ВАТАНДӮСТӢ ВА ТАРБИЯИ ҶАВОНОН
Дар ҷаҳони муосир яке аз ҷиддитарин таҳдид ба амнияти кишварҳо ва оромии ҷомеаҳо - терроризм ва эктремизм ба шумор меравад. Ин ду падида бо истифода аз зӯроварӣ, таҳдид ва андешаҳои хуруфотӣ на танҳо амният ва суботи сиёсиро ноором мекунанд, балки ба фарҳанг, иқтисод, дин ва ҳаёти инсонҳо таъсири манфӣ мерасонад. Тоҷикистон, чун як кишвари мусулмон ва узви ҷомеаи ҷаҳонӣ низ аз ин хатарҳо эмин нест.
Бар зидди ин хатарҳо танҳо бо дониш, иттиҳод, тарбияи дуруст ва муттаҳидона мубриза бурдан лозим аст. Мо вазифадорем, ки насли наврас ва ҷавононро бо илму ахлоқи солим ва ватандӯсту ободкор тарбия намоем, то онҳо ҳаргиз ба доми фиребгарони ифротӣ наафтанд.
Ҷавонон меросбарандагони аҷдодони бузург – Исмоили Сомонӣ, Абўалӣ ибни Сино, Мирсаид Алии Ҳамадонӣ ва садҳои нобиғаҳои давру замон мебошанд ва агар дар ҷустуҷўи илм ҷидду ҷаҳд намоянд, албатта метавонанд ба монанди ин бузургон барои миллати худ хидмат намоянд.
Масъалаи ифротгароию тундгароӣ ва хатарҳои он ба ҳуввияти миллӣ ҳамеша мавриди тавваҷуҳи роҳбари давлат, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор гирифта, Сарвари кишвар ин масъаларо чандин бор зимни маърӯзаҳои худ дар чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ, минтақавӣ ва миллӣ мавриди муҳокимаи ҷиддӣ қарор додаанд.
Аз суханрониҳои Пешвои муаззами миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон якчанд иқтибос овардан мумкин аст, ки дар ҳар як баромади худ оид ба ин масъалаи муҳим изҳорӣ нигаронӣ мекунанд:
1. Аз Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олӣ:
- «Терроризм ва экстремизм, аз як ҷониб, чун вабои аср хатари глобалии ҷиддӣ буда, аз ҷониби дигар, аъмоли он гувоҳи он аст, ки террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад, балки як таҳдиде ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷони ҳар як сокини сайёра аст. Ин зуҳуроти фалокатбор ҳеҷ умумияте ба дин, аз ҷумла ба дини мубини Ислом надорад ва бо истифода аз номи Ислом ба хотири ҳадафҳои сиёҳу ғаразноки сиёсӣ содир карда мешавад»;
- «Терроризм, ифротгароӣ ва ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ имрӯз ба хатари ҷиддии глобалӣ мубаддал гаштаанд. Мо бояд ҳамеша ҳушёру зирак бошем ва бо ин зуҳуроти номатлуб бо иродаи қавӣ мубориза барем»;
2. Аз суханронӣ дар маҷлиси Шурои амнияти миллӣ (2022):
- «Ҷомеаи мо намобояд ба ҳар гуна таблиғоти ифродӣ дода шавад. Зимни ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва иқтисодӣ бояд пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳаракатҳои тундрав мавқеи хоса дошта бошад»;
3. Аз суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Саммити СҲШ:
-»Барои мубориза бо терроризм ҳамоҳангии байналмилалӣ ва мубдилаи маълумоти амниятӣ зарур аст. Мо омодаем, ки дар ин самт ҳамкории зичро бо ҳамаи кишварҳои ҷаҳон ба роҳ монем».
Ҷавонони имрўза гирифтори мушкилоти зиёде мебошанд, ки аз ҷумлаи ин мушкилот фирефта шудан ба равияҳои гуногун аст. Равияҳое, ки онҳоро ташкилотҳои экстремистӣ ривоҷ медиҳанд, дар асл чун заҳри қотиле мебошанд, ки ҷавонони мо, бе ин ки аз ҳақиқати он огоҳӣ дошта бошанд, ба он мепайванданд. Агар мо сари роҳи ин гуна равияҳоро нагирем, бегумон ҷавонони мо ба доми онҳо меафтанд.
Дар замони муосир фаъолияти ташкилотҳои экстремистӣ ва террористӣ вобаста ба ҷалби сарбозону пайравони нав, бо усули алоқаи бевосита, инчунин ба таври фосилавӣ, яъне ифротгаро метавонад дар ҳудуди кишвари дигар қарор дошта, тавассути интернет ҷавононро гумроҳ созад.
Саркардагони ташкилотҳои экстремистӣ аз тариқи чунин пойгоҳҳои хабарӣ ва сомонаҳои интернетӣ маводи иғвогарона ва ифротии худро паҳн намуда, фазои маҷозиро ҳамчун дастгоҳи пурқувват барои ҷалби ҷавонони ноогоҳ истифода мебаранд.
Имрўз дар дасти ҳар як ҷавон телефони мобилӣ мавҷуд аст, ки ба воситаи он ба интернет ворид мешавад. Дар шабакаи интернет сомонаҳои Одноклассники, Фейсбук, мессенҷерҳои Вайбер, Вотсапп, Телеграм ва ғайра мавҷуданд, ки дар онҳо гурўҳҳои ба ном исломӣ фаъолият мекунанд. Чунин гурўҳҳо ҷавонони зудбоварро ба доми худ кашида, бо ҳадафҳои нопоки худ ҷавононро оҳиста-оҳиста ба гумроҳӣ мебаранд.
Аз ин рў, ҷавононро огоҳ мекунем, ки дар интернет ба ягон гурўҳҳои динӣ аъзо нашавед, дар фазои маҷозӣ ба сухани онҳое, ки худро диндор, руҳонӣ, худотарс вонамуд мекунанд, бовар накунед! Онҳо ба рўи худ ниқоби исломро кашида, дар асл шайтонҳои девсиришт, дасисабоз, мардумфиребанд, мехоҳанд беҳтарин гурўҳи ҷомеа – ҷавонони моро фирефта намуда, онҳоро ба вартаи ҳалокат афкананд.
Ҷавонони имрўза меросбарандагони ҳамон наслу аҷдоди миллати тоҷик мебошанд ва агар ба худ накўӣ кунанду қадру манзалати худро дарёбанд ва амонатро бар дўш гиранд, албатта, метавонанд ба монанди онҳо хидмате барои дину миллати худ намоянд.
Аз ин лиҳоз, нақши ҷавонон барои ояндаи миллат, барои поксозии ҷомеа аз ҳар гуна оқибатҳои бад, хоссатан барои мубориза бо терроризму экстремизм хело калон аст.
Сарвари мамлакат чунин мефармоянд, ки «Ҷавонон ояндаи миллатанд». Нависандаи бузурги рус М. Горкий чӣ зебо гуфтааст: «Ҳеҷ нерӯ ва қуввае бузургтар аз илм нест, касе ки бо илм мусаллаҳ шуд, ӯ мағлубнашаванда аст».
Аз ин рў, барои ҳар яки мо фарзу суннат аст, ки ҷавононро огоҳ созем, ба онҳо хислатҳои неки инсониро талқин намоем, ба мардум фаҳмонем, ки ислом дини меҳру муҳаббат, хайру эҳсон буда, ҳаргиз зулму ситамро тарафдорӣ намекунад. Дар ҳолате, ки мо ҷавононро ба сўи некӣ ҳидоят намоем, пас ояндаи кишвар низ дурухшон мегардад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ҳомӣ ва пуштибони ислом ҳастанд аз минбари баланди Созмони Милали Муттаҳид барои ҷаҳониён эълон доштанд, ки дини мубини ислом дини пок аст ва ҷавҳари он барои раҳнамоӣ ва иттиҳоди ҷомеа мебошад онро ба терроризму экстремизм омехта накунед.
Хушбахтона, ҷавонони мо аз асли воқеа, аз фиребу найранги ташкилотҳои террористӣ огоҳ гаштанд ва дигар ба доми онҳо гирифтор намешаванд. Ҳамагон оқибати кори чунин ҷангиёнро дида, ба хулоса омаданд, ки зиндагии осоишта, тарбияи фарзандон, таматтуъ аз хушиҳои зиндагӣ беҳтарин роҳ аст. Ҳар кас хоҳад, ки дар роҳи Худо хизмат кунад, бояд ба Ватану миллат хизмат кунад – ҳифзи ватану хизмати шоиста, некиву накўкорӣ, ҳилму бурдборӣ, эҳтироми волидайн ва тарбияи фарзандон, дастгирии бечорагону обод кардани диёр.
Дини Ислом барои таълиму тарбияи насли ҷавон аҳаммияти зиёд медиҳад, то волидайн дар дили фарзандони худ руҳияи имониро ҷой диҳанд, ки дар оянда онҳо натанҳо фирефтаи равияҳои гуногун нашаванд, балки барои ҳифзи кишвару дини худ як қалъаи пурқуввате бошанд.
Ҳар яки мо вазифадорем, ки истифодаи интернетро аз ҷониби фарзандони худ назорат кунем. Аз овони мактабхонӣ ба онҳо тарзи истифодаи мақсадноки интернетро омўзонем. Кўшиш намоем, ки фарзандон фирефтаи таблиғоти ташкилотҳои террористӣ нагарданд, бо шахсони ношинос дар интернет ошноӣ пайдо накунанд.
Ба қадри неъмате чун истиқлолияту давлатдории миллӣ расидан арзишҳои муқаддастарини давлату давлатдориро дарк намудан ва пос доштани онҳо ин ҳам қарз, ҳам масъулият ва ҳам шарафу номуси ватандорӣ, ҳам ифтихор аз давлату миллати хеш ва ҳам талошу заҳмати ҳар фарди бедордили ҷомеа баҳри худшиносӣ, маърифат ва фарҳанги волои миллӣ аст.
Нодира Муродзода,
дотсенти Муассисаи давлатии таълимии
«Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи
академик Бобоҷон Ғафуров»