​Выучи русский язык

Дар толори факултети филологияи ӯзбек бо ташаббуси кафедраи филология ва методикаи таълими он таҳти унвони «Выучи русский язык» бахшида ба 225-умин солгарди шоири бузурги рус А.С. Пушкин чорабинии илмӣ-фарҳангӣ баргузор гардид.

Чорабинӣ бо суханронии декани факултет дотсент Ҷабборов Баҳром оғоз ёфт. Барномаи «Выучи русский язык» бо роҳбарии дотсент Наврӯзов баргузор шуда, дар он ба фарҳанг ва эҷодиёти намояндагони адабиёти рус, махсусан А.С.Пушкин, таваҷҷуҳ зоҳир шуд.

Донишҷӯён дар рафти чорабинӣ аз осори адибони рус шеърҳо қироат намуданд. Баъдан, сурудҳои халқӣ ва рақсҳои миллии русӣ, инчунин саҳнаҳои адабӣ аз осори А.С.Пушкин ва дигар адибон пешкаши ҳозирин гардид.

Ҳадафи асосии баргузории ин чорабинӣ бедор кардани муҳаббати донишҷӯён ба омӯхтани забон ва адабиёти рус, инчунин шиносоии онҳо бо фарҳанг ва анъанаҳои миллатҳои гуногун буд, ки манбаи қавӣ гардидани робитаи фарҳангии байни миллатҳо ба шумор меравад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ