ВОХӮРИИ РЕКТОР БО МАГИСТРАНТОН ВА ДОКТОРАНТОН
21-22-юми октябри соли 2025 дар факултети геоэкология ва туризм вохӯрии ректори Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» Набизода Мирзотоҳир Сайфиддин бо магистрантон ва докторантон баргузор гардид.

Дар чорабинӣ ҳадафи идома додани таҳсил дар зинаи магистратура ва докторантура омода намудани кадрҳои баландихтисоси илмӣ ва анҷом додани корҳои илмӣ-тадқиқотӣ маънидод гардид.
Ректори Донишгоҳ дар ҷараёни баргузории вохӯриҳо масъулин ва муҳассилинро вазифадор намуд, ки ҷиҳати дар сатҳи баланди илмӣ омода гардидани мақолаҳои илмӣ, рисолаҳои магистриву номзадӣ, иштироки онҳо дар семинару конфронсҳо ва таҳияи маҷмуаи мақолаҳои муҳаққиқони ҷавон таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шавад. Инчунин роҳбарон-мушовирон муваззаф гардиданд, ки рисолаҳои хатм ва корҳои илмӣ-тадқиқотӣ дар муҳлатҳои муқарраршуда таҳия ва пешниҳод карда шаванд.
Гуфта шуд, ки дар Донишгоҳ фаъолияти илмиву таълимии магистрантон аз рӯи 28 ихтисос ба роҳ монда шуда, дар маҷмуъ 55 гуруҳи академиро ташкил медиҳад. Ҳоло дар Донишгоҳ шумораи магистрантон455 нафар ва докторантон аз рӯи ихтисос PhD 107 нафар мебошанд.
Вохӯрии мазкур тариқи саволу ҷавоб анҷом пазируфт.
Маркази иттилоот ва таҳлил