​ВАО – дастгоҳи муқтадири ташаккули афкори ҷомеа

Дар шароити ҷаҳонишавӣ нақши воситаҳои ахбори омма дар ҳаёти ҷомеаи муосир руз аз руз афзуда, ба ташаккули афкори ҷомеа таъсири бештармерасонад ва аҳамияти хоса пайдо мекунанд. Ҳамагуна ҷомеаи демократӣ дар тамоми давру замон ба воситаҳои ахбори омма ва фаъолияти пурсамари онҳо ниёзи бештар доранд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста ба фаъолияти матбуот ва воситаҳои дигари ахбори омма таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда, зимни яке аз суханрониҳо баён доштанд, ки «нақши воситаҳои ахбори омма дар ҳаёти ҷомеаи муосир хеле бузург буда, он ба ташаккули афкори ҷомеа таъсири муқтадир ва муассир мерасонад». Дар ҳақиқат, воситаҳои ахбори омма ифодагари авзои ҷомеа буда, ба шаҳрвандон имкон фароҳам меорад, ки ҷараёнҳои ҳаёти башарро дарк ваманфиатҳои миллиро дар раванди талошҳои геопотолитикӣ эҳсос ва ҳимоят намоянд. Зеро арҷгузорӣба арзишҳои олии кишвар аз масъалаҳои мубрами ҷомеа маҳсуб меёбад. Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд: «Дар замири ҳар як фарди ҷомеа тарбия кардан ва таҳкиму тақвият бахшидани ҳисси баланди ватандӯстиву ватандорӣ, хештаншиносиву худшиносии миллӣ, эҳтиром ба арзишҳои маънавӣ ва муқаддасоти миллӣ яке аз омилҳои муҳими пойдории давлати соҳибистиқлол мебошад».

Давоми бештар аз 1 аср аст, ки манфиатҳои миллӣ аз рукнҳои асосии тарғибу ташвиқ дар ВАО ба ҳисоб рафта, рӯзноманигорони тоҷик асолати касбии худро дар назди Ватан, миллат ва халқ иҷро мекарданду мекунанд. Ин нуктаро Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар чорабиние, ки ба муносибати 100- солагии рӯзи матбуоти тоҷик баргузор гардида буд, чунин таъкид доштанд: «Имрӯз матбуоти тоҷик ба манфиатҳои миллӣ наздик шудааст …».

Матбуот дар ҳама давру замон бозгӯйи набзи ҷомеа буда, агар ба таърихи начандон дури матбуот нигоҳ кунем, аз оғоз барои ба вуҷуд омадани нахустин рӯзномаи тоҷикӣ фарзандони равшанзамиру маърифатпарвари миллат, ки ба фаъолияти муассири ҷамъиятиву сиёсӣ ва фарҳангии худ дар он замон эътибори баланд доштанд, чӣ хизматҳои шоистаеро ба сомон расониданд. Тавре устод Садриддин Айнӣ иброз доштааст: «Бухорои Шариф» дар торикистони таърих чароғе буд, ки мардумро бо рӯшноияш ба роҳи саводу маърифат ва огаҳию худшиносӣ бурд». Ҳамчунин, рӯзномаи мазкур барои вориди майдони матбуот шудану фаъолият намудани нашрияҳои баъдии тоҷикии «Шӯълаи инқилоб», «Овози тоҷик» ва дигар рӯзномаву маҷаллаҳо замина гузошт. Дар бораи таърихи журналистикаи тоҷик сухан ронда, «усулан онро метавон ба 3 давраи шартӣ: то шӯравӣ, шӯравӣ ва замони истиқлол ҷудо кард. Ҳарчанд дар ду давраи аввал низ барои таъсису ташаккули журналистикаи тоҷик корҳои мондагоре сурат гирифтаанд, аммо бо шарофати истиқлолияти комили сиёсии Ватани азизамон барои рушди журналистикаи тоҷик заминаҳо ва омилҳои нав ба вуҷуд омаданд.

Дар ҷомеаи демократӣ ва ҳуқуқбунёд матбуот аз воситаҳои таъсиррасон ба афкори умум буда, нақши он дар раванди демократикунонӣ ва ташаккули афкори ҷомеа хеле муҳим арзёбӣ мешавад. Таҷрибаи Тоҷикистони соҳибистиқлол нишон медиҳад, ки рӯзномаву маҷаллаҳо ҳамчун воситаҳои асосии таъсиррасон ба афкори ҷомеа метавонанд ба ҳалли мушкилоти мавҷуда фаъолона мусоидат намоянд. Имрӯз матбуот ҳамин анъанаро идома дода, дар таъмини фазои иттилоотӣ ба шаҳрвандон дар интихоби дурусти мавқеъ ва дарёфти ҳақиқат имкониятҳои васеъ муҳайё месозад.

Дар ин раванди ҳар лаҳза тағйирёбанда рӯзномаи «Ҷумҳурият» ҳамчун нашрияи расмӣ ва бонуфуз масъулияти бештар дорад. Рӯзномаи “Ҷумҳурият” таърихи зиндаи миллати тоҷик буда, дар саҳифаҳои он нодиртарин мавод ва рӯйдодҳои таърихӣ моҳирона инъикос ёфтаанд. На дар ҳама сарчашмаҳои таърихӣ санадҳои муҳим дуруст тасвир ва ё сабт гардидаанд. Аз ин ҷиҳат, рӯзнома намунаи ибрат буда, баҳри мустаҳкам намудани мактаби миллӣ, ки ҷузъҳои асосии он ватанпарастӣ, хештаншиносӣ ва худшиносӣ мебошад, ҳамаҷониба мусоидат менамояд.

Ҳисси хештаншиносӣ ва ифтихор аз таърихи куҳанбунёди хеш вақте пайдо мешавад, ки ҳар як фард аз он огоҳ бошад, онро мояи омӯзиш, ибрат ва шукуҳмандӣ бидонад, зеро ки надонистани таърихи фарҳангу тамадун пояҳои худшиносии миллиро ноустувор мегардонад. Ва ин вазифаи муқаддасро ВАО бо як масъулияти баланд ба иҷро мерасонад. Тавре ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар китобашон «Тоҷикон дар оинаи таърих» таъкид медоранд “Афроде, ки аз сарнавишти миллат, таърихи гузаштаи сарзамин ва марзу буми аҷдоду мероси бойи фарҳангӣ ва расму оини ниёгон дастовардҳои бузург ва шахсиятҳои қавму қабоили хеш огоҳӣ надоранд, ҳеҷ гоҳ инсони комил ва фарзанди барӯманди замони хеш шуда наметавонад. Омӯхтани таърих танҳо ба хотири донистани гузашта нест, балки он дурнамоест, ки роҳи ояндаи миллат ва пешомадҳои давлатдориро равшан намуда, барои худогоҳии миллӣ, ваҳдату ягонагӣ ва рушди тафакури таърихии наслҳои оянда хизмат мекунад». Дар ин замина дар рузномаи “Ҷумҳурият” мавод фаровон ба нашр расидааст, ки чандеи онро ба риштаи таҳлил кашиданро назди худ мақсад гузоштем.

Ҳангоми саҳифагардон кардани рузномаи мавриди таҳқиқ рубрикаҳои хосеро ба монанди “Тоҷикистон ба пеш”, “Ватани биҳиштосоям”, “Тоҷикистон-ватани ободи ман”-ро вохурдан мумкин аст, ки саропо баҳри баланд бардоштани ҳисси миллии шаҳрвандон хидмат мекунад.

Дар маводи дигар таҳти унвони “ Ватандустӣ аз хонавода то камоли шахсияти миллӣ” аз санаи 17 январ 2024, муаллиф таъкид мекунад, ки“...ҳар як фарди солимақл муваззаф аст, ки пеш аз ҳама худро бишиносад, яъне хештаншинос бошад, пас метавонад дигаронро бишиносад. Фаразан, агар инсон худро шинохта натавонад, пас аз сирру асрори олами беруна, ҳастии инсону дигар ҳайвоноту наботот бехабар хоҳад монд. Носири Хусрав дар ин маънӣ мегӯяд:

Шиносои вуҷуди хештан шав,

Пас он гаҳ сарфарози анҷуман шав!

Яке аз самараҳои аввалини ба каф овардани хештаншиносӣ ва ифтихори миллӣ баҳравар гардидан аз илму дониш ва бархӯрдорӣ аз таъриху фарҳанги халқи худ мебошад...”. Ҳақ ба ҷониби муаллифи мақола аст. Муаллиф ҳар як андешаи худро бо овардани мисол аз осори классиконамон тасдиқ мекунад, ки касро ба андеша кардан водор мекунад. Ва ё ҷои дигар ин тавр омадааст: “...Зеро дар мавриде ки бани одам аз илму маърифат баҳравар мегардад, ӯ аз мақому манзалат ва арҷмандии хеш огаҳ мегардад ва он гаҳ рӯй ба сӯйи хештаншиносӣ ва ифтихормандӣ меоварад. Носири Хусрав низ ҳамин андешаро талқин менамояд:

Хештанро зи тавоноии худ баҳра бидеҳ,

Гар бидонӣ, ки пазиранда ҳаким асту алим.

Саропо мавод панду андарзи бузургонро дарбар гирифта, ҷавононро дар руҳи масъулият, ватандорӣ, хештаншиносӣ, ифтихор ва эҳтиром ба дастовардҳои инсониву миллӣ тарбия менамояд, то барои халқу Ватан ва миллати хеш хидмати шоиста намоянд.

Маводи дигаре, ки ба таҳлил зарур донистем, “Давлати миллӣ ва фарҳанги худшиносӣ ” унвон дошта, дар қолаби жанри мақола навишта шудааст. Дар мақола чунин омадааст: “... Ин айём, ки муборизаву талошҳо баҳри марзу бум меравад, аз ҳарсола дида бештар моро ба Ватандӯстиву хештаншиносиву ифтихор аз миллати хеш тақозо дорад. Ба ҳарфи шоири ватандӯсти шаҳид Ҳабиб Юсуфӣ “ Ман Ватанро беш аз ҳарвақта дорам дӯсттар”. Ҷавҳари осори шоири миллатро андешаву орои ватандӯстона ва ифтихори миллӣ ташкил медиҳад, ки имкон дорад дар роҳи худшиносии миллати мо, ки ба истиқлол комёб гардидааст, хидмати арзишмандеро ба ҷо биёрад. Ашъори бузургони ба масобаи дастур ва маншурест, ки бо равшаниву нур дарду доғи миллати моро пеши назарамон ба ҷилва меоварад, панду ҳикмату андарзу насиҳат медиҳад, ки аз гузаштаи душвору сангини ин миллату аҷдод ибрат бигиред. Осори онҳо дар замири мо ғуруру ҳамияту худшиносӣ, меҳандӯстӣ ва шинохти гузаштаи худро меофаринад ва бедор мекунад...”. Хоҳ нохоҳ навиштаҳои муаллифи мавод моро ба осори ниёгон дилгарм намуда, водор мекунад, ки боз ҳам бештар хонему аз онҳо баҳра бардорем.

Ҳамчунин силсилаи маводҳои таърихӣ дар саҳифаҳои рузнома ба чашм мерасанд, ки саропо дарси хештаншиносиро ба хонанда талқин менамояд. Аз қабили “Чор даврони эҳёи ориёно: аз растохез то мондагории миллати тоҷик”, “Агар ба таърихи забон назар афканем”, “Эҳтироми парчам эҳтироми баномусист”, “Ҳикмати таърих ва панди рӯзгорон”, “Таърихро бо чашми хирад нигаред” ва ғайраҳо, ки дар баробари ошно намудани хонанда бо таърихи бойи миллат, моро барои эҳтиром гузоштан ба арзишҳо водор мекунад. Дар ҳақиқат Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бамаврид қайд намудаанд, ки: “Бе донистани таърих худшиносии миллӣ вуҷуд надорад, ватандӯстӣ нест, ворисияти наслҳо имкон надорад. Бе гузаштаи таърихӣ ифтихори миллӣ ба худпарастии миллӣ ва ватанпарастии дурӯғин табдил меёбад”.

Дар маводе муаллиф бо такя ба гуфтаҳои шахсиятҳои пурнуфузи ҷомеа Д. А. Кириллов “Ҳифзи таърих низ ба сифати идеяи миллӣ эълон дошта мешавад”, Ж.Э. Ренан “Гузаштаи пурифтихор, одамони бузург — ба ақидаи– сармояи муҳимест, ки дар асоси он идеяи миллӣ ташаккул меёбад”, собиқ Президенти ИМА Барак Обама “..аз ёд набаровардани уқубати миллӣ… ва ояндаи дурахшони Амрико” таъкид медорад, ки “...Азиятҳои дар тӯли таърих дидаи яҳудиён ин миллатро ба ғояи ягона оварда, онро соҳибдавлату неруманд гардонид. Агар азият ва уқубати миллат яке аз асосҳои ғоявии ташкилёбӣ ва пойдории давлати миллӣ намебуд, шояд Қаҳрамони халқи тоҷик Садриддин Айнӣ асарҳои «Ҷаллодони Бухоро», «Одина», «Дохунда», «Ғуломон», «Мактаби кӯҳна», «Ятим» ва «Ёддоштҳо»-ро ҳам наменавишт. Бинобар ин, ғояи миллӣ аз оғози давлатдории халқи тоҷик то даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ҳарчанд баъзе унсур ва арзишҳои худро тағйир дода бошад ҳам, вале ғояи олӣ – мубориза барои ҳастии миллат ва бартарафсозии хавфи азбайнравии давлат ҳамоно боқӣ мондааст. Хусусан, аз лаҳзаи зуҳури худ (авлодони) халқи тоҷикро дар ҳайати давлатҳои шоҳаншоҳии мутлақи динӣ (теократӣ) – бохтариҳо, ҳахоманишҳо, кӯшониҳо, сосониҳо, тоҳириён, саффориён, сомониён, ғазнавиён, ғуриҳо, куртҳои Ҳирот ва сарбадориҳо, ва баъдтар дар ибтидои асри ХХ дар ҳайати Иттифоқи Шуравӣ ҳамчун ҷумҳурии Шуравӣ то Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон низ метавон ҳамчун як навъ давлатдории тоҷикон дар аҳди сулолаҳои гуногун ва давлати иттифоқӣ маҳсуб донист...”. дар ҳақиқат мавод ниҳоят арзишманд буда, дар бедор кардани ҳисси худшиносиву ватандустии хонанда нақши муҳим мебозад.

Як падидаи хуби дигар дар рузномаи мазкур ин дар як кунҷи намоёни саҳифаи аввали ҳар шумора “Сухани руз” ҷой дода шудааст, ки аз шахсиятҳои маъруф оид ба арзишҳои милливу инсонӣ, ватану миллат иқтибосҳо меоранд. Масалан дар якеи он аз Доналд Туск, Раиси Шӯрои Аврупо чунин овардаанд: “Табиати дилфиреби Тоҷикистон маро дар ҳайрат гузошт. Ҳеҷ тасаввур карда наметавонистам, ки Тоҷикистон дорои чунин мавзеҳои зебову дилрабо аст. Дар ҳақиқат Тоҷикистон биҳишти рӯи замин аст. Инро вақте эҳсос мекунӣ, ки аз наздик ин кишвари афсонавиро мебинӣ..” аз забони як нафар шаҳрванди кишвари дигар ва бахусус, сиёсатмадор шунидани чунин суханон дар бораи ватани биҳиштосоямон басо гуворову дилнишин аст. Дар бисёре аз шумораҳо аз гуфтаҳои Пешвои миллат нуктаҳои муҳим оварда шудааст, ки хоҳ нохоҳ касро ба дустдории сарзамини аҷдодӣ талқин менамояд.

Ҳамчунин, дар рузнома рубрика бо номи “Рузгоре барои ибрат” мавҷуд буда, дар он аз ҳаёти шахсиятҳои машҳури ватан, ки дар соҳаҳои мухталифи кишвар фаъолият кардаву хизматҳои шоён намудаанд, нақл мекунад. Агар аз як ҷониб он барои насли наврасу ҷавон ҳамчун намунаи ибрат хизмат намояд, аз ҷониби дигар ин чеҳраҳои намоёнро барои имрузиён муаррифӣ мекунад.

Дар мақолаи дигари рузнома бо номи “Худшиносӣ чист?” чунин менигорад: “Худшиносии миллӣ асоси ҳаёти маънавии афроди миллатро ташкил медиҳад. Худшиносии миллӣ аз худшиносии афроди алоҳида шуруъ гардида, дуввумӣ дар шаклгирии худшиносии миллӣ саҳми азим дорад. Худшиносии афроди алоҳида, ҷавоб ёфтан ба пурсишҳое мебошад, назири: «ман кистам?», «асли ману ҷавҳари ман чист?», «падару модарам кистанд?», «миллатам чист?», «аз куҷо омадаам ва ба куҷо хоҳам рафт?», «роҳи ман кадом аст?», «рисолатам чист?» ва ғайра. Вақте ки инсон ба ин гуна пурсишҳо посухҳои аниқу комил ё наздик ба он дарёфт менамояд, шуруъ ба бунёди зиндагии солиму комил менамояд ва дар истеҳкоми бинои миллати хеш саҳм мегирад ва дар байни худшиносиии хешу миллати худ пуле бунёд месозад. Ва ниҳоятан, худшиносии миллӣ ва худшиносии афроди алоҳида ҳар яке такомулбахшандаи дигаре мегардад. Бояд бигӯем, ки худшиносӣ аслан оғози ҳама гуна шинохтҳо мебошад. Аслшиносӣ, Худошиносӣ, ҷаҳоншиносӣ, худшиносии миллӣ ва даҳҳо шинохти дигар аз худшиносӣ сарчашма гирифтаанд”. Сатрҳои овардаи мо аз мақолаи рузнома ба он далолат мекунад, ки худшиносии миллӣ авҷи баланди худшиносии фардӣ дар шакли густурдаву расмии он мебошад ва фард дар бархӯрд бо худшиносии қавму миллатҳои дигар баҳри ҳимояву нигоҳ доштани ҳуввият ва арзишҳои касбкардаи хеш ҷаҳду талошҳои зиёде ба харҷ диҳад.

Ҳамин тариқа, бо таҳлили чанд маводи рузнома метавон хулоса кард, ки “Ҷумҳурият” натанҳо ҳамчун як рӯзнома, балки ҳамчун мактаби худшиносӣ дар сатҳи касбияти баланд аст. Он ҳамзамон беҳтарин анъанаҳои пешиниёнро бо шинохти масъулияти касбӣ идома дода, бо ташшабусу иқдомияти наҷиб барои ҳамқадами ҳаёт, балки пештар аз он будан баромад мекунад.

Самадова Дилбар – дотсенти кафедраи журналистика ва назарияи тарҷума

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ