ВОХӮРИИ СУДЯҲОИ СУДИ ВИЛОЯТИ СУҒД БО ДОНИШҶӮЁНИ ДОНИШГОҲ
Дар толори хурди раёсати Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» вохӯрии судяҳои Суди вилояти Суғд Нигора Назарзода, Бахтиёр Бобоҷонзода, Абрӯнисо Мирасилзода, Таҳмина Пӯлодӣ ва Маъруфҷон Рустамзода бо устодону донишҷӯёни Донишгоҳ баргузор гардид.

Ҳадаф аз баргузории вохӯрӣ баррасии мазмуну муҳтавои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии донишҷӯён арзёбӣ мегардад.
Муовини ректор оид ба корҳои тарбия Маҳмудзода Бахтиёр вохӯриро ифтитоҳ намуда, дар суханронии худ аз нақши Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади олии ҳуқуқӣ, аҳамияти он дар таҳкими давлатдории миллӣ ва татбиқи Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021‐2025 дар Донишгоҳ, роҳҳои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии донишҷӯён ва пешгирӣ аз шомилшавии онҳо ба гурӯҳҳои ифротгароӣ ибрози назар намуд.
Сипас судяи вилояти Суғд Нигора Назарзода баромад намуда, таъкид дошт, ки дар заминаи меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва талошҳои пай дар пайи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сулҳу ваҳдат, фазои орому осуда ва Истиқлоли миллӣ таъмин ва низоми давлатдории кишвар дар шакли демократӣ бунёд гардидааст. Гуфта шуд, ки насли ҷавон бояд ифтихор аз он дошта бошанд, ки соҳиби Ватан ва давлати соҳибихтиёр мебошанд, Конститутсияи ҷавобгӯй ба орзуҳои мардумӣ доранд ва дар фазои сулҳу оромӣ, суботи комили сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ зиндагӣ мекунанд.
Баъдан, судяи вилояти Суғд Маъруфҷон Рустамзода дар суханронии хеш иброз дошт, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи конститутсионӣ соҳаи пешбаранда ва асоси дигар соҳаҳои ҳуқуқ буда, меъёрҳои он заминаи танзими ҳуқуқии ҳаёти ҷамъиятӣ- иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангиро дарбар мегирад. Номбурда афзуд, ки имрӯз яке аз мушкилоте, ки ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст, ба гурӯҳҳои тундравӣ ифротгаро шомил гардидани ҷавонон мебошад ва мубориза бо ин зуҳуроти номатлуб тариқи муколамаи сиёсӣ ва муборизаҳои дастаҷамъона имконпазир аст.
Дар идома судяи вилояти Суғд Бахтиёр Бобоҷонзода ба сухан баромада, доир ба хизматҳои бузурги Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барқарорсозӣ ва пойдору устувор гардонидани сулҳи байни тоҷикон ибрози андеша кард. Гуфта шуд, ки бо мақсади фароҳам овардани заминаҳои дахлдори ташкиливу ҳуқуқӣ ва фазои оштинопазир бо экстремизм ва терроризм дар сатҳи давлатӣ имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон «Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021‐2025» қабул гардидааст, ки ҳадафи асосии онро мақсад, вазифаҳо ва самтҳои асосии сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи муқовимат ба экстремизм ва терроризм ташкил менамояд.
Вохӯрӣ бо саволу ҷавоб ва мубодилаи афкор байни иштирокчиён ва мутахассисон ба анҷом расид.
Маркази иттилоот ва таҳлил