаи мо аҳамияти бузургеро соҳиб мебошад. Онро табиат барои одамон баҳри он ато намудааст, ки онҳо бо ин забон мубодилаи афкор намоянд ва фикри якдигарро фаҳманд.Рушди забони миллӣ буд, ки имрўзҳо одамон дар як ҷомеа фароҳам омадаанд, истеҳсолот ташкил намудаанд, соҳиби илм, фарҳанг ва маданияти хеш гардидаанд.

Мусаллам аст, ки забон ҳодисаи иҷтимоӣ буда, бо ҷомеа робитаи ногусастанӣ дорад ва он ҳамқадам ва ҳамсафари доимии ҷамъият маҳсуб меёбад. Ташаккул додани фарҳанг, маданият, илм, кашфиёт, рушду инкишоф, пешравии ҷамъияту давлат тавассути забон ба вуҷуд меояд.

Табиист, ҳар дигаргуние, ки дар ҷомеа рух медиҳад бевосита дар забон акси хешро пайдо менамояд. Рушд ва тағйироти забон ҳамеша пайваста ба дигаргуниҳои ҷомеа, ки дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии он ба амал меояд мавриди таҳқиқ ва баррасӣ қарор дода мешавад ва забон ба ҳама, қатъи назар аз мансубияти онҳо ба синфу табақаҳои гуногун баробар хидмат мекунад.

Мақсад аз омўзиш ва арҷгузорӣ ба забони миллӣ огоҳ намудани соҳибзабонон бо меъёрҳои забони тоҷикӣ, риояи қоидаҳои имло, ба пуррагӣ донистани асолат ва рисолати он маҳсуб меёбад. Бояд зикр кард, ки забон рукни асосии миллат ба ҳисоб рафта,забони миллӣ боигарӣ, фарҳангу маданият ва ифодагари асосии иҷтимоии давлат мебошад. Миллат ба ягонагии забон ниёз дорад ва бе ваҳдати забон миллатро тасаввур натавон кард.

То имрўз дар кишвари азизи мо доир ба забони давлатӣ корҳои назаррас ба амал омада истодааст, ки ин хизмати олимон, адибон, рўзноманигорон ва зиёиёни кишвар ба ҳисоб меравад.

Дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки забони тоҷикӣ забони давлатии Тоҷикистон (аз 7 боб ва 28 модда иборат аст), оварда шудааст:

Моддаи 3. Забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон забони тоҷикӣ аст.

2. Ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор аст, забони давлатиро донад.

3. Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода, ҳимоя ва рушди забони давлатиро таъмин менамояд.

4. Мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, инчунин шахсони ҳуқуқӣ, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ, вазифадоранд барои омўхтани забони давлатӣ ва такмили забондонии кормандон шароит фароҳам оранд.

5. Забони давлатӣ дар ҳама соҳаҳои ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, илмӣ ва фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода мешавад.

6. Ҳангоми истифодаи забони давлатӣ риояи муқаррароти қоидаҳои имлои забони адабӣ ҳатмӣ мебошад.

Чуноне ки дар моддаи 3.1. омадааст: «Забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон забони тоҷикӣ аст». Ин модда моро водор менамояд, ки барои боз ҳам рушду нумуъ ёфтани забони давлатӣ кўшишҳои зиёдеро ба анҷом расонем. Барои таҳким бахшидан ба забони миллии худ аз хурд то бузург кўшиш намоем, ки саҳми беандозаи худро гузорем. Бо донистани таъриху забони миллати куҳанбунёди хеш мо метавонем барои идомат ва рушди забони тоҷикӣ мусоидат намоем.

Дар моддаи 3. 2. зикр гардидааст: «Ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор аст, забони давлатиро донад». Ин чунин маъно дорад, ки ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон новобаста аз миллати худ бояд забони давлатиро омўзад ва барои рушди он кўшиш намояд. Онҳо бо ин роҳ метавонанд аз тамоми таърихи миллати куҳанбунёди тоҷик ошно шаванд ва ба ин васила донишу саводи худро сайқал бахшанд.

Дар моддаи 3. 4. чунин омадааст: «Мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, инчунин шахсони ҳуқуқӣ, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ вазифадоранд барои омўхтани забони давлатӣ ва такмили забондонии кормандон шароит фароҳам оранд».

Моддаи боло ҳамаи муассисаҳо (деҳот, навоҳӣ, шаҳрак ва шаҳрҳо)-ро вазифадор карда истодааст, ки омўзиши забони давлатӣ ва такмили он хуб ба роҳ монда шавад. Аз рўи нишондоди моддаи мазкур муассисаву ташкилотҳоро зарур аст, ки кормандони хешро ҳамешагӣ барои забондониву забономўзӣ раҳнамун созанд ва зери назорати худ қарор бидиҳанд. Пеш аз ба кор қабул кардани шаҳрвандони ба кор эҳтиёҷдошта донишу саводи забондонии онҳо ба инобат гирифта шавад. Онҳое, ки соҳиби кор ҳастанду фаъолият доранд курсҳои бозомўзии забони давлатӣ ташкил намоянд ва аз навигариҳои имлову забон хабардор кунанд. Ба кормандони соҳаҳои мухталиф тавсия дода шавад, ки аз асарҳои нависандагони муосири тоҷик ҳамешагӣ бархурдор бошанд. Барои ин муассисаҳоро зарур аст, ки утоқи забони давлатиро ташкил намоянд ва дар он ҷо қонунҳои марбут ба забони давлатӣ, ҳуҷҷатнигорӣ (ариза, хислатнома, ҳолнома, ваколатнома, тасдиқнома, суратҷаласа ва м.ин.) ва китобҳои нав ба нашррасидаи адибонро муҳайё намоянд.

Дар моддаи 3.5.омадааст: «Забони давлатӣ дар ҳама соҳаҳои ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, илмӣ ва фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода мешавад». Ин чунин маъно дорад, ки соҳаҳои зикгардида то метавонанд аз забони давлатӣ дар фаъолияти хеш истифода баранд. Имрўз ҳақиқатан дар соҳаҳои ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, илмӣ ва фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон омўзиши забони давлатӣ хуб ба роҳ монда шуда, чорабиниҳои гуногун оид ба забони давлатӣ доир гардида истодааст.

Ҳамчунин дар моддаи 3. 6. зикр ёфтааст: Ҳангоми истифодаи забони давлатӣ риояи муқаррароти қоидаҳои имлои забони адабӣ ҳатмӣ мебошад. Зикр бояд кард, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4-уми октябри соли 2011, № 458 имлои забони тоҷикӣ тасдиқ шудааст. Аз ин рў, ҳамаи муассиса, корхона, мактабҳои таҳсилоти миёнаву олӣ, мақомот ва монанди инҳоро зарур аст, ки ҳангоми истифодаи забони давлатӣ аз имлои тасдиқкардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бархурдор гарданд. Қонун оид ба забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, пеш аз ҳама, талаб менамояд, ки соҳибони забон дар гуфтор ва навишт меъёри забонро риоя намоянд ва унсури аввалини меъёри забон - риояи қоидаҳои имло мебошад. Ба пуррагӣ донистан ва дар фаъолияти ҳаррўза корбаст намудани он бафаъолияти минбаъдаи тўлонии касбии ҳамагон зарур аст. Бахусус, ки ба имлои забони тоҷикӣ навигариҳо ворид гаштаанд, онро донистан ва дар навишт корбаст кардан мувофиқи мақсад мебошад.

Ҳамин тавр, омўзиш ва дар кору фаъолияти худ қарор додани қонуни забони давлатӣ ва имлои нави забони тоҷикӣ амри зарурӣ маҳсуб ёфта, аз мо дониши мукаммал ва донистани фарҳанги ниёгонро тақозо менамояд. Бо ин роҳ мо метавонем ба забони давлатӣ ва қоидаҳои он арҷ гузорем.

Хурсандибахш аст, ки ҳамасола дар Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазъи ҷомеаи кунунии кишвари азизи мо мавриди таҳлилу баррасӣ қарор мегирад. Дар Паёми навбатӣ ба мисли Паёмҳои пешин доираи густариши мамлакати тараққикардаистодаи мо мавриди таҳқиқи ҳамаҷонибаи Пешвои миллат дар радифи дигар масъалаҳои аҳамияти зарурӣ ба кишвар ба таваҷҷуҳи ҳозирин ироа гардид. Яке аз масъалаҳое, ки Пешвои миллат истода гузаштанд оид ба забону забономўзӣ ва тараққиёти технологияи муосир маҳсуб меёфт.Ҳадафҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон аз он иборат аст, ки мардуми сарбаланди мамлакат донишу саводи мукаммал ва донистани забонро сармашқи доимии хеш қарор дошта бошанд. Ҳақ ба ҷониби Пешвои миллат аст, ки савод ва дониши комил аз забондонӣ сарчашма мегирад. Ҳар касе забони миллати худро медонад, саводи комилро доро аст, ифтихори хештаншиносӣ дорад, албатта ў ба қуллаҳои муроди фарҳангдўстиву фарҳангпарастӣ хоҳад расид.

Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон доир ба забон ва омўзиши он андешаҳои судмандро баён карданд. Бо вуҷуди ба масъалаҳои ҳамаи соҳаҳо истода гузаштан Президенти кишвар доир ба забон ва аҳамияти омўзиши он якчанд нуктаро таъкид намуданд. Яке аз нуктаҳое, ки дар бораи забон ироа гардид ин аст: «Бо дарназардошти вазъи имрўзаи бозори меҳнати дохиливу хориҷӣ ва бо ҷойи кор таъмин кардани шумораи ҳарчи бештари шаҳрвандон Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ва дигар вазорату идораҳо, роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, ташкилоту корхонаҳо, сарфи назар аз шакли моликияти онҳо, инчунин соҳибкорон, масъулони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбиро зарур аст, ки бо истифода аз тамоми захираву имкониятҳо барои фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ чораҷўӣ намуда, ҷиҳати таъсиси курсҳои таълими касбу ҳунар ва забономўзии муҳоҷирони меҳнатӣ тадбирҳои иловагӣ андешанд». Аз гуфтаҳои Пешвои миллат бармеояд, ки забонро донистан ва омўхтан барои аксари шаҳрвандони мо зарур буда, бо ин роҳ метавонанд онҳои рўзгору зиндагии хешро ба пеш баранд. Махсус ба забономўзии муҳоҷирон аҳамияти хоса зоҳир намудани Сарвари давлат аз он иборат аст, ки бештаримардумони мо на танҳо забони русӣ, англисӣ балки забони модарии худро дуруст намедонанд. Бо забони модарӣ сухан намудан, ҳарф гуфтан, бо касе ҳамсўҳбат шудан ин маънои онро надорад, ки ў забони модариашро ба пуррагӣ медонад. Забони модариро донистан ин аз тамоми фарҳанги мардуми худ бохабар буданро мефаҳмонад.

Агар шахс хоҳад, ки забони ғайрро (арабӣ, русӣ, англисӣ, фаронсавӣ ва монади инҳо) ба пуррагӣ омўзад ё ки донистан хоҳад, пеш аз ҳама, омўхтани забони модарии худро комилан мавриди баррасӣ қарор диҳад. Хар касе ки имрўз донандаи дигар забон аст бо боварӣ гуфта метавонем, кивай забони модарии худашро хуб омўхтааст ва аз паҳлўҳои фарҳанги забони тоҷикӣ бархурдор мебошад. Ана барои ҳамин ҳам онҳо ба дараҷаи баланди омўзиши забонҳои ғайр ба қуллаҳои назаррас расидаанд. Махсус таъкид намудани Пешвои миллат омўзиши забонро ба муҳоҷирони меҳнатӣ аз он иборат аст, ки бештари шахсони ба мамлакатҳои хориҷ сафаркунанда ҳуҷҷатҳои заруриро на ба забони русӣ, балки ба забони модарии худ ба анҷом расонида наметавонанд.

Мушоҳидаҳо нишон медиҳад, ки дар фурудгоҳҳо онҳо ҳуҷҷатҳои зарурии хешро ба шахсони алоҳидае, ки аз паси навишта додани ҳуҷҷатҳои зарурӣ рўз мегузаронад муроҷиат мекунанд ва онҳо варақаҳои шахсониэҳтиёҷмандро мувофиқи талаботашон ба иҷро мерасонанд. Мо то ба кай ба навиштану ҳуҷҷатпуркунии шахсони бегона пойбанд ҳастем? Ин ба шаъни мардуми куҳанбунёди мо зебанда нест. Аз ин рў, забономўзии муҳоҷирони меҳнатӣ саривақтӣ буда, аз шаҳрвандон меҳру муҳаббат доштан ба фарҳанг, дўст будан бо китоб, ихлос доштан ба забонро тақозо менамояд.

Яке аз масъалаҳои дигари муҳими Паём ин аст, ки дар тўли чор соли охир масъалаи омўзгорони фанҳои дақиқ, технологияҳои иттиллоотӣ ва забонҳои хориҷӣ мавриди корбарӣ ва баҳрабардорӣ қарор гирифтан таъкид шуд. Аз ҷумла, дар Паём зикр гардидааст: «Роҳбарони вазоратҳои маориф ва илм, рушди иқтисод ва савдо, инчунин ректорони муассисаҳои таҳсилоти олӣ супориш дода мешавад, ки дар давоми чор соли оянда масъалаи пурра бо омўзгорони фанҳои дақиқ, технологияҳои иттилоотӣ ва забонҳои хориҷӣ, дар навбати аввал, русиву англисӣ таъмин кардани муассисаҳои таҳсилоти умумиро ҳал намоянд».

Сабаби ба ин масъалаи муҳим рў овардани Пешвои миллат аз он иборат аст, ки ҳақиқатан ба мактабҳои кишвар омўзгорони фанҳои дар боло зикргардидаро таъмин бояд намуд. Вақте ки ба ҷаҳони мутамаддин назар меафканемтараққиёт ва рушди ҷомеа ниҳоят бо суръат пеш рафта истодааст. Барои пешравии ҷомеа фанҳои мазкур ниҳоят зарур мебошанд. Агар ҷавонони мо таҳкурсии омўзиши забонҳои англисӣ, русӣ ва дигар забонҳои хориҷиро дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ нагузоранд пас омўхтани забонҳои мавриди назар дар мактабҳои олӣ дер хоҳад шуд. Бояд зина ба зина омўзиши фанҳои мазкурро ба роҳ монд.

Барои дуруст ва комил роҳандозии омўзиши фанҳо омўзгорони босаводу пуртаҷриба бояд ба хонандагон тадрис намоянд. Бо ин роҳ метавонем дар оянда барои фатҳу зафар ба комёбиҳои илмиву технологӣ ва забономўзӣ мушарраф гардем. Супориши барои роҳбарони вазоратҳои маориф ва илм, рушди иқтисод ва савдо, инчунин ректорони муассисаҳои таҳсилоти олӣ дода шуда албатта ҳалли худро хоҳад ёфт. Бо боварӣ гуфта метавонем, ки омўзиш ва баррасии фанҳо ва забономўзӣ хуб ба роҳ монда мешавад. Ҳадафе, ки дар Паём зикр гардид ин манфиат ба омўзгор, ҷавонон ва мардуми сарбаланди халқи тоҷик маҳсуб меёбад.

Ҳамин тавр, бо омўзиши забон ва фанҳо мо метавонем фарҳанг ва илми ватанамонро рушд диҳем ва бо ҳидояту маслиҳат ва дастгириву ташаббуси Паёми ҳамасолаи Президенти кишвар, Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон сол то сол ба қуллаи баландтарини забондониву забономўзӣ ва рушду тараққиёти технологии муосири ҷаҳонӣ хоҳем расид.

Ӯзбеков С. – дотсенти кафедраи забони тоҷикии факултети филологияи тоҷики МДТ-и “ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ