ВУСЪАТИ ҲАМКОРИҲОИ ИЛМӢ-ТАЪЛИМИИ ДОНИШГОҲ БО МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ ОЛИИ БЕЛАРУС
Дар бинои «Технопарки марказии шаҳри Минск»-и Ҷумҳурии Беларус 11-12-уми ноябри соли 2025 конференсияи III байналмилалии илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Донишгоҳҳо – марказҳои нави ҷалби илм, бизнес ва ҷомеа» баргузор гардид. Ҳамоиш бо ташаббуси Агентии федералӣ оид ба корҳои Иттиҳоди давлатҳои муштаракулманофеъ (ИДМ), ҳамватанон ва ҳамкории гуманитарии байналмилалӣ (Федератсияи Русия) ҳамчун фармоишдиҳанда ва ҳамоҳангсози Барномаи байнидавлатии ҳамкории инноватсионии кишварҳои ИДМ барои давраи то соли 2030, инчунин бо дастгирии Кумитаи иҷроияи ИДМ ва Бунёди «Сколково» доир шуд.
Дар доираи ҳамкориҳои илмӣ-таълимӣ миёни Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» ва муассисаҳои таҳсилоти олии Беларус дар кори ҳамоиш муовини ректор оид ба таълим Абдуллозода Насим иштирок ва суханронӣ намуд.
Намояндагони кишварҳои узви ИДМ, аз ҷумла муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Насриддинзода Рухшона Ҳикматулло, раиси Кумитаи давлатии илм ва технологияҳои Ҷумҳурии Беларус Шличков Сергей Владимирович, муовини Вазири илм ва таҳсилоти олии Федератсияи Русия Могилевский Константин Илич ва дигар шахсони расмӣ дар ҷаласаи ифтитоҳии конфренсия суханронӣ карданд. Иттилоъ дода шуд, ки Барномаҳои асосии конфренсия ба татбиқи Стратегияи рушди илмӣ-технологии ИДМ барои солҳои 2026-2030 ва Барномаи байнидавлатии ҳамкории инноватсионӣ то соли 2030 бахшида шуда, иштирокчиён масъалаҳои мубрами таҳкими ҳамкории созмонҳои илмӣ ва таълимӣ, корхонаҳои истеҳсолии баландтехнологӣ, сохторҳои инноватсионии бизнес ва мақомоти давлатӣ, инчунин рушди технологияҳои муосири таълимиро мутобиқ ба ниёзҳои бизнеси инноватсионӣ баррасӣ намуданд.
Инчунин дар доираи барнома боздид аз Парки технологии Донишгоҳи давлатии политехникии Беларус сурат гирифт. Дар раванди суҳбатҳо масъалаҳои эҳтимолии густариши ҳамкории илмӣ, ташкили лоиҳаҳои муштарак ва табодули академӣ баррасӣ шуданд.
Донишгоҳи давлатии политехникии Беларус омодагии худро барои идомаи ҳамкории судманд ва тақвияти муносибатҳои илмӣ ва иқтисодӣ бо Донишгоҳ иброз дошт.
Маркази иттилоот ва таҳлил